Дар як сатр
» » «Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

26-02-2015, 17:37

«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССРБо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрӣ, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ, анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ бахшида ба 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР Аслӣ Бурҳонов аз 15-ум то 19 июни соли равон дар шаҳри Душанбе фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ - «Парасту-2015» баргузор мегардад.

Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати фарҳанг, бори нахуст мунаққидон ва коршиносони соҳаи театрии кишварҳои узви ИДМ якҷо бо ҳайати ҳакамон аз Тоҷикистон ин фестивал-озмунро натиҷагирӣ менамоянд.

Ёдрас мекунем, бори охир ин фестивали ҷумҳуриявӣ моҳи апрели соли 2013 баргузор шуда, дар он ҳунармандони 15 театри ватанӣ, аз ҷумла Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа бо намоиши «Лаку Пак» ва Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ширкат варзида буданд.

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Иштироки театр-студияи «Лӯхтак»-и Қӯрғонтеппа дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Даромади театр – 81500 сомонӣ

Даромади театр – 81500 сомонӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Намоиши спектакли «Журналист» дар Қӯрғонтеппа

Намоиши спектакли «Журналист» дар Қӯрғонтеппа

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Театри Кӯлоб соҳибҷоиза шуд

Театри Кӯлоб соҳибҷоиза шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо