Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ТУҲФАИ «ҲИЛОЛИ АҲМАР»


ТУҲФАИ «ҲИЛОЛИ АҲМАР»


Ҷамъияти «Ҳилоли Аҳмар»-и Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тибқи Барномаи APPEAL дар гӯшаю канори кишварамон ба оилаҳои ниёзманд дасти кумак дароз менамояд. 

Ҷамъияти мазкур дар арафаи Рӯзи модар-8 март низ ин амали хайрро ба анҷом расонид. Ҷамъияти мазкур дар якҷогӣ бо шарикони рушд баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус «KOVID-19» дар доираи Лоиҳаи «Андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус (KOVID-19) дар Тоҷикистон» ба 181 оилаи ниёзманди 8 ҷамоати деҳоти ноҳияи Восеъ маводи ғизоӣ, аз қабили орд, равған ва бастаҳои донагӣ кумаки хайрия расонид. Ҳамчунин, дар ин раванд ба 30 оилаи ниёзманд ва беморони табобаташон бардавом мошинаҳои дӯзандагӣ тақдим гардид.

Ин амали хайрхоҳона ба чунин оилаҳо дар беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ кумак мерасонад. Аҳли ниёзмандон барои ин ёриву дастгириашон ба Ҷамъияти «Ҳилоли Аҳмар» ва ҳамкорони рушди он изҳори миннатдорӣ намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи барномаи  тарҳрезишуда Ҷамъияти «Ҳилоли Аҳмар» ба кормандони соҳаи тиб низ  кумак расониданд. Аз ҷумла, ба Маркази саломатии деҳаи Восеободи Ҷамоати деҳоти ба номи А. Авазов  ва   Маркази  саломатии  деҳаи   Гулистон яхдон ва тарозуи электронӣ тақдим гардид.

Паримо РАЗЗОҚОВА,

ноҳияи Восеъ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода