Дар як сатр
» » Нигоҳи нек ба фардои ватан

Нигоҳи нек ба фардои ватан

10-06-2018, 20:17

Ҳар як фарди бонангу номуси диёр ба фардои ватандорӣ набояд мавқеи бетарафиро ишғол намояд. Зеро худро дар назди наслҳои имрӯзу фардо масъул донистан қарзи имондорию ватандории мост.

Дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар арафаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба вуқӯъ пайваст, таъкид дошт: «Барои мусулмонони ватани мо, ки пайравони мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошанд, ислом нишонаи имондорӣ, таҳким бахшидани ҷаҳони маънавӣ ва такмили одобу ахлоқ ба ҳисоб меравад».

Аз нигоҳи Пешвои муаззами миллат ҳар як фарди мусулмон ин маъниро бояд дарк намояд, зеро исломи асил ҳамагуна ҷангу хунрезиҳоро сахт маҳкум менамояд, инсонро ба адлу инсоф, некию накӯкорӣ, эҳтироми падару модар, устод, дастгирии ятимону маъюбон, шахсони ниёзманди ҷомеа, покию ростӣ, парҳезкорӣ аз амалҳои зишт даъват менамояд. Пас ҷаҳони исломро аз номи дини мубини ислом ноором кардан, ба ҷангу хунрезӣ кашидан, шаҳрҳои ободро ба вайрона табдил додан, хуни ноҳақ рехтани ҷоҳталабони равияҳои иртиҷоӣ, террористону экстремистон чӣ маънӣ дорад? Роҳбари давлат дар ин мулоқот бори дигар ҳушдор дод: «Ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ тағйирёбанда ва муборизаи абарқудратҳо барои тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ дар баробари дастовардҳои бесобиқа бисёр осебпазир гардида, зарари он ба ташаккули дунёи маънавии инсон рӯ ба афзоиш мебошад».

Пешвои маҳбуби мо вобаста ба фавти кӯдакон аз бемориҳои сироятӣ, танқисии об, норасоии ғизо, талафот дар ҷангҳои хунин, идомаи муноқишаҳои мусаллаҳона, анҷоми амалҳои террористӣ, тарки манзилҳои зист далелҳои зиёдеро ба иштирокчиёни мулоқот ва мардуми Тоҷикистон ёдрас намуд, онҳо дилу вуҷуди ҳар як инсони комилро ба дард меорад. Ҳазорҳо лаънату нафрин ба ҷангҷӯёну ҷоҳталабон мехонӣ. Ба гирдоби нафсу манфиатҷӯйӣ мубтало шудан, муносибатҳои беақлона ба сарватҳои табиӣ, ба замин, зарари офатҳои табиӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва маводи мухаддир ба ояндаи инсоният фалокатбор буда, ҳушдорест, ки аҳли башар, созмонҳои бонуфузи дунё, давлатҳои сулҳпарвару ҷомеаи солимфикр сари ин масъалаҳо на танҳо андешаи ҷиддӣ кунанд, балки дар дастаҷамъӣ ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон баранд, ҷомеаи ҷаҳониро аз ин вабои аср раҳо бахшанд.

Ба хотири ояндаи неку оромии ҷомеаи башарӣ Пешвои миллат ҳушдор медиҳад: «Имрӯзҳо кишварҳои бузурги олам дар ҳолати вазнинтарини ҷанги сард қарор гирифта, илм, иттилоот, иқтисодиёт, техникаву технология ва ҳатто динро ба василаи тарғибу ташвиқи манфиатҳои сиёсӣ ва гурӯҳиву минтақавӣ табдил додаанд». Аз нигоҳи дигар, вобаста ба ин ҳолат, вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон мураккаб гардида, қурбони ин муноқишаҳо аксаран мусулмонанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаҳони пурмоҷаро ва ҳассос ҳамдаму ҳамнафаси мост. Дар суханрониҳои хеш пайваста таъкид мекунад, ки зираку ҳушёр бошем, ба қадри соҳибватанӣ, истиқлолияту озодӣ бирас-ем. Сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро то ҷовидон нигоҳ дорем, зери парчами нангу номуси ватандорӣ зичтар муттаҳид бошем. Чуноне ки Сарвари давлат таъкид намудааст: «Танҳо иттиҳоду сарҷамъии халқи Тоҷикистон ва наслҳои имрӯзу ояндаи он дар атрофи арзишҳои бунёдии давлатдории миллӣ ва ғояҳои созандаи давлат на танҳо халқи моро аз таъсири манфии офату иллатҳои маънавию сиёсии замона барои садсолаҳо ҳифз менамояд, балки тоҷиконро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати воқеан бостонӣ ва соҳибмаърифату тамаддунсоз муаррифӣ мекунад».

Воқеан, мо бояд аз таърихи пурғановати миллати худ огоҳии комил дошта бошем. Рӯ ҷониби осори бегазанд ва оламшумули бузургони миллат биорем, насли ояндасози миллат, насли арзандаю худогоҳу хештаншиносро ба камол расонем, забони модариамонро поку беолоиш нигоҳ дорем. Аз рӯи таълимоти Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафия, «сафои қалб ва одоби неку ҳамидаро ҳусни ботин ва зинати зоҳири мусулмонон» донем. Созандагию бунёдкориро марому мақсади худ қарор диҳем. Аз замини файзбахши диёр самаранок истифода бурда, бо истеҳсоли молу маҳсулоти ватании рақобатпазир ва бозгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир ва Созмони умумиҷаҳонии савдо муаррифгари Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ гардем. Ҷашнҳои ифтихории миллиро дар сатҳи баланди ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш истиқбол гирем. Ин аст нигоҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фардои дурахшони ватандорӣ.

Ҷӯрахон Сайдализода,

директори Маркази стандартизатсия,

сертификатсия ва нозироти савдои вилоят, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар ҳифзи манфиатҳои давлат тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд фаъол бошад

Дар ҳифзи манфиатҳои давлат тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд фаъол бошад

Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «ИСЛОМ БОЯД БАРОИ ТАШАККУЛИ РӮҲИ ИНСОН ВА ПОКИЗАГИИ РӮЗГОРИ  ...

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «ИСЛОМ БОЯД БАРОИ ТАШАККУЛИ РӮҲИ ИНСОН ВА ПОКИЗАГИИ РӮЗГОРИ ...

Сиёсат
«Парчами давлатӣ нишонаи ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол ас ...

«Парчами давлатӣ нишонаи ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол ас ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Фарзанди фарзонаи миллат

Фарзанди фарзонаи миллат

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо