Дар як сатр

ҲУСЕЙН МАЛИКОВ

31-12-2014, 22:35

Моҳи майи соли 1955 дар ноҳияи Вахш ба дунё омадааст.

Баъди хатми Донишкадаи омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории ба номи С. Айнӣ)-и шаҳри Душанбе, соли 1976 фаъолияти кориашро дар мактаби таҳсилоти умумии №4-и ноҳияи Вахш оғоз намуд.

Ҳамзамон бо рӯзномаи ноҳиявии «Вахш» ҳамкорӣ мекард ва пас аз чанде пурра ба кори ҳамин рӯзнома гузашт.

Соли 1979 баробари таъсисёбии рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» (ҳозира «Хатлон»), фаъолияти журналистиашро дар ин рӯзнома идома дод.

Соли 1993 ба кори телевизиони вилоят даъват шуд. Дар он ҷо солҳои зиёд вазифаи сармуҳаррирро ба ҷо овард.

Аз соли 2014 дар идораи рӯзномаи «Хатлон» ба ҳайти мухбир кор мекунад.

Ҳусейн Маликов муаллифи китобҳои «Ду зинаи умр», «Тақдири инсон» ва якчанд маҷмӯаи очеркҳост.


БОЙГОНИИ МАТЛАБҲОИ ҲУСЕЙН МАЛИКОВ

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ

ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ

Ҳайати эҷодӣ
САТТОР ҚАРАХОНОВ (С. Аттор)

САТТОР ҚАРАХОНОВ (С. Аттор)

Ҳайати эҷодӣ
Ҳайати кории нашрияи

Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"

---
ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ

ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ

Ҳайати эҷодӣ
САИДАЛӢ БОБОХОНОВ

САИДАЛӢ БОБОХОНОВ

Ҳайати эҷодӣ