Дар як сатр
» » Даъвати рӯйирости хоини миллат барои гузариш ба мазҳаби шиа

Даъвати рӯйирости хоини миллат барои гузариш ба мазҳаби шиа

25-05-2018, 14:45

Ба наздикӣ дар шаҳри Варшава Алим Шерзамонов бо Муҳиддин Кабирӣ мусоҳиба гузаронидааст. Онро мусоҳиба ҳам гуфтан нашояд, зеро дар он ягон ахбори асоснок ва ба  воқеият  наздик дарёфтан амри маҳол мебошад. Шояд бо ин сабаб дар ибтидо Кабирӣ ин «мусоҳиба»-ро суҳбати ғайрирасмӣ ва як фурсат меномад. Ин "мутахассисон” мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи тоҷикро гӯё мавриди "муҳокима ва баррасӣ” қарор додаанд.

Бояд ёдовар шавем, ки мақсади аслии вохӯрии Пешвои миллат бо намояндагони  ҷомеа таҳкиму тақвият бахшидани раванди амнияти миллӣ ва низоми давлатдории дунявӣ, муқовимат бо ифротгароӣ, тундгароӣ ва бунёдгароии динӣ-мазҳабӣ, дарки масъулият дар назди ватану миллат ва давлат ба ҳисоб мерафт, на ин ки "амри маъруф”, "насиҳат” ва ё "ҳамдилӣ бо ҷабрдидагони диссернет”.  Дар ин мулоқот Пешвои миллат дар бораи ҳодисаҳои алоқаманд бо "диссернет” ҳатто ишора ҳам накард, ки ин аз дурӯғи рӯйирост ва бешармонаи ин ду "алломаи мутахассис” гувоҳӣ медиҳад.

Алим Шерзамонов дар ибтидои ин "мусоҳибаи ихтисосӣ” намедонад чӣ гуфта истодааст ва чӣ мехоҳад. Суханонаш зиддиятнок ва бедалел мебошанд. Нахуст, ӯ дар бораи кадом "қонуншикании лафзӣ”, шиагароӣ ва муносибатҳои мазҳабии Тоҷикистон сухан мегӯяд. Ӯ ҳатто рӯйирост мегӯяд, ки дар орзуи даргирии маҳалҳо ва ташкили бесарусомонӣ дар Тоҷикистон мебошад. Алим Шерзамонов рӯйирост иқрор мешавад, ки агар ин гуна бесарусомониҳо дар Тоҷикистон аз нав шурӯъ шаванд, ӯ иштирокчии фаъоли ин гуна гирдиҳамоӣ ва ноамнсозии кишвар мегардад.

Бояд бо боварӣ  гӯем, ки Пешвои миллат ягон вақт майли мазҳабгароӣ надошт ва надорад, ки ин рисолати худро нағз дарк мекунад. Кабирӣ дар ин суҳбати худ оид ба сабру таҳаммули мардум, кадом як туҳмат ба мардум ва халқ гап мезанад. Ӯ мардумро бо мухолифин як медонад ва хабар надорад, ки мардум аз ТЭТ ҲНИТ безор шудаанд ва чеҳраи аслии Кабириро барвақт шинохтаанд. Манфиат ва қудрат дар меҳвари худи Кабирӣ қарор гирифтааст. Кабирӣ мардумро рӯйирост барои гузариш ба мазҳаби шиа даъват мекунад ва ин ҳадафи худро ҳаққи конс-титутсионии ҳар як шаҳрванд мепиндорад. Ин боз як айёрии сиёсӣ ва динии Кабирӣ мебошад, ки таваҷҷуҳи аҳли исмоилиёни кишварро ба худ ҷалб кардан мехоҳад. Ҳифзи арзишҳои ҳанафиро як навъ табъизи динӣ мешуморад.

Кабирӣ даст доштани худро дар ноамнсозии кишвар дар солҳои 90- уми асри ХХ инкор мекунад, аммо фаромӯш кардааст, ки дар рӯзҳои аввал наҳзатиҳо иштирокчии фаъоли майдонсозиҳо дар Тоҷикистон буданд, маҳз Ҳимматзода ва Нурӣ саркардагони нооромсозии амнияти кишвар ҳисоб мешаванд ва эҳсосоти динии мардумро ба ғаразу манфиатҳои шахсии худ истифода бурданд. Маҳз онҳо майдонҳоро ташкил карданд, сабабгорони бадбахтиҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 буданд ва мардумро ба хоку хун оғушта сохтанд. Ин кӯшишҳои худро то ҳол идома медиҳанд ва сулҳу ваҳдат ва оромии Тоҷикистонро дидан намехоҳанд. Ҳатто дар ин суҳбат Алим Шерзамонов майдони "Шаҳидон”-ро ҳаракати миллии озодихоҳӣ меҳисобад, аммо фаромӯш месозад, ки дар бораи кадом озодихоҳӣ гап меравад, ҳол он ки Тоҷикистон ҳанӯз ибтидои солҳои 90-ум истиқлолиятро ба даст оварда буд. Рисолати Тоҷикистон дар он вақт нигоҳдошти озодӣ ва амнияту ваҳдати миллат ба ҳисоб мерафт, на ин ки ба даст овардани худи озодӣ.

Агар воқеан наҳзатиҳо ҷонибдори сулҳу ваҳдат ва оромии миллати тоҷик бошанд, пас, бояд дарк кунанд, ки дигар халқи тоҷик зарурат ба чунин "ҳомиёни дин” надорад. Мувофиқи бозпурсиҳои Прокуратураи генералии Тоҷикистон яке аз роҳбарони гирдиҳамоиҳои майдони "Шаҳидон” дар оғози солҳои 1990 Эшони Саид Қиёмиддини Ғозӣ худ иқрор шуд, ки  то ҳол ҳамкориашро бо идораҳои ҷосусии Эрон идома дода, бо супориши сохтори ҷосусии ин кишвар зидди мил-лати тоҷик кор бурда истодааст. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки ҳанӯз ҳам пайравони ТЭТ ҲНИТ   ба халқу миллат ва мазҳаб хиёнат мекунанд. Онҳо ба сулҳу ваҳдат ва амнияти кишвар хатар эҷод намуда, ба воситаи сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ  хабарҳо ва маводҳои бардурӯғу иғовагаронаро паҳн карда, кӯшиш доранд, ки ҷавонону афроди ноогоҳро ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб кунанд. Суҳбати Алим Шерзамонов бо Муҳиддин Кабирӣ  дар шаҳри Варшава намунаи туҳмату буҳтон ва кӯшишҳои иғвою фитнаи навбатӣ нисбати Пешвои миллат ва сарсупурдагони халқу миллати Тоҷикистон аст.

То ҳол Кабирӣ ва пайравони ӯ барои амалӣ намудани орзую ғаразҳои соҳиб шудан ба мансабу мақомҳои баланд дар Тоҷикистон аз дин ва мазҳаб рӯирост истифода мебаранд, дар бораи ҳуқуқҳои конститутсионии динии шаҳрвандон сухан мекунанд. Агар Кабирӣ воқеан ҷонибдори арзишҳои динӣ дар Тоҷикистон мебуд, ҳеҷ гоҳ эҳсосоти динии мардумро барои расидан ба ғаразҳои шахсӣ ва сиёсӣ истифода намекард ва барои пешрафти динии кишвар мубориза мебурд. Аммо ҳодисаҳои солҳои 90- уми асри гузашта ва солҳои охири Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки дар давраи мавҷудияти худ ТЭТ ҲНИТ, Кабирӣ ва пайравони ӯ барои пешрафти динии Тоҷикистон  хизмати кӯчаке накардаанд, ба ҷуз ҷудоиандозӣ ва фитнаандозӣ дар байни мардум, аз худ намудани маблағҳои хоҷагони хориҷии худ ва боз ҳам ноором муаррифӣ намудани вазъи динӣ дар Тоҷикистон ба ҷаҳониён.

Имрӯз Кабирӣ ва пайравони ӯ дар хориҷи кишвар ҳомӣ меҷӯянд, барои дарёфти гранту маблағҳои ҳангуфт ва расидан ба ҳадафҳои зишти худ аз гуфтани ҳар гуна газофу туҳмат ва таҳқири беасоси Ҳукумати  қонунӣ ва шахсиятҳои арзандаи Тоҷикистон рӯй намегардонанд. Ҳамеша аз номи халқ, омма ва миллат ҳарф мегӯянд ва дар бораи озодии динӣ андешаронӣ мекунанд. Аммо фаромӯш кардаанд, ки дигар мардум шаҳди сулҳу ваҳдат ва амнияти миллиро чашидааст. Халқи тоҷикро дигар бо ҳарфҳои пучу беасос ва подарҳаво фиреб карда намешавад. Мардуми тоҷик аллакай дарк кардаанд, ки ин гуна "ҳомиёни дин” ва "шахсиятҳо” чӣ мехоҳанд ва барои расидан ба ғаразҳои шахсии худ ҳатто шаъну шараф ва номуси худро мефурӯшанд. Хизмати ғуломона ба хоҷагони хориҷӣ ва пинҳон шудан дар зери "чатри муҳофиз” илоҷ ва умеди охирини Кабирию ва пайравони ӯ мебошад ва аз мурдаҳои сиёсӣ будани онҳо гувоҳӣ медиҳад.

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ақидаҳои дуруғини бадхоҳони миллат ва давлатро бинед!

Ақидаҳои дуруғини бадхоҳони миллат ва давлатро бинед!

Сиёсат
Чанд ғулом наметавонанд  «анҷумани озодандешон» таъсис намоянд: ё чӣ гуна н ...

Чанд ғулом наметавонанд «анҷумани озодандешон» таъсис намоянд: ё чӣ гуна н ...

Сиёсат
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Хоинони миллатро намебахшем!

Хоинони миллатро намебахшем!

Хабарҳо, Сиёсат
Мардуми тоҷик мазҳабфурӯшонро ҳаргиз намебахшанд

Мардуми тоҷик мазҳабфурӯшонро ҳаргиз намебахшанд

Хабарҳо, Сиёсат