Дар як сатр
» » ОБИ ЗАМ - ЗАМ МЕХӮРЕМ

ОБИ ЗАМ - ЗАМ МЕХӮРЕМ

25-05-2018, 11:58

Мардуми дунё биёед оби зам-зам мехӯрем,
Обро дар Тоҷикистон шишта бо ҳам мехӯрем.
Бе замину бе ҳаво, бе обу оташ оҷизем,
Поси обро гар надонем, ҷумла барҳам мехӯрем.
Қатраҳо аз барф ҷорист ҳамчу шири модарон,
Мо тавофу саҷда карда бо сари хам мехӯрем.
Ғамраҳои миллату лабташнагон аст Шоҳи мо,
Мо барои ташнагон чун Шоҳи худ ғам мехӯрем.
Ташнагонро об диҳем аз оби кавсарҳои худ,
Аз барои сарфаи он обро кам мехӯрем.
Дар бари ҳар чашмае хобанд ёрони Худо,
Шукр бар Ҳақ гуфтаву бар рӯҳи Одам мехӯрем.
Тоҷикистон Каъбаву ҳар чашмаи он зам-зам аст,
Обро бо Шоҳи худ дар зери Парчам мехӯрем!

РаҳматуллоиИсматӣ,

омӯзгори Литсейи касбии

саноати кимиёии шаҳри Левакант


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шукргузори обу хоки ватан бошем

Номаҳои Шумо
«Корвони маърифат» маърифати ҳуқуқии аҳолиро баланд мебардорад

«Корвони маърифат» маърифати ҳуқуқии аҳолиро баланд мебардорад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт, АСАЛМО САФАРОВА
«Фитри рӯзаро ба моҳифурӯш додам»

«Фитри рӯзаро ба моҳифурӯш додам»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
Зи Шоҳи мо ризо аст оби тоза

Зи Шоҳи мо ризо аст оби тоза

Фарҳанг ва адабиёт
Баъди 27 феврал ҳаво гармтар мешавад

Баъди 27 феврал ҳаво гармтар мешавад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА