Дар як сатр
» » Намоишномаи «Рудолфио» баҳои баланд гирифт

Намоишномаи «Рудолфио» баҳои баланд гирифт

10-06-2018, 20:47

Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар нахустнамоиши асари саҳнавии «Рудолфио» аз рӯйи асари Валентин Распутин дар тарҷумаи Назокат Раҷабова баргузор гардид.

Намоишномаи мазкур доир ба тазодҳо дар зиндагии ҷавонон қисса карда, ба қавли тамошочиён, диққатҷалбкунанда ва пандомез мебошад.

Аловуддин Абдуллоев, роҳбари театр, гуфт, ки намоишномаи «Рудолфио»-и В. Распутин чун кори дипломии Отахон Саидов, хатмкунандаи шуъбаи магистри бахши режиссурии драмаи Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, ба саҳна гузошта шуд. Коргардони намоишнома Отахон Саидзода, зери роҳбарии бадеии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев, мушовири коргардон Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев, рассом Далер Меҳтоҷев, мусиқиоро Азиз Сайфуллоев, ёвари коргардон Бахтиёр Абдуллоев мебошанд.

Аз шаҳри Душанбе барои тамошои намоишнома Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Убайдулло Давлатов, Раҷабгул Қосимова, Тағаймурод Розиқов, Савриннисо Сабзалиева, Шералӣ Абдулқайсов ба шаҳри Бохтар омада буданд.

- Ман, пеш аз ҳама, дар саҳна фикррониҳоро дидам, - андешаашро мегӯяд Раҷабгул Қосимова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. - Умуман, пӯшида нест, ки актёрро дар саҳна режиссёр мекушояд. Дилафрӯз як бозёфти театр мебошад.

Тағаймурод Розиқов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, пас аз тамошои намоишнома гуфт, ки «Рудолфио» намоишномаи бисёр нозук аст, ки бо рӯҳу психикаи инсон даст мезанад, даъвои шахсияти пок, зиёӣ буданро, зиёии ҳақиқӣ будани инсонро нишон медиҳад. «Ин хел намоишномаҳо бояд дар репертуари театрҳо ҷой дошта бошанд. Дилафрӯз ҷаззоб, одӣ, табиӣ, хеле боистеъдод аст. Ӯро тарбия намудан, ба воя расондан лозим аст», - афзуд Т. Розиқов.

- Пеш аз ҳама, ман дар саҳна маданияти баланди муколамаро дидам, - хулоса мекунад фик-рашро Савриннисо Сабзалиева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. - Фарҳанги ҳунармандони асилро дидам. Намоишнома бисёр хуб. Отахонро бояд дастгирӣ намуд, то як ҳунарманди хубу режиссёри номдори дигаре ба майдони ҳунар ворид шавад.

Ҳунарпешаи маъруф Шералӣ Абдулқайсов намоишномаи «Рудолфио»-ро басо таъсирбахш ва хотирмон арзёбӣ намуд. «Омезгории таъбиру тафсири коргардон бо зебу зинати таҷассумгарии аҳли ҳунар мавзунияти андешаи солорро ба бор оварда, ба гӯшу чашми аҳли толор симфонияи зиёии муосирро танинандоз гардонид», - идома дод ӯ.

Отахон Саидзода, муовини сарвари Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ва ҳамзамон коргардони намоишномаи «Рудолфио», дар суҳбат бо рӯзномаи «Хатлон» гуфт, ки рӯзҳои наздик намоишномаи мазкур барои ҳаводорони театр такроран ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Нигоҳе ба таърихи ташаккули театри Қўрғонтеппа

Нигоҳе ба таърихи ташаккули театри Қўрғонтеппа

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Театр. «Духтари бебисот» пешниҳоди кормандони милитсия шуд

Театр. «Духтари бебисот» пешниҳоди кормандони милитсия шуд

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Даромади театр – 81500 сомонӣ

Даромади театр – 81500 сомонӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Ҳунармандон ҳамнафаси мардуми офатзадаанд

Ҳунармандон ҳамнафаси мардуми офатзадаанд

Фарҳанг ва адабиёт, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо