Дар як сатр
» » Нақши Пешвои миллат дар устувории ваҳдату ягонагӣ

Нақши Пешвои миллат дар устувории ваҳдату ягонагӣ

10-06-2018, 20:19

Сиёсати имрӯзаи мо, ки дар он тамоюли миллатдӯстӣ эҳсос мешавад, ягон афродро мавриди таҳқиру  таъна қарор намедиҳад, балки тамоми миллатҳои дигарро ба дӯстиву рафоқат, ба сулҳу ваҳдат  даъват мекунад.

Ваҳдати миллии Тоҷикистон нахуст дар хомӯш кардани оташу даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ нақши босазое гузошт. Сарчашмаи ба ваҳдат ноил гардидани мардуми тоҷик, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ  муроҷиати Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шаҳри Хуҷанд мебошад, ки ӯ аз ҷумла гуфта буд: «То он даме ки як тан аз ҳамватанони мо дар марзҳои бегона гуреза шудаву заҳри ғарибӣ  мечашанд, ман худро осуда эҳсос нахоҳам кард». Ин суханон ва кӯшиши ба ватан овардани гурезаҳо хишти нахустини бинои  ваҳдати навини моро ташкил дод.

Дар давраи басо хатарнок ба кишвари ҷангзадаи Афғонистон сафар кардани Сарвари давлат ва аз ҷониби  ӯ ба сулҳу оштӣ ва ваҳдат даъват кардани мардуми тоҷику тоҷикистониён, бахусус бародарони фирорӣ, умеду боварии онҳоро ба ваҳдату дӯстӣ ва ояндаи дурахшони ватани маҳбубамон таҳким бахшид.

Ибораи «ваҳдати миллӣ» чун аз забони Сарвари давлат шунида шуд, намояндагони  мардум ва тамоми халқи Тоҷикистон ин мафҳумро ба дилу дида ва мағзу устухони худ ҷой доданд. Бешубҳа, ин суханони муқаддас ва ҷаҳду талошҳои Сарвари давлат тамоми хурду бузурги кишварро ба далериву шуҷоат, мардонагӣ, эҳсоси баланди ватану ватандорӣ ҳидоят карда, дарку тафаккури миллии онҳоро ба мафҳуми ватанпарастӣ  ва ваҳдати миллӣ пайванд кард.

Имрӯз ҷомеа, бахусус  сиёсатшиносони ҷаҳон, барои татбиқи таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон дар кишварҳои ҷангзада паҳлуҳои гуногуни оноро меомӯзанд ва барои амалӣ намудани сулҳу ризоияти миллӣ ҷаҳду талош меварзанд.

Мардум иқдомҳои Президент ва Ҳукуматро чун ормонҳои худ баҳри расидан ба ваҳдати комил, зиндагии осуда ва ҳаёти осоишта пазируфтанд.

Мо, ки аслан миллати ба зоти худ ягонаву нодирем, бе ҳам зис-та наметавонем, барои ҳамин ҳам ҳамеша бояд кӯшиш кунем, ки якдигарро эҳтиром ва дӯст дорем. Муҳимтарин вазифаи мо иборат аз он аст, ки тамоми маҳорату малака, дониш, қобилияту фаъ-олияти хешро баҳри пойдории сулҳу амонӣ, таъмини бехатарӣ,   тақвияти ваҳдату ягонагии миллии мардуми тоҷик ва сокинони кишвари маҳбубамон сафарбар намоем. Зеро истиқлолият, ваҳдат, ягонагии миллӣ худ аз худ таъмин нагашта, балки устувориву пойдории  давлати миллӣ, истиқлолияти он, ваҳдату ягонагии миллӣ ба ҳифзу ҳимояи ҳамагон ниёзманд аст.

Ҳамчунин сабақ, дониш, дастовард ва ҳунареро, ки мо аз тамаддуни ҷаҳонӣ  мегирем, нахуст онҳоро ба андешаи миллии имрӯзамон мувофиқу мутобиқ гардонида, ба ҷавонон меомӯзонем.

 

Т. Бойзода,

муовини аввали раиси Суди вилояти Хатлон  



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Семинар: «дастрасӣ ба иттилооти судӣ»

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Фарзанди фарзонаи миллат

Фарзанди фарзонаи миллат

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо