Дар як сатр
» » «ҲИӮ» ҷавонони тоҷикро ба роҳи бебозгашт мебарад…

«ҲИӮ» ҷавонони тоҷикро ба роҳи бебозгашт мебарад…

28-02-2015, 13:12

Прокуратураи вилояти Хатлон аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ алайҳи се ҷавон – се бародар аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо иттиҳоми даст доштанашон дар экстремизм хабар дод. Ин се фарзанди як хонавода бо мақсади «ҷиҳод» ба Сурия рафтаанд. Онҳо бо вуҷуди ин ки дониши мукаммали динӣ надоштаанд, дар пайравӣ аз андешаҳои ифротӣ ҳатто арзишҳои миллиро ширку бидъат дониста, ширкаташон дар даргириҳои Сурияро кори ҳақ ва «дифоъ аз ислом» мехонанд…
«ҲИӮ» ҷавонони тоҷикро ба роҳи бебозгашт мебарад…

Се бародар чӣ тавр ба Сурия рафтанд?

Муҳаммадрасул Алматови 21-сола, сокини деҳаи Меҳнати ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, вақте барои таҳсил ба Сурия рафта буд, ҳанӯз 16 сол надошт. Вай аз роҳҳои ғайриқонунӣ дар авоили соли 2010 ба Сурия расида, то 25 декабри ҳамон сол дар он кишвар ба таълимоти ғайририрасмии динӣ ҷалб шуда буд. Волидонаш то имрӯз дақиқ намедонанд, ки Муҳаммадрасул он ҷо чӣ мехонду кӣ дарсаш мегуфт. Бо таъсири Ҳукумати Тоҷикистон ва даъватҳои Президенти кишвар барои бозгардонии фарзандон аз таълимоти ғайрирасмӣ дар хориҷи кишвар, Муҳаммадрасул ҳам ба ватан, ба назди волидон баргардонида шуд.

Саидҷон Салимзода, муфаттиши парвандаи Муҳаммадрасул аз прокуратураи вилояти Хатлон, мегӯяд, ки ин ҷавон баъд аз бозгашт ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам дохил шуда, се сол таҳсил кард, аммо баъдан тарки донишкада намуд. «Муҳаммадрасул ба падараш гуфтааст, ки дар ин донишкада намехоҳад таҳсил кунад. Бинобар ин, ба Русия барои мардикорӣ рафта, маблағ ҷамъ меорад, то баргашта шомили Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон гардад. Ҳамин тавр, ӯ волидонашро фиреб дода, моҳи майи соли 2014 ба Русия меравад. Пас аз 40 рӯзи будубош дар Маскав бо мақсади гӯё адо намудани «қарзи исломӣ»-и худ ба иттиҳоди ҷиноятии террористии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» шомил гардида, охирҳои моҳи июли соли 2014 ҳамроҳи чанд тани дигар ба давлати Сурия меравад», - афзуд С. Салимзода.

Тибқи иттилои прокуратураи Хатлон, ин ҷавон дар Сурия шомили гурӯҳи ҷангии зиддидавлатии Сурия бо сардории Халифа Абубакри Бағдодӣ гардида, то имрӯз муқобили давлати қонунии Сурия меҷангад.

Муҳаммадрасул ба он ҳад сарсупурдаи ақоид ва «идеология»-и ин гурӯҳи ҷангҷӯю ифротӣ шудааст, ки ҳатто бародарони худро ба созмони мамнӯи «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ҷалб кардааст. Додараш Баҳромжон, ки 19 сол дорад, низ бо «ҳидоят»-и ӯ ба узвияти иттиҳоди ҷиноятии террористии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» пазируфта шуд.

Чунончи, аз парвандаи Баҳромжон бармеояд, ӯ аз 1 октябри соли 2014 ғайриқонунӣ гӯё барои гирифтани маълумоти динӣ ба давлати Сурия рафт, аммо бо сардори гурӯҳи ҷангии зиддидавлатии Сурия Халифа Абубакри Бағдодӣ дар иртибот шуда, мисли бародараш ба муқобили давлати қонунии Сурия ҷангида истодааст.

Муҳаммадрасул бародари дигараш Файзиддинро, ки 27 сол дорад, низ тавонист бо усулҳои «маъмул»-и истихдомгарӣ ба Сурия даъват кунад. Файзиддин сарфи назар аз ин ки оиладор ва соҳиби се фарзанд аст, узвият дар иттиҳоди ҷиноятии террористии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон»-ро ихтиёр кард. Ӯ, ки дар Маскав дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошт, 25 ноябри соли 2013 бо роҳи фиреб завҷаи худ Баргиной Зияеваи 26-соларо бо се фарзанди хурдсолаш барои «муҳоҷирати меҳнатӣ» ба Русия даъват карда, аз он ҷо 26 ноябри ҳамон сол ҳамроҳи аҳли байташ ба давлати Сурия рафт.

Бо ин асос, ки дар ҳаракатҳои бародарон Файзиддин, Муҳаммадрасул ва Баҳромжон аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 401 банди 1-и (экстремизм) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дида мешавад, С. Салимзода, муфаттиши шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳимми прокуратураи вилояти Хатлон, нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Ноумедии волидон ва паёми Чориқул
ба бародарони саркаши худ

Аммо ин муфаттиши прокуратура мутмаин нест, ки бародарон ба назди волидон бармегарданд. Чунки вақте Олимурод, падари Муҳаммадрасул, Файзиддин ва Баҳромжон, дар тамоси телефонӣ аз онҳо бозгашташонро талаб ва онҳоро накуҳиш мекунад, онҳо ба падар ҷавоб додаанд, ки «Мусулмонӣ дар ин ҷост!» ва суханҳои таҳқиромез гуфта, суҳбатро қатъ намуданд.

Чориқул Абдураҳмонов, бародари Муҳаммадрасул, Баҳром ва Файзиддин, дар суҳбат бо мо гуфт, ки то ҳанӯз оби чашми падару модараш хушк нашудааст. Қалби онҳоро саркашии ин фарзандон, ки дар Сурия хуни ноҳақ мерезанд, азият медиҳад. «Модарам ҳар рӯз гиря мекунад. Агар бародаронам занг зананд, батакрор таъкидашон мекунад, ки ношукрӣ аз ободии Ватан накарда, баргарданд. Аммо онҳо ба ҳарфи волидонам гӯш намедиҳанд. Шояд вақте аз он ҷо ба волидон занг мезананд, дар пешашон ягон қумандоне ҳозир бошад, ки ягон суҳбати «ноҷо» намекунанд. Танҳо мегӯянд, ки «Мусулмонӣ ин ҷост, шумо ҳам биёед…» Падарам ҳам то чанд вақти пеш фикр мекард, ки бародаронам дар Русия кор мекунанд. Мо бовар доштем, ки онҳо ба роҳи каҷ намераванд», - мегӯяд Чориқул.

Ин ҷавон ҳам, ба гуфтаи худаш, ҳар гоҳе ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия меравад, аммо волидонаш намегузоранд, ки ӯ бо бародаронаш иртибот дошта бошад. Волидон аз он метарсанд, ки Чориқул ҳам мабодо «ҷавонӣ» карда, зери таъсири ақоиди бародарони «ҷиҳодӣ»-аш қарор нагирад.
Чориқул бовар дорад, ки дар Тоҷикистон ҳам ҷойи кор ва даромади хуб доштан мумкин аст.

- Мо ҳоло дар деҳа ба кишоварзӣ машғулем, - мегӯяд Чориқул. – Киштукори баҳорӣ сар шудааст. Кош, бародаронам ҳам аз Сурия баргарданд, то якҷоя дар замин кор кунем. Ҳамин қитъаи замин, ки дорем, ҳамаи хонаводаи моро мехӯронаду мепӯшонад. Аз бародаронам мехоҳам, ки баргарданд, падару модар ва моро сархам накунанд. Мо дар оила 8 писар ҳастем ва дар Сурия будани се бародарам, табиист, ки зиндагии моро ҳам халалдор мекунад. Ангуштнамои мардум шудаем…

Роҳандозии барномаи вижаи идеологӣ дар Ҷ. Румӣ

«ҲИӮ» ҷавонони тоҷикро ба роҳи бебозгашт мебарад…Майрамбӣ Ғафурзода, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, гуфт, ки дар пайи гароиши ин се бародар ба гурӯҳҳои ифротӣ, мақомоти ноҳия бо тамоми ҷавонон дар рустоҳои гуногун дидору мулоқот анҷом медиҳанд. Ҷиҳати ҷилавгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ аз ҷониби масъулони бахши идеологии ноҳияи Румӣ барномаи махсуси кор таҳия шудааст.

- Тамоми чораҳоро меандешем, то ин навъи ҷиноят пешгирӣ шавад, - мегӯяд М. Ғафурзода. – Раиси ноҳияамон барои ҷавонони бекор қитъаҳои замин ихтисос медиҳад, ки ба кишоварзӣ машғул шаванд, рӯзгорашонро пеш баранд. Ҷавонони бекорро дар идораи шуғли аҳолӣ сабт карда, барояшон то се моҳ кӯмакпулӣ медиҳем. Ҳоло қариб нисфи ҷавонони ноҳияи Ҷ. Румӣ дар замин кор карда истодаанд. Ходимони динро ҳам барои барқарор кардани тамос бо қишрҳои осебпазир дар байни ҷавонон ҷалб кардаем.

Ба иддаои М. Ғафурзода, солҳои охир сатҳи тарбияи фарзандон то андозае поин рафтааст ва баъзе падару модарон ба ин масъалаи ҳаётан муҳим беэътиноӣ зоҳир мекунанд. «Коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон, ҷалб шудани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона ва ба ҷинояткорӣ даст задани иддае аз онҳо, пеш аз ҳама, натиҷаи беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии падару модарон мебошад», - афзуд ӯ.

Хатарҳои гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ дар Академияи улуми Тоҷикистон, ки доир ба хатарҳои «Давлати исломӣ» ва гаравиши ҷавонон ба ин созмони ифротӣ пажуҳише анҷом додааст, ба вуҷуд омадани гурӯҳҳои ифротгаро, аз ҷумла «Давлати исломӣ»-ро ба омилҳои дохилӣ нисбат медиҳад. «ҲИӮ» ҷавонони тоҷикро ба роҳи бебозгашт мебарад…Ба қавли Ҳафиз Бобоёров, раҳбари ин марказ, омилҳои дохилӣ ин, пеш аз ҳама, зеҳният ва қолабҳои фарҳангӣ, заминаҳо ва мероси таърихии ин ё он қавм ва ё минтақа барои ташаккули ҳаракатҳои сиёсианд. «Бубинед, дар тамоми ҷаҳон намунаҳо ё қолабҳои гуногуни ташаккули созмонҳои сиёсӣ вуҷуд дорад. Дар ҷаҳони ислом созмонҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ ҳамеша дар заминаи мазҳабӣ ба вуҷуд меомаданд. Мо ба ин таъкид дорем, ки омилҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ заминаи дигари ба вуҷуд омадани созмонҳои ифротӣ ва тундгаро ҳастанд. Пеш аз ҳама, вақте мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум роҳи ҳал пайдо намекунад, гурӯҳҳои муайяни мардум осебпазир мешаванд ва аз тарафи гурӯҳҳои муайяни сиёсӣ барои иштирок дар ин ё он ҳаракати сиёсӣ ва ҳатто ҷангӣ ҷалб мешаванд», - гуфтааст Ҳ. Бобоёров бо такя ба натоиҷи пажуҳиши анҷомшуда дар як мусоҳибаи расонаии худ.

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ дар Академияи улуми Тоҷикистон ҳамчунин ҳушдор медиҳад, ки имрӯз аксари ҷавонон, бахусус муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия осебпазир ҳастанд, ба ин далел созмонҳои ифротӣ, аз ҷумла «Давлати исломӣ» аз онҳо барои ворид шудан ба корзор дар Осиёи Марказӣ истифода хоҳад кард.

Чӣ бояд кард?

«ҲИӮ» ҷавонони тоҷикро ба роҳи бебозгашт мебарад…Муфаттиши прокуратураи Хатлон Саидҷон Салимзода бар ин андеша аст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ ва қурбони фиреби гурӯҳҳои истихдомгар нашудани онҳо дар хориҷи кишвар мебояд, ки масъалаи манъи сафари ҷавонони то 20-сола ба хориҷ аз қаламрави Тоҷикистон ба баррасӣ гирифта шавад. «Ин кор метавонад хислати муваққатӣ дошта бошад, барои чанд сол. Ё шояд чунин қонуне қабул шавад, ки ҷавонони то 20-сола танҳо якҷоя бо волидони худ ба сафари хориҷӣ ҳуқуқ дошта бошанд. Ин як навъ масъулият ва контроли волидонро бештар мекунад ва ҳам падару модар аз сарнавишти фарзанди худ бохабар мешаванд», - афзуд С. Саидзода.

Ин муфаттиши собиқадор ҳамчунин пешниҳод дорад, ки таҳсили 11-сола дар мактабҳо ҳатмӣ кунонида шавад, ё ҳадди ақал ҷавононе, ки синфи 9-ро хатм мекунанд, ба сурати ҳатмӣ шомили омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ шуда, ҳунар омӯзанд.

Аз нигоҳи мо, бештар кардани соатҳои тарбиявӣ ва дарсҳои сиёсӣ дар мактабу донишгоҳҳо, таъмини ҷавонон бо ҷойи кор, афзоиш додани толорҳои варзишӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ, оммавӣ кардани тарбияи ҷисмонӣ низ аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки метавонад мағзи ҷавононро аз ҳар гуна андешаҳои носолим машғул дорад. Инчунин барномаҳои мукаммали идеологие лозиманд, ки пеши роҳи ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиро бигиранд. Имкони тарғиби терроризм бо истифода аз интернет низ бояд пешгирӣ шавад.

Ба иддаои Ҳафиз Бобоёров, раиси Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ дар Академияи улуми Тоҷикистон, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бояд барномаи муайян дар заминаи ҷилавгирӣ аз ин раванди номатлуб, пеш аз ҳама дар мавриди бо ҷойи кор таъмин кардани ҷавонон дар дохили кишвар таҳия шавад. «Бояд ҷойҳои нави корӣ дар истеҳсолот бештар шавад ва бояд кор ҳам доимӣ бошад. Чун ҷавонон тавонанд дар дохили кишвар соҳиби кор бошанд ва бекорӣ боиси пайвастани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нагардад. Аммо ҳамзамон иқдомоти дигари давлат дар ин замина бояд чорабиниҳои идеологӣ бошад. Ин фақат маҳдуд ба тарғибот набошад, балки ин чорабиниҳо фарогири ҳама ниёзҳои ҷавонон гарданд. Дар ин замина таҳсилоти умумӣ бояд ҳатмӣ шавад. Дар мактабҳо бояд, ки мақоми омӯзгор ва мактаб бо ҷудо кардани маблағҳои кофӣ баланд бардошта шавад. Аммо тамоми кишварҳои ҷаҳон бояд дар муқобили ифротгароӣ муттаҳид гарданд ва чорабиниҳову барномаҳои мушаххасе дар ин замина дошта бошанд. Мутаассифона, ҳамин гуна ҳамкорӣ ё дар сатҳи минтақаҳо маҳдуд аст ва ё аслан ба таври самарабахш вуҷуд надорад», - мегӯяд Ҳ. Бобоёров.

Ба ҷойи хулоса

Дар воқеъ, имрӯз терроризм ба мушкили ҷаҳоние табдил ёфтааст, ки ягон давлат ба танҳоӣ наметавонад ба он муқобила кунад. Ин омилест, ки ҳам ба амнияти миллӣ ва ҳам ба якпорчагии кишвар таҳдид мекунад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шумораи ҷангиёни тоҷикистониро дар Сурияву Ироқро то 300 нафар тахмин мезананд. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, то имрӯз ҳудуди 50 тоҷикистонӣ дар ин ҷангҳои бегона дар Ховари миёна ҷон бохтаанд.

Қонунгузории Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад. Аммо Саидҷон Салимзода, намояндаи прокуратураи вилояти Хатлон, мегӯяд, ки агар иштирокдорони муқовиматҳои мусаллаҳона дар Сурия ихтиёран тарки ҷанг ва гурӯҳҳои ифротӣ карда, ба Ватан баргарданд, дар сурати изҳори пушаймонӣ ва содир нашудани ягон ҷинояти сангин аз ҷониби онҳо дар Сурия ё Тоҷикистон, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод хоҳанд шуд. Яъне ин ҷавонони роҳгумзада ҳанӯз ҳам шонсе барои бозгашт ба зиндагии мулкӣ, бозгашт ба назди падару модар ва зану фарзанди худ доранд.

Волидайни муҳтарам низ бояд ин фармудаи мутафаккири бузурги тоҷик Муҳаммад Ғаззолиро ҳамеша пеши назар дошта бошанд, ки «фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир. Ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ, бирӯяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳар чӣ хоҳад, кунад ва бо ҳар кӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ».

Аз ин рӯ, ба хотири тақвият бахшидани сармояи зеҳнии фарзандон, тавассути тарбияи дуруст дар оила ва фароҳам овардани шароити мусоид барои бештар ба донишандӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар машғул шудани онҳо тамоми ҷомеа бояд саҳмгузор бошад. Моро мебояд фарзандонро дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ тарбия намоем ва ба илму касбомӯзиашон бештар диққат дода, онҳоро дар ин рӯҳия ташвиқ кунем.

Носирҷон
МАЪМУРЗОДА



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Нигаронӣ аз афзоиши ноболиғон дар минтақаҳои ҷангии Сурия

Нигаронӣ аз афзоиши ноболиғон дар минтақаҳои ҷангии Сурия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳушдори мақомот: То имрӯз беш аз 30 ҷавони хатлонӣ дар Сурия кушта шудааст

Ҳушдори мақомот: То имрӯз беш аз 30 ҷавони хатлонӣ дар Сурия кушта шудааст

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
С. Сорбонхӯҷа: «Ҷиҳод»-и ҷавонони тоҷик дар Сурия ҷиҳоди исломӣ нест

С. Сорбонхӯҷа: «Ҷиҳод»-и ҷавонони тоҷик дар Сурия ҷиҳоди исломӣ нест

Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Эмомалӣ Раҳмон: Фарзандро аз рӯзи таваллудаш бояд тарбия кард

Эмомалӣ Раҳмон: Фарзандро аз рӯзи таваллудаш бояд тарбия кард

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифротгароӣ, таассуб ва мағзшӯии ҷавонон. Чӣ бояд кард?

Ифротгароӣ, таассуб ва мағзшӯии ҷавонон. Чӣ бояд кард?

Таҳқиқи журналистӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА