Дар як сатр
» » Парвариши дарахтони мевадиҳандаи калифорнӣ дар Ёвон

Парвариши дарахтони мевадиҳандаи калифорнӣ дар Ёвон

29-05-2018, 12:41

Ҳар як заминдор имкон дорад даромади молии худро боло бардошта, қудрати харидорӣ ва ё истеҳсоли озуқавории серғизоро пайдо кунад. Ин масъала ахиран зимни баргузории семинар-машварати кишоварзӣ оид ба «Рушди боғдорӣ» дар ноҳияи Ёвон садо дод.

Ба иддаои Садриддин Ҷӯраев, роҳбари боғу токпарварии Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ, аксари шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аграрӣ буда, аҳолӣ аз ҳисоби замин худ ва бозори кишварро бо маҳсулоти кишоварзӣ ё ғизоӣ таъмин мекунад.   Семинар барои онҳо имкон медиҳад, то ба тарзи дурусти пайвандкунӣ, ҷамъоварии ҳосил,  нигоҳубини боғу танзими обёрӣ ошно шуда, аз меваҳои зардолу, олу, шафтолу, себу чормағзи калифорнӣ, ки имрӯз  дар хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон  дар ноҳияи Ёвон парвариш меёбанд, дидан кунанд.

Бояд гуфт, ки семинари мазкур бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кишоварзону боғпарварон ва нигоҳубини дурусти боғу токзорҳо, ҳамчунин хушсифат нигоҳ доштани маҳсулоти истеҳсолкардаи деҳқонон бо иштироки олимони Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ва мутахассисони 12 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар семинар перомуни риояи талаботи экологӣ дар соҳаи боғдорӣ, ҷамъоварии мева ва коркарди он,  истифодаи самараноки байни қатори дарахтон, тарзи буридани шохаи сабз ва аҳамияти он  ба ин монанд маърӯзаҳо пешниҳод шуд. Дар охир мубодилаи афкор байни деҳқонон ва мутахассисону олимони соҳа барпо шуд.

Низомиддин ИСОЕВ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Хатлон хушкмеваи худро ба хориҷ содир мекунад

Хатлон хушкмеваи худро ба хориҷ содир мекунад

Иқтисоду тиҷорат, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ

Семинар: «дастрасӣ ба иттилооти судӣ»

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ амалӣ мегардад

Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ амалӣ мегардад

Иқтисоду тиҷорат
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ