Дар як сатр
» » Танзим баракати зиндагист

Танзим баракати зиндагист

10-06-2018, 20:28

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  қабул шудани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз қадамҳои устувор дар рушди соҳаҳои  иҷтимоиву  иқтисодии кишвар, аз ҷумла дар беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолии кишвари азизамон - Тоҷикистон аст.

Дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз лиҳози равонӣ кори осон набуд. Чунки иддае аз шаҳрвандон, яъне баъзе аз намояндагони аҳли дин побанди хурофотпарастӣ шуда, барои  амалишавии қонуни мазкур омода набуданд.

Хушбахтона, тавассути дуруст ба роҳ мондани корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ сокинони кишвар ба сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои муаззами миллат тӯли ин солҳо қонун амалӣ шуда, барои болоравии сатҳи зиндагии мардуми кишварамон саҳми босазои худро гузошт.

Дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб  ҷиҳати назорат ва амалишавии қонуни мазкур 77 комиссияи доимӣ ва 1104 комиссияи ҷамъиятӣ дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон, таъсис дода шудааст.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар таҷлили ҷашну маросимҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. То қабул гардидани қонуни мазкур мардуми  ноҳияҳои кӯҳистон дар маросими дафн ва азодорӣ одатҳои хурофотии саритахтагӣ, тақсимоти пулу коло, маросимҳои серӯзагӣ, ҳафт, чил ва сари сол бо хароҷоти  зиёд доир мегардонд, ки ба сатҳи зиндагии мардум таъсири  манфӣ дошт.  Мардуми камбизоате, ки пули кофӣ барои пешбурди зиндагии хеш надошт, бо қарзи зиёд маъракаҳои бошукӯҳ мегузарониданд, то назди дигарон сархаму таънашунав нашаванд.

Ба мо муяссар гардид, ки то андозае нафақат чунин амалҳои хурофотию  ғайриисломиро бартараф намоем, балки муҳимтар аз ҳама маърифати динию мазҳабии аҳолиро боло бардошта, онҳоро баҳри созандагию бунёдкорӣ ва ояндабинии дурахшони диёру меҳани азизамон ҳидоят созем. Сарфи назар аз дастовард дар амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳанӯз камбудиву мушкилот ҷой дорад. Бояд иқрор шуд, ки пайваста Пешвои муаззами миллат дар ҳар як вохӯрию суҳбатҳояш бо аҳли ҷамоатчигии кишвар ҷиҳати сарфаю сариштакорӣ  таъкид намояд ҳам, бархе аз сокинон  то ба имрӯз ба исрофкорию худнамоӣ роҳ медиҳанд. Аз ин лиҳоз,  масъулини соҳа, аҳли ҷамоатчигӣ, шахсони соҳибэҳтиром, аҳли уламоро мебояд, ки дар ҳар як вохӯрию суҳбатҳо бо аҳолӣ мазмуну моҳияти қонунро шарҳ диҳанд, то мардум ба исрофкорию зиёдаравӣ роҳ надиҳанд. Зеро надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

Ҷамолиддин Файзалӣ, 



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Об - сарчашмаи ҳаёт

Об - сарчашмаи ҳаёт

Номаҳои Шумо

Семинар: «дастрасӣ ба иттилооти судӣ»

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ