Дар як сатр
» » ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА (Ҳангомаи Исмат)

ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА (Ҳангомаи Исмат)

31-12-2014, 22:33

ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА (Ҳангомаи Исмат)23-юми майи соли 1984 дар деҳаи Зидеҳи ноҳияи Варзоби Тоҷикистон дар хонаводаи омӯзгор ба дунё омадааст.

Пас аз хатми мактаби деҳа, тавассути квотаи президентӣ ба факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) шомил шуд.

Аз солҳои донишҷӯӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шабакаи якуми радиои Тоҷикистон ва радиои «Садои Душанбе», ҳамчунин бо нашрияи «Зиндагӣ», чопи Душанбе, ҳамкорӣ мекард.

Соли 2006 донишгоҳро бомуваффақият хатм намуда, соҳиби дипломи журналистӣ гардид.

Аз моҳи июни соли 2006 то соли 2007-ум дар нашрияи ҷамъиятии «Бомдод» ба унвони хабарнигор фаъолият намуд ва баъдтар бо нашрияи вилоятии «Ҳамрози халқ» ҳамкорӣ дошт.

Аз соли 2011-ум дар рӯзномаи вилоятии «Хатлон» ба ҳайси мудири шуъбаи адабиёт ва ҳунар фаъолият дорад.

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (аз соли 2007), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2013), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2018) аст. Ғолиби озмуни вилоятии "Неруи сухан" дар бахши "Беҳтарин таҳқиқоти журналистӣ" (2016) мебошад.

Оиладор, модари се фарзанд.


БОЙГОНИИ МАТЛАБҲОИ ҲАНГОМАИ ИСМАТ

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

МАҲБУБА АЛИМАРДОНОВА

Ҳайати эҷодӣ
Ҳайати кории нашрияи

Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"

---
МАХФИРАТ ШОИМОВА

МАХФИРАТ ШОИМОВА

Ҳайати эҷодӣ
АСАЛМО САФАРОВА (Вахшона)

АСАЛМО САФАРОВА (Вахшона)

Ҳайати эҷодӣ
НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

Ҳайати эҷодӣ