Дар як сатр
» » Марде, ки ҳам хона рӯшан мекунад, ҳам дил

Марде, ки ҳам хона рӯшан мекунад, ҳам дил

25-02-2015, 16:23

Марде, ки ҳам хона рӯшан мекунад, ҳам дилМеҳнати ҳалолу хизмати шоиста ҳеҷ вақт беподош ва дур аз мадди назар нахоҳад монд. Инсонҳои шариф баҳри хизмат ба халқу Ватан умри азизи худро дареғ намедоранд. Одатан шахсеро, ки барои халқи азизи худ хизматҳои шоён кардааст, ҳамагон дӯст медоранд ва эҳтиромаш мекунанд. Яке аз чунин афроди меҳнатдӯсту фидокор ва софдил Муҳаммадзариф Тохсанов, тахаллуси адабиаш Халифаи Данғарагӣ, мебошад.

Ин марди шариф чиҳил соли ҳаёташро бо меҳнати ҳалол ва нангу номуси ватандорӣ дар соҳаи хеле муҳиму афзалиятнок энергетика бахшидааст.
Муҳаммадзариф Тохсанов фаъолияти кориашро ҳанӯз соли 1974 дар корхонаи таҷрибавии ҷиҳози технологии шаҳри Кӯлоб (КОЗТО) оғоз карда, баъд аз чаҳор сол ба ноҳияи Данғара меояд. Он ҷо дар техникуми кишоварзӣ кор карда, пасон дар колонаи сайёри механиконидашудаи №42 ба ҳайси сардори бригадаи «электромонтажник» дертар усто шуда фаъолияташро идома медиҳад.

Ӯ дар сохтмони хатҳои барқии 10-киловаттаи пойгоҳи обтаъминкунии ноҳияи Данғара, нақбҳо, корхонаи сангмайдакунии Сангтӯда, ҳавзи Саргазон, совхози 1 ширкат варзидааст. Инчунин дар маҳалҳои зикршуда барои сохтани хатҳои 4-киловатта ва зиёда аз 850 зеристгоҳи барқӣ бобои Халифа хизмати шоиста анҷом додааст. Барои фаъолияти бенуқсонаш дар замони Шӯравӣ ду маротиба ба ӯ мошини сабукрави «Москвич-412» тақдим кардаанд.

Вай даҳҳо шогирдонро тарбия намуда, ба онҳо дар баробари касб одаму одамгарирӣ ва муҳаббат ба Ватанро омӯзонидааст. Бобои Халифа мегӯяд, ки дар соҳаи барқ кор кардан бисёр хатарнок аст, зеро шиддати баланди барқ ҳар лаҳза ба ҷони кас метавонад зиён расонад. Аз ин рӯ, дар ин соҳа бе устод ба камол расидан мушкил аст.

- Гарчанде ки ба нафақа баромада бошам ҳам, боқимондаи умрамро низ дар таълим ва дастгирии ҷавонон сипарӣ хоҳам намуд, - зикр кард М. Тохсанов. - Чунки касбамро дӯст медорам ва аз пушти ин касб ҳам нон ёфтааму ҳам ном. Ногуфта намонад, ки Халифаи Данғарагӣ дар ин баробар муаллифи се китоб - «Садоқатномаи Шамсиддин» (2012), «Садоқатномаи Халифа» (2013) ва «Садоқатномаи Маҳмадзариф» (2013) - мебошад. Алъон се маҷмӯаи дигари шеърии ӯ барои чоп омода аст. Вақте ҳамроҳи ин шоири хушкалом ҳамсуҳбат гаштем, худро дар дунёи маънӣ эҳсос намудем, зеро суханҳояш саропо панду насиҳат асту ҳамеша барои ҷавонон ҳидоятгару раҳнамо.

Халифаи Данғарагӣ шеърҳои пурмазмун ва ғазалҳои обдор дорад, ки ба ҷисму ҷони хонанда ҳаловат мебахшад. Ёздаҳ сол аст, ки узви фаъоли маҳфили адабии «Офтоб»-и ноҳия буда, шогирдони зиёд дорад. Вай дар ҳаммуаллифӣ бо аъзои маҳфили мазкур маҷмӯаи «Дурахши офтоби Данғара»-ро нашр намуда, ба хонандагони сершумор пешкаш кардааст.

Ба наздикӣ Муҳаммадзариф Тохсанов ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд. Барояш ин ифтихорро шодбош мегӯем.

Лашкари ШАЙДО,
ноҳияи Данғара


*****
Намунае чанд аз осори Халифаи Данғарагӣ


Якдиливу якзабонӣ шаҳсутуни давлат аст,
Якдиливу якзабонӣ меваҳои ваҳдат аст.
Давлату ободӣ хоҳӣ, қалби худ покиза дор,
Қалби поку синаи раҳм ифтихори миллат аст.
*****
Марҳабо бар дидаву бар мулки ёрон, марҳабо!
Марҳабо бар хони мо, бар Тоҷикистон, марҳабо!
Нур гирад чашми мову мулки мо аз рӯйи дӯст,
Марҳабо, бо қалби мо бар нофи Хатлон марҳабо.
Дӯст гирад дасти дӯсту ҳамзабону ҳамнажод,
Марҳабо бар хобгаҳи Мири Ҳамадон, марҳабо!
*****
Дидори туро шому саҳар ёд кунам,
Бар кокули ту шона зи шамшод кунам.
Бар даст гирам ҳар саҳарӣ лаъфу қалам,
Ман қалби туро ба шеъри худ шод кунам.
Бусам зи лабат дар шаби маҳтоби баҳор,
Маҷлиси туро ба бӯса обод кунам.
Ман май нахӯрам, шароби ишқи ту бас аст,
Ин ҷаҳди туро ба худ комёб кунам.
Аз ишқу муҳаббати ту сармаст бошам,
Ҷонам ба раҳи ишқи ту барбод кунам.
*****
Он дил, ки назар бар гули ночидаи мо кард,
Ошиқ шуду ишқи худ дар сина баҷо кард.
Бишкуфта бадар шудем бо амри Худо,
Аз сина ба даст гирифту аз даст раҳо кард.
Пажмурдашавӣ дар гули ночидаи мо дид,
Оби ҷӯйи мо хушк намуд, кори хато кард.
Андеша намуд хайр кунад бар самари мо,
Он чиз Худо хоста буд, он хости Худо кард.
Аз даври фалак касе нагардад берун,
Ишқи азалӣ чашми Зулайхо бино кард.
*****
Даруни қалби ту меҳмон шудам ман,
Баробар бо дилу бо ҷон шудам ман.
Ягон лаҳза фаромӯшам накардӣ,
Барои меҳри ту ҳайрон шудам ман.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дӯст доштани Ватан аз имон аст!

Дӯст доштани Ватан аз имон аст!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, АМОН МАҲКАМОВ
М. Ҷабборӣ: «Ба таҳсилоти духтарони деҳот бояд таваҷҷуҳи хоса зоҳир шавад»

М. Ҷабборӣ: «Ба таҳсилоти духтарони деҳот бояд таваҷҷуҳи хоса зоҳир шавад»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Модар, баҳор мисли ту зебо аст...

Модар, баҳор мисли ту зебо аст...

Фарҳанг ва адабиёт
Нинае, ки бо лутфу забондонияш дилҳоро тасхир карда

Нинае, ки бо лутфу забондонияш дилҳоро тасхир карда

Ҳаёти иҷтимоӣ
Аз мактуби кабӯтар ба «М-агент»-у «Одноклассники»

Аз мактуби кабӯтар ба «М-агент»-у «Одноклассники»

Ҷавонон ва варзиш, АМОН МАҲКАМОВ