Дар як сатр
» » Дар ҳифзи манфиатҳои давлат тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд фаъол бошад

Дар ҳифзи манфиатҳои давлат тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд фаъол бошад

10-06-2018, 20:07

Баррасии муҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар дар арафаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон ва тасдиқи лоиҳаи Низомномаи нави Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон аз масъалаҳои асосии ҷаласаи навбатии Шӯрои мазкур буд, ки 26 май дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир гардид.

Дар кори Шӯрои ҷамъиятӣ муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, аъзои Шӯро-роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии дар вилоят фаъолияткунанда ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Муовини раиси вилояти Хатлон М. Хидирзода таъкид намуд, ки суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, 12 майи соли ҷорӣ, дастури кори на танҳо мақомоти давлатӣ, балки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли зиёву рӯҳониён низ мебошад. Дар робита ба омӯзиш ва шарҳу тафсири ин суханронӣ имрӯзҳо гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳру навоҳӣ бо аҳли ҷомеа мулоқоту дидорҳо анҷом медиҳанд.

Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласаи Шӯро Неъматулло Иброҳимзода, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, баромад карда, таъкид дошт, ки суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар сатҳи огоҳии мардумро бештар баланд бардошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он мулоқот авзои ҷомеаро таҳлилу баррасӣ намуда, бо изҳори нигаронӣ аз вазъи печидаи ҷаҳони имрӯз, бори дигар таъкид карданд, ки дар шароити густариши таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳифз ва тарғиб намудани арзишҳои меҳварие, ки тафаккур ва амали насли имрӯзу фардои миллатро ташаккул ва рушд медиҳанд, тавассути корҳои тарбиявию маърифатӣ ногузир ва ҳатмӣ мебошад.

- Дар ҳақиқат, тавре шоҳид ҳастем, давлатҳои абарқудрат ба хотири қонеъ кардани ниёзҳои нафсонии худ сайёраро ба буҳрони шадиди сиёсиву экологӣ мувоҷеҳ сохта, ба ин роҳ теша бар решаи насли миллатҳо мезананд, - зикр кард Н. Иброҳимзода. - Яке аз хатарҳои хеле ҷиддӣ истифодаи нодурусти технологияҳои муосири иттилоотӣ яке аз манбаҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷудоихоҳ ва ифротӣ гардида, ҳар яки моро водор месозад, то дар тарбияи насли ҷавон, дар тинати онҳо бедор кардани худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, созандагиву бунёдкорӣ бештар талош намоем. Моҳияту манбаъҳои ҳодисаҳои мудҳиши солҳои ҷанги шаҳрвандии дар кишвар бавуқӯъомадаро ба онҳо фаҳмонем ва оғози онҳоро ба амалҳои муқаддамотии гурӯҳҳои экстремистии имрӯза муқоиса карда, огоҳ созем, то хубу бад, дӯсту душманро шиносанд. Эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дошта бошанд, дар ҳама ҳолат барои ҳифзи ватану сарҳад ва сарзамини хеш омада бошанд.

Қобили зикр аст, ки Сарвари давлат дар суҳбату мулоқотҳояшон бо мардуми кишвар пайваста ёдовар мешаванд, ки мо набояд ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва ҳувияти миллиро аз даст диҳем. Имрӯз аз ҳарвақта бештар зарур аст, ки бо насли ҷавон кор кунем, шурӯъ аз оила, боғча, мактаб, донишкадаву донишгоҳҳо дар ин роҳ муваззаф ҳастем.

Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ҳамзамон раиси маркази фарҳангии ӯзбекзабонони вилояти Хатлон Тошмат Темиров зимни ироаи маърӯзааш суханронии навбатии Пешвои миллатро дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар идомаи мантиқии Паёми солонаи Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ хонда, иҷрои дастуру супоришҳои дар он баёнгардидаро вазифа ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

- Пешвои миллат сабабу омилҳои бис-ёре аз мушкилоти ҷаҳони муосир, аз ҷум-ла норасоии оби нӯшиданӣ, моҷароҳои вазнини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ, ҷангу хунрезиҳои зиёди мазҳабӣ, афзоиши бемориҳо, мушкилоти ахлоқиро муфассал шарҳ доданд, - афзуд Т. Темиров. - Далелҳои овардаи Сарвари давлат ҳар фардро ба андеша водор мекунад: «Агар дар асри 17 дар Аврупо дар ҷангу низоъҳои гуногун тақрибан се миллион нафар кушта шуда бошад, дар асри 18 панҷ миллион, садсолаи 19 тақрибан 10 миллион ва дар асри ХХ беш аз 100 миллион нафар одамон ба ҳалокат расидаанд. Ин рақамҳо ба қитъае дахл доранд, ки дар се садсолаи охир намунаи пешрафт маҳсуб меёфт. Дар 13 соли асри 21 шумораи онҳое, ки дар ҷангу низоъҳо қурбон шудаанд, миллионҳо нафарро ташкил додааст». Дар чунин ҳолати пурхатар танҳо он давлатҳое осеб намебинанд, ки мардумонаш муттаҳид буда, нек-ро аз бад ба хубӣ фарқ карда метавонанд, ба таассубу хурофот ва мафкураи бегонаи зараровар тааллуқ намегиранд, аз пайи мақсадҳои худ мераванд.

Раиси коммунистҳои вилоят аз ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, ки дар Тоҷикистон майдоннишиниҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардида буд, ёдовар шуда, гуфт, ки шоҳиди бевоситаи даст доштани пайравони ТЭТ ҲНИТ дар он митингҳо бо шиорҳои таблиғгари ваҳҳобизму салафия буд. "Кишвари мо, мардуми мо сабақи талхи он ҳама ҷангу муқовиматҳои сиёсиро, ки на танҳо боиси фавти даҳҳо ҳазор нафару гурезагии садҳо ҳазор тани дигар шуд, балки зарари калони иқтисодиву маънавӣ низ барои миллату меҳани мо расонид, дида, ҳеҷ гоҳ ба такрори ин иштибоҳ роҳ намедиҳад”, - идома дод Т. Темиров.

Раиси Комиҷроияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Зафар Ализода дар маърӯзааш дар мавриди нақши дин дар ваҳдати миллӣ сухан гуфт. Вай бо зикри ҳамраъйиаш ба Пешвои миллат зикр намуд, ки ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. "Ҳамон тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули рӯҳи инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат кунад. Аммо, мутаассифона, афроди ноогоҳу пастфитрат ҳастанд, ки бо сӯйистифода аз дини мубини ислом дар ҷомеа фитнаангезӣ намуда, амнияти миллию давлатиро зери хатар мегузоранд, арзишҳои динию мазҳабиро барои бароварда сохтани манфиатҳои нопоки худ истифода карданӣ мешаванд”, - афзуд З. Ализода.

Зимни баррасии ин мавзӯъ дар ҷаласаи Шӯро инчунин раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ҳамзамон ҷонишини раиси Шӯрои собқадорони ҷангу меҳнати вилоят Саидқул Шомалангов, сархатиби вилояти Хатлон Усмоналӣ Нуров, сардори Раёсати маорифи вилоят Диловар Исоев, раиси ҷамъияти маъюбони шаҳри Бохтар Абдусамад Бобоҷонов марбут ба самтҳои алоҳидаи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ибрози андеша намуданд. Таъкид шуд, ки «ҳар як шаҳрванди кишвар бояд масъалаи ниҳоят муҳимро амиқ дарк намояд: вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари донишманд, аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор ва сарҷамъу муттаҳид бошанд. Ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дас-ти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд».

Дар мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар Пешвои миллат ҷойгоҳи динро дар ҷомеаи Тоҷикистон одилона нишон дода, таъкид карданд: «Барои мусулмонони Ватани мо, ки пайравони мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошанд, ислом нишонаи имондорӣ, таҳким бахшидани ҷаҳони маънавӣ ва такмили одобу ахлоқ ба ҳисоб меравад. Мардуми мо дар доираи аҳкоми шариат фаризаву воҷиботи диниро озодона адо мекунанд ва арзишҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи онро гиромӣ медоранд. Бахусус, дар моҳи шарифи Рамазон, ки Офаридгор дар каломи осмонии худ онро айёми иҷобати дуо, қабули тавба ва амалҳои хайру савоб донистааст, мардуми мо кӯшиш мекунанд, ки фазилатҳои парҳезу накӯкориро бештар риоя кунанд, аз аъмоли зишт худдорӣ намоянд, ба аёдати падарону модарони худ ва беморону ранҷурон раванд ва шахсоне, ки тавону имконашон бештар аст, ба ятимону маъюбон ва камбизоатону дармондагон дасти мададу ёрмандӣ мерасонанд».

Дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ ишора шуд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар амри дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, ятимон, маъюбон, камбизоатон ташаббус нишон диҳанд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳо дар ҳамоиши Шӯрои ҷамъиятӣ таъкид гардид, ки имрӯз гурӯҳҳои манфиатхоҳи зархарид мехоҳанд оромии кишвари моро халалдор созанд, иғвоҷӯӣ мекунанд, ҷавононро гумроҳ карда, ақидаҳои ифротии худро дар андешаи онҳо таҳмил намуданианд. Дар ин раванд, танҳо сарҷамъиву иттиҳод ва шинохти миллат метавонад мардуми шарифи Тоҷикистонро аз ин гирдоби пурпечутоби ҷаҳонишавӣ ва набардҳои абарқудратон наҷот бахшад ва миллатро поянда нигоҳ дорад.

- Сарвари давлат инчунин воқеъбинона зикр намудаанд: «Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифродгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст», - гуфт муовини раиси вилоят. - Аз ин рӯ, Сарвари давлат бо таассуф изҳор дош-танд, ки баъзе гурӯҳҳо аз мусулмонони олам ба ҷойи ҳалли масъалаву мушкилоти зиндагиашон ва кӯшиш ба сӯйи пешрафту тараққиёт бо дастони хеш ҳаёташонро вазнинтар мекунанд ва кишварҳояшонро ба майдони ҷангу нооромиҳо ва ихтилофҳои мазҳабӣ табдил дода, худро бозичаи дас-ти душманони хориҷӣ мегардонанд ва ба афзоиши рӯҳияи исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат мекунанд. Бояд дар назар дошт, ки аз давлат ҷудо будани дин ҳаргиз маънои аз назорати давлат, ҷомеа ва қонун берун қарор доштани фаъолияти ташкилотҳои диниро надорад. Мо бояд вобаста ба вазъи ноустувори ҷомеаи ҷаҳонӣ зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории миллату кишварамон заминаҳои мусоид фароҳам намоем.

Таъкидҳои Пешвои миллат бори дигар водор месозанд, ки тамоми ниҳодҳои ба иҷтимоишавии шахсият масъул бо дарки таҳдидҳои хусусияти гуногундошта фаъ-олияти тарбиявии худро баҳри шинохти арзишҳои муҳимми ҷамъиятӣ пайваста такмил диҳанд. Ба қавли Президенти мамлакат, норасоиҳои мавҷудаи ҳаёти ҷомеа «на бо суханони хушку холӣ, тарғиботи мавсимӣ ва ҳатто ифтихороти зоҳирӣ, балки танҳо тавассути тарбияи муназзами маънавӣ ва ҳуқуқии ҳар фарди ҷомеа – аз оила то коргоҳ - бартараф карда мешаванд».

Дар ҷаласа лоиҳаи низомномаи нави Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон, ки аз 10 боб ва 41 банд иборат буда, мақому салоҳиятҳои Шӯроро муайян мекунад, тасдиқ гардид.

Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, аз аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ даъват намуд, ки ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои наҷибона ва хайрхоҳонаи Пешвои миллат бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ намоянд.

Н. Маъмурзода,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

М. Хидирзода: «ҷавонон қувваи пешбаранда  ва бунёдкори ҷомеа мебошанд»

М. Хидирзода: «ҷавонон қувваи пешбаранда ва бунёдкори ҷомеа мебошанд»

Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Оила макони тарбияи шахсияти баркамолу худшинос аст

Оила макони тарбияи шахсияти баркамолу худшинос аст

Ҳаёти иҷтимоӣ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «ИСЛОМ БОЯД БАРОИ ТАШАККУЛИ РӮҲИ ИНСОН ВА ПОКИЗАГИИ РӮЗГОРИ  ...

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «ИСЛОМ БОЯД БАРОИ ТАШАККУЛИ РӮҲИ ИНСОН ВА ПОКИЗАГИИ РӮЗГОРИ ...

Сиёсат
«Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо»

«Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо»

Сиёсат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дар ҳамкорӣ терроризму ифротгароиро пешгирӣ намоем

Дар ҳамкорӣ терроризму ифротгароиро пешгирӣ намоем

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, АСАЛМО САФАРОВА