Дар як сатр
» » «Вахш» сарпараст меҷӯяд

«Вахш» сарпараст меҷӯяд

26-02-2015, 16:52

«Вахш» сарпараст меҷӯядТими футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки имсол 55-сола мешавад, то ҳанӯз сарпарасте пайдо накардааст ва ширкаташ дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон зери суол аст.

Дар ин бора Исроил Шарифов, раиси ин даста, иттилоъ дод. Ба қавли ӯ, маъмурияти «Вахш» феълан дар ҷустуҷӯи сарпарасти молиявӣ аст ва маълум нест, ки имсол бозигарони ин даста дар чемпионати Тоҷикистон дар кадом ҳайат иштирок мекунанд.

Дар айни ҳол дар мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳайати ҷавонони «Вахш» ширкат дорад.

Ин даста, ки дар гузашта бо бозигарони қавӣ ва мактаби хоси футболи худ маъруф буд, ҳоло ба дастгирии молиявӣ ниёз дорад. Ҳарчанд то оғози чемпионати имсола чизе беш аз як моҳ боқӣ мондааст, ҳанӯз ҳам маъмурияти «Вахш» бозигарони навро ба даста даъват накардааст. Бозигарони «Истиқлол» Соҳиб Саванқулов и Алишер Сафаров, ки дар мавсими гузашта дар иҷораи «Вахш» буданд, ба дастаи худ баргаштанд.

Соли гузашта «Вахш» дар охирин даври мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар майдони худ бо «Хуҷанд» бозияшро мусовӣ (1-1) анҷом дода, дастаи хуҷандиро аз медалҳои биринҷии чемпионат маҳрум карда буд. Сарфи назар аз ин ки бозигарони соҳибтаҷриба надошт ва дар зинаи пеш аз охирони ҷадвали мусобиқот қарор гирифт, «Вахш» ҳамоно аз рақибони сарсахту ҷиддӣ барои тимҳои дигар маҳсуб меёфт.

Дастаи футболи «Вахш» соли 1960 таъсис ёфта, солҳои 1961, 1978 ва 1985 қаҳрамони РСС Тоҷикистон ва солҳои 1997, 2005 ва 2009 қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст. «Вахш» ҳамчунин дар солҳои 1997 ва 2003 барандаи Ҷоми Тоҷикистон шудааст. Муҳимтарин дастовардаш дар арсаи байналмилалӣ ҷойи дуюм дар мусобиқоти Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё (2006) мебошад.

Н. МУСТАФО


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Талоши «Равшан» барои ҷойи 3-юм

Талоши «Равшан» барои ҷойи 3-юм

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Равшан» - 6-ум, «Вахш» - 8-ум

«Равшан» - 6-ум, «Вахш» - 8-ум

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
«Вахш» ниҳоят сарпараст ёфт

«Вахш» ниҳоят сарпараст ёфт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

"Равшан"-и Кӯлоб сарпараст ёфт, "Вахш"-и Қӯрғонтеппа чӣ?

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА