Дар як сатр
» » Шаҳритус. Баҳси пешгирии зӯроварӣ дар оила

Шаҳритус. Баҳси пешгирии зӯроварӣ дар оила

25-02-2015, 15:17

Шаҳритус. Баҳси пешгирии зӯроварӣ дар оилаДар ноҳияи Шаҳритус семинар-машварат дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар Тоҷикистон» доир гардид. Дар кори он масъулони бахшу шуъбаҳои кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шаҳритус, Носири Хусрав, Қубодиён,Ҷиликӯл ва Қумсангир, инчунин иддае аз бонувони фаъолу раисони маҳаллаҳои ноҳияҳои номбурда ва сарварони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ширкат доштанд.

Семинар–машваратро бо сухани муқаддимавӣ Махфират Зоирзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф гуфт, ки лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар Тоҷикистон» дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» қабул гардидааст.

Зимни баррасии он мудири шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати кишвар Ҷавоҳир Акобирова ва коршиноси ин лоиҳа Огниан Друмев тариқи усулҳои фаъоли омӯзиш доир ба моҳияту паҳлӯҳои гуногуни мавзӯи матраҳшуда нуқтаи назари хешро баён карданд.

Иштирокдорони семинар перомуни роҳҳои ҷилавгирӣ аз зӯроварӣ дар оила ва баланд бардоштани савияи маърифатнокии мардум дар бобати донистани ҳуқуқҳои хеш дар оилаю оиладорӣ табодули назар карданд.

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷайҳун. Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҷайҳун. Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ба иҷро даромадани «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон»

Ба иҷро даромадани «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Гурӯҳҳои корӣ дар навоҳии наздимарзӣ

Гурӯҳҳои корӣ дар навоҳии наздимарзӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Тандурустӣ ва экология
Конфронси бахшида ба Соли оила

Конфронси бахшида ба Соли оила

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Фидокор» робитаро бо ҷомеа густариш медиҳад

«Фидокор» робитаро бо ҷомеа густариш медиҳад

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА