Дар як сатр
» » Кӯдакон сарвати бебаҳои оила, ҷомеа ва давлатанд

Кӯдакон сарвати бебаҳои оила, ҷомеа ва давлатанд

10-06-2018, 20:12

1 июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мешавад, ки он моҳи ноябри соли 1949 дар шаҳри Париж бо қарори конгресси Федератсияи байналмилалии демократии занон тасдиқ гардида буд.

Тоҷикистон аз ибтидои давраи истиқлолияти давлатӣ Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии кишварамон бо муқаррароти онҳо мутобиқ сохта шуданд.

Бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Ҳукумати кишвар комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис ёфта, амал карда истодааст. Санадҳои бисёри меъёрии ҳуқуқӣ ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакро дар кишвари мо ҳимоя мекунанд, ки нақшаи миллии амалиёт оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак, стратегияи миллӣ оид ба саломатии кӯдакон ва наврасон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз қабили онҳоянд.

Вобаста ба вазъи ҳуқуқи кӯдак дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон мусоҳибае доштем бо Хатича БЕГОВА, мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ки фишурдаи он манзуратон мегардад.

- Хатича Ниёзбековна, Шумо масъулияти роҳбарии бахши ҳуқуқи кӯдакро дар сатҳи вилоят ба дӯш доред. Бигӯед, ки асоси фаъолияти комиссияҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар шаҳру ноҳияҳо аз чӣ иборат аст ва то куҷо ин комиссияҳо фаъолияти қаноатбахш доранд?

- Дар мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мо якнафарӣ корманд дорем. Вазифаи онҳо сармутахассис-котиби комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки ноҳия ё шаҳр мебошад. Раиси комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки шаҳру ноҳияҳо муовинони раиси шаҳру ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Роҳбарии комиссияи вилоятӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар ва масъулияти котиби комиссияи мазкурро банда ба уҳда дорем. Бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бештар функсияи ҳамоҳангсозии фаъолияти бахшҳо дар шаҳру навоҳиро иҷро мекунад. Аммо дар сатҳи маҳал кор бо тарзи дигартар ба роҳ монда шудааст. Вақте шахс ба проблема дучор мешавад, ба мақомоти дахлдори маҳалли зисташ муроҷиат мекунад. Дар сатҳи маҳал вақте аризаҳо вобаста ба фарзандхонӣ, оид ба фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбия дар мактаб-интернат, барои ивази ному насаб ба унвонии комиссияи ҳуқуқи кӯдаки шаҳру ноҳияҳо ворид мешаванд, масъулони комиссияҳо маслиҳати хешро ба шаҳрванд медиҳанд ва вобаста ба мушкилот онҳоро барои ба куҷо муроҷиат кардан равона месозанд. Аксар вақт мардум аз нодонӣ фикр мекунанд, ки проблемаи онҳо дар маҳал ҳал намешавад ва якбора ба мо муроҷиат мекунанд. Мо то ҳадди имкон кӯшиш мекунем, ки волидайнро фаҳмонем, дар ҳалли масъалаашон мусоидат намоем, кумаки равонӣ расонем. Масалан, баъзе модарони танҳо фикр мекунанд, ки тарбия дар интернатҳо беҳтар аст. Бояд гуфт, ки гарчанде имрӯз бо дастгирии Пешвои миллат шароити мактаб-интернатҳо бисёр хуб шуда бошад ҳам, муҳити гарми оиларо, муҳаббати наздикону пайвандонро касе дода ва ҷое дигар гирифта наметавонад. Ҳамин тавр, як ҷузъи фаъолияти бахши мазкур огоҳ кардану фаҳмонидан аст.

 

- Таълиму тарбияи  кӯдакону  наврасон яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Тавре ки мегӯянд, «ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз  аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд». Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо - калонсолон вобаста мебошад. Аз нигоҳи Шумо, бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» то куҷо масъулиятшиносии волидон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт беҳтар шуд?

- Ин қонуни миллӣ 2 - юми августи соли 2011, таҳти №762, қабул гардид ва мақсад аз тасвиби он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани фарзандон мебошад. Фармони №835-и Президенти кишвар, ки 8-уми феврали соли 2017 ба тасвиб расид, маҳз ба андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати татбиқи Қонуни масъулияти падару модар дар амал нигаронида шудааст. Дар асоси ҳамин фармон қарори дахлдори раиси вилояти Хатлон аз 28-уми феврали соли 2017, таҳти №54, ба тасвиб расид. Дар асоси ҳамин қарор дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таъсис дода шуд ва комиссияҳо дар навбати худ низомнома, ҳайати комиссияи ҷамъиятӣ ва нақша-чорабиниҳои худро таҳия намуда, дар асоси он кору фаъолият мекунанд. Мақсад аз таъсиси комиссияҳои ҷамъиятӣ он аст, ки боз ҳам фаъолияти комиссияҳо аз сатҳи маҳалҳо сар карда беҳтару хубтар шавад. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимие, ки дар вилоят фаъолият мекунанд, новобаста аз он, ки давлатӣ аст, ё хусусӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ фаъолият доранд. Бояд гуфт, ки вазифаи комиссияҳои ҷамъиятӣ аз он иборат аст, ки ҳамаи он проблемаҳое, ки дар муассисаи фаъолиятдоштааш ба миён меояд, ҳаллу фасл намояд. Мисол, мо медонем, ки дар муассисаҳо кӯдакони душвортарбияи дохилӣ ҳастанд, ба монанди кӯдаконе, ки дар рафти дарс ба омӯзгор халал мерасонанд, ё мунтазам дер меоянд ва муаллим якчанд маротиба огоҳӣ медиҳад. Вазифаи комиссияҳо аз он иборат аст, ки аъзояшро ҷамъ карда, бо иштироки роҳбари синф ва волидайни кӯдак рафтори он хонандаро муҳокима намоянд. Ин муҳокима дар зинаҳои поёнӣ ба хотири он аст, ки тариқи фаҳмондадиҳӣ ӯро ислоҳ намоем. Агар мо яку якбора кӯдакро дар қайди шуъбаҳои ВКД монем, ин ба кӯдак метавонад таъсири манфӣ расонад.

 

- Роҳбари давлат таъкид дош-таанд, ки воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Вале дар ин миён, мутаассифона, ҳастанд ҳолатҳое, ки кӯдакон бо қонун мухолифат доранд, даст ба ҷиноят мезананд. Аз нигоҳи Шумо, бо чӣ роҳ мешавад ин ҳолро пешгирӣ кард ва кӯдаконро дар рӯҳияи эҳтироми қонуну қонунсолорӣ тарбият кард?

- Аз таҳлилҳои ҳамарӯзаи мо, ки тибқи нақшаи корӣ мунтазам оид ба масъалаҳои гуногун дар шаҳру ноҳияҳо анҷом медиҳем ва аз рӯйи мониторинги гузаронидаамон бармеояд, бештари кӯдаконе, ки даст ба ҷиноят мезананд, аз оилаҳои носолим ё нопурраанд. Ба фарзи мисол, фарзандоне, ки дар асл падар доранд, аммо тӯли зиёда аз 8-10 сол аст, дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, амалан дар тарбияи фарзанд иштирок намекунад ва аз аҳволи оилаи хеш хабар намегирад, чӣ рӯҳия доранд? Ё кӯдакони оилаҳои пошхӯрда ва ғайра. Назорати чунин кӯдакон дар аксар ҳолат суст аст. Кӯдак танҳо дар тарбияи модар ё дигар ақрабо асту халос. Ҳузури волидайн дар тарбияи фарзанд, ғамхорӣ зоҳир намудан, аз рӯҳия, ҷаҳони ботинӣ, олами андешаҳои фарзанд огоҳ будан бисёр муҳим аст. Гоҳе аз беназоратӣ, гоҳе аз набудани шароити зиндагӣ, кӯдакон даст ба корҳои ношоям мезананд. Ин проблемаи ҷиддист. Аммо мо гуфта наметавонем, ки шумораи чунин оилаҳо хеле зиёд аст.

Дар маҷмӯъ, қабули ин қонун хеле бамаврид буд. Зеро бори дигар ҳам волидайн ва ҳам шахсонеро, ки онҳоро иваз мекунанд, ин қонун ҳушдор медиҳад, то масъулияти хешро бештар эҳсос кунанд. Аз таҳлилҳои чормоҳае (январ-апрели соли 2018), ки дар даст дорем, мутобиқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 2786 нафар волидайн барои бемасъулиятӣ зоҳир кардан дар таълиму тарбияи фарзанд парвандаҳои маъмурӣ оғоз гардидааст. Аз ҳамин шумора, 1575 нафарашон ба маблағи  199 ҳазору 900 сомонӣ ҷарима карда шудаанд. Волидайн асосан барои оворагардии фарзанд, дар вақту соати дарсӣ дар марказҳои дилхушию бозиҳои компютерӣ будан, монеъ шудан ба таҳсил ва монанди ин ҷарима шудаанд.

 

- Дуруст. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд, аз ҷинояту бадрафторӣ парҳез кунанд, таваҷҷуҳашонро ба таҳсили босифат равона намоянд.

Хатича Ниёзбековна, яке аз масъалаҳои мубрами дигаре, ки имрӯз бархе аз волидонро нигарон кардааст, дар муассисаҳои таълимӣ набудани равоншиносони касбӣ мебошад. Зеро дар ин ҷаҳони пуртазод, зоҳиран, ниёз ба кумаку машварати равоншиносон рӯзафзун аст, бахусус барои кӯдакону наврасон…

- Мувофиқам. Агар мо мехоҳем кӯдакро барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода кунем, ҳузури психологҳои касбӣ муҳим аст. Дар ҳар як семинару машваратҳое, ки банда иштирок мекунам, аз набудани равоншиносҳои касбӣ баҳс ба миён меояд. Вақте воқеае ба вуқӯъ мепайвандад, баъд мо аз пайи ҷустуҷӯи равоншинос мешавем. Ҳол он, ки мо бояд хеле барвақт ин корро анҷом медодем. Дар асл, то ҷое медонам, дар муассисаҳои таълимӣ воҳиди махсуси корӣ барои равоншинос ҳаст, аммо он ба дӯши шояд ягон омӯзгор аст. Равоншиноси касбӣ дар муассисаҳои таълимӣ бисёр кам аст. Мо на фақат дар муассисаҳои таълимӣ, балки дар дилхоҳ ташкилоту идораҳо бояд равоншинос дошта бошем, зеро инсон дар ҳама ҳолат ба равоншинос ниёз дорад. Машварати равоншинос метавонад одамро аз ҳолати стресс барорад, дар тасмими дуруст гирифтан мусоидат кунад. Чунин машварат ҳатто сифати корро низ беҳтар мекунад. Машварати равоншинос барои кӯдакон дар интихоби роҳи дуруст, муносибат сохтан, рафторро ислоҳ намудан, худбаҳодиҳиашро баланд бардоштан мусоидат мекунад.

 

- Дар ҷомеаи зоҳиран мардсолори мо гоҳе чунин суҳбатҳо ҳам шунида мешаванд, ки «духтара чию хонданаш чӣ». Яъне аз ҷониби афроди ноогоҳ ҳаққи духтар аз писар камтар дода мешавад. Ҳарчанд чунин муносибатро на қонунгузории кишвар, на дини мубини ислом қабул надоранд…

- Дуруст, дар таҷрибаи кори худ ин гуна мисолҳоро хеле зиёд мушоҳида кардаам. Бояд гуфт, ки сарчашмаи ҳамаи ин мушкилот, яъне зӯроварӣ ба кӯдакон аз бетарафию беаҳамиятии мо – аҳли ҷомеа мебошад. Як зани ҷавоне бо ду духтари ноболиғи хеш ба шавҳар мебарояду духтарон аз ҷониби падарандар шиканҷа мешаванд. Чунин муносибат то ба худкушии яке аз он духтарчаҳо, ки 12-сола буд, оварда расонид. Мо – ҷомеаи шаҳрвандӣ хомӯш менишинем. Албатта, гоҳе зӯроварӣ нисбати кӯдаки мо, хешу ақрабои мо донишомӯзи мо, ё ин ки ҳамсояи мо дида мешавад. Барои пешгирии чунин ҳолат бояд ҷомеа низ саҳм бигирад, дар ислоҳи рафтори чунин волидайн мусоидат кунад. Дар масъалаи ҷинсият бошад, мо дар ҳар суҳбату вохӯриҳое, ки дар муассисаҳои таълимӣ дорем, дар навбати аввал оид ба донишомӯзии духтарон суол мекунем. Бояд, гуфт, ки имрӯз, хушбахтона, мақоли «духтара чию хонданаш чӣ» оҳиста-оҳиста аз байн рафта истодааст. Мардум имрӯз вақте ба оилаҳои сарсону бемаълумот менигаранд, пай мебаранд, ки таҳсили духтарон барои ояндаи онҳо хуб аст. Шумораи духтароне, ки дар синфҳои 10-11 ё дар донишгоҳу коллеҷҳо таҳсил мекунанд, назар ба солҳои пешин хеле беҳтар мебошад, ки фараҳафзост.

Мутмаин ҳастам, ки кӯдакони имрӯза фардо чун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд.

Суҳбатнигор

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

1 июн - Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон

1 июн - Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон

Хабарҳо
Баррасии масъалаҳои муҳимми марбут ба ҳуқуқи кӯдак

Баррасии масъалаҳои муҳимми марбут ба ҳуқуқи кӯдак

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Мақсад - хизматрасонии босифати тиббӣ ба модару кӯдак

Мақсад - хизматрасонии босифати тиббӣ ба модару кӯдак

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Тандурустӣ ва экология
Ба иҷро даромадани «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон»

Ба иҷро даромадани «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Чаро омӯзгор бо либоси хоси наварӯсон ба мактаб меояд?

Чаро омӯзгор бо либоси хоси наварӯсон ба мактаб меояд?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА