Дар як сатр
» » Сайри Хатлони бостон

Сайри Хатлони бостон

10-06-2018, 20:54

Идораи рӯзномаи «Хатлон» рубрикаи нави «Марҳамат ба Хатлон!»-ро бо мақсади  таблиғи имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ, муаррифии мавзеъҳои туристӣ, обҳои шифобахш, ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва ҷалби сайёҳони ватанию хориҷӣ ба ин мулки биҳиштосо пешниҳоди хонандаи гиромии худ мегардонад.

 

БО ҲАМ САЙРИ ХАТЛОН МЕКУНЕМ!

 

Қалъаи Ҳулбук дар масофаи 7 километр дуртар аз самти шимолу ғарбии ноҳияи Восеъ ҷойгир мебошад. Ҳулбук яке аз калонтарин шаҳр ва пойтахти Хатлон дар асрҳои IX – X буд. Дар ин ҷо қалъае вуҷуд дошт, ки дар вақти ҳафриёт аз он бақияи қасри пурзебу зинати Хатлон ёфт шуд. Ин мавзеи нодири таърихӣ ба асрҳои IX ва XI мансуб аст.

Cарчашмаҳои таърихӣ, юнонӣ, чиннӣ ва бозёфтҳои бостоншиносон аз он шаҳодат медиҳанд, ки Хулбук – пойтахти Хуталон, шаҳрест бо таърихи бисёр қадима. Дар ҳама давру замонҳои мавҷудияти хеш шаҳри Ҳулбук ҳамчун маркази маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шоҳигарии Хуталон ба ҳисоб мерафт.

Ковишҳои бостоншиносӣ, ки дар ҳудудҳои қасри шоҳони Хутал ва ҳудудҳои шаҳристон гузаронида шуд, нобиғаҳои меъмории тоҷикӣ, мавқеи интихоби ҷой бо нигоҳдошти манзараҳои табиӣ ва мавқеи стратегӣ-мудофиавиро ошкор намуданд.

Бино ба иттилои таърихдонон, мардумони шаҳри Ҳулбук ба ҳунармандӣ машғул буда, зарфҳои сафолии сирдору бесир, шишагин, булурин, маҳсулоти оҳангарӣ, косибӣ, заргарӣ, сангтарошӣ, устухонтарошӣ, мусаввирӣ ва ғайраро дар  сатҳи касбӣ истеҳсол менамуданд, ба ин васила аҳолии минтақаро бо асбобҳои рӯзгор таъмин мекарданд. Ҳафриёти бостоншиносон нишон дод, ки дар Ҳулбук ҳунари шишасозӣ бо ду тарз ривоҷ дошт, яъне бо қолаб ва дамидан - ҳам шишаи шаффоф ва ҳам ғайришаффоф тайёр мекарданд.

Ёдгории таърихии Ҳулбук яке аз муъҷизаҳои фарҳанги модӣ ва маънавии на танҳо халқи тоҷик, балки ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Маҳз ҳамин сифатҳои волои шаҳри Ҳулбук буд, ки моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Сиан-пойтахти фарҳангии давлати Чин дар қатори 8 ёдгории беназири халқи тоҷик он ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешими Юнеско ворид карда шуд.

Дар назди маҷмааи Ҳулбук осорхонаи таърихи кишваршиносӣ сохта шуда, барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ хизмат мерасонад. Қалъаи Ҳулбук дар наздики шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб ҷойгир буда, асосан, сайёҳоне, ки ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мераванд, аз ин мавзеи таърихӣ дидан мекунанд.

Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба хотири арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойгоҳи шаҳри Ҳулбук мамнӯъгоҳи таърихиву фарҳангии Ҳулбук ва осорхонаи Ҳулбук таъсис дода шудааст.

Масъули гӯша

Ф. БОБОЕВ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бостоншиносони ҷавони 8 кишвар ба Хатлон омаданд

Бостоншиносони ҷавони 8 кишвар ба Хатлон омаданд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Бо ҳам сайри Хатлон мекунем!

Бо ҳам сайри Хатлон мекунем!

Хабарҳо, Туризм, Номаҳои Шумо
«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)

«Корвони наврӯзии рӯзноманигорон» дар Хатлон (акс ва видео)

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Рӯзноманигорон аз қалъаи таърихии «Ҳулбук» дидан карданд

Рӯзноманигорон аз қалъаи таърихии «Ҳулбук» дидан карданд

---
Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР