Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ҲАРФИ ТАФСИРИ ЗАМОНРО МЕНИГОРАД ЖУРНАЛИСТ


ҲАРФИ ТАФСИРИ ЗАМОНРО МЕНИГОРАД ЖУРНАЛИСТ


Сухане чанд аз корномаи рӯзноманигории собиқадори матбуоти

тоҷик, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон»,

Аълочии матбуоти Тоҷикистон Нуриннисо Муртазоева

Фаъолияти журналистии Нуриннисо Муртазоева аз радиои маҳаллӣ оғоз гардида, маҳз дар радио давомдор мебошад. Пас аз хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ), соли 1978 ба зодгоҳаш-ноҳияи Қубодиён роҳхат гирифта, фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси омӯзгори мактаби миёнаи рақами 3-и ноҳия оғоз намудааст. Азбаски ноҳия навтаъсис буд, пайи ҳам ташкилоту муассисаҳо ташкил мешуданд, кадрҳои болаёқату кордон зуд ҷойи фаъолияти худро пайдо мекарданд. Ҳамин тавр, дар ноҳия зарурати ташкили радиои маҳаллӣ ба миён омад ва ӯро, ки дар ин муддат бо нашрияи маҳаллии “Шараф” ҳамкорӣ мекард, ба вазифаи мухбир-ташкилотчии радиои маҳаллӣ масъул донистанд. 

Назорат аз болои барномаи радиои маҳаллӣ, ки аслан ахбор буду муҳлати пахши он 15 дақиқа, хеле сахт буд. Ин бонуи навкор тамоми рӯз дар ташвиш буд, кӯшиш мекард, ки ҳамарӯза навигариҳои тоза пайдо намояд. 

-Гоҳе мешуд, ки дар лаҳзаҳои охирин кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия шунавонидани хабари оҷилӣ ва ё ягон супориши дигар медод ва ахбори бо заҳмат омоданамудаам дар ҷузвдон мемонду рӯзи дигар ин корро аз сари нав, бо шавқу завқи беандоза ва майли том иҷро мекардам, - ба ёд меорад Н. Муртазоева. 

Сипас, фаъолияти кориашро дар кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон идома дод. Дар ин ҷо ҳам, аввал ба ҳайси муҳаррири шуъбаи ахбор, сониян, муҳаррири калон ва сардори бахши радио кор кард, пас аз хеле сайқал ёфтанҳо ба рӯзнома ба кор гузашт. Гарчанде худро таҷрибандӯхта пиндошта бошад ҳам, вале аз рӯзҳои нахустини фаъолият эҳсос намуд, ки дар рӯзноманигорӣ бояд боз зиёд сайқал ёфт. 

Дар ҳақиқат, даврае, ки Нуриннисо Муртазоева ба матбуоти даврӣ омад, дар нисбати солҳои аввали баъди даргириҳо хеле хубу осоишта ва замони рушду пешрафти соҳа буд. Ҳукумати вақт ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти воситаҳои ахбори омма тадбирҳои қатъӣ меандешид. Бахусус, раиси онвақтаи вилоят Амиршо Миралиев ҳар сари вақт ба идораи рӯзнома омада, аз аҳволи аҳли қалам пурсон мешуд, дар ҳалли мушкилот мусоидат мекард ва аз журналистон танҳо фаъолияти самарабахшро талаб мекард. Ин таваҷҷуҳу дастгириҳо журналистонро фаъолу рӯҳбаланд мекард ва натиҷаи ҳамин буд, ки дар саҳифаҳои рӯзнома маводҳои таҳлиливу танқидӣ, суҳбату гузоришҳои ҷолибу хонданӣ ба табъ мерасиданд. 

Дар ин давра дар рӯзнома ҳайати хуби эҷодӣ, мутахассисони хушсалиқаю варзидаи соҳа, ба монанди Саттор Қарахонов, Давлатҷон Султонов, Усмоналӣ Тӯйчиев, Абубакр Чориев гирд омада, бо матлабҳои хонданиашон ҷиҳати босифату пурмазмун ба табъ расидани рӯзнома кӯшиш мекарданд. Дар ин раванд, баҳри баланд бардоштани сифату самараи маводи чопӣ ибтикор рӯйи кор омада, ба ин восита татбиқи қонуни забон, эҳёи анъанаҳои миллӣ, суннатҳои мардумӣ ва арзишҳои умумибашарӣ тарғибу роҳандозӣ мешуданд. 

Муваффақияти Н. Муртазоева дар ин давра гирд овардани ҳайати пурқуввати эҷодӣ ва даст задан ба нашри матлабҳои таҳлилию танқидӣ буд. Матлабҳои «Кашокаш ба малахи марокаш», «Духтар дар саҳна рақсона мекунад ва ё чаро майда калон намешаваду Нисоҷон пир», «Хат ғалат, иншо ғалат, имло ғалат», «Бузурге дар қадамҷои бузургон» ва як силсилаи очерку мақолаҳои дигар дар мавзӯъҳои гуногун дар байни мардум ва роҳбарон ангезиши назаррасро ба миён оварда буданд. Пешниҳодҳое, ки дар рӯзнома оид ба беҳбудии кору пешрафти зиндагӣ ба нашр расида буданд, ҳарчанд он замон дастгирӣ наёфта бошанд ҳам, вале бо гузашти рӯзгор имрӯз амалӣ гардида истодаанд, ки ин барои Н. Муртазоева ва аҳли эҷоде, ки он замон бо ӯ буданд, хеле хушоянду дилписанд аст.

Новобаста аз он ки матлабҳои рӯзнома ба иддае аз масъулин нохушоянд буд, аҳли эҷод ҳамоно таклифу пешниҳодҳои судмандро идома медоданду маводҳои ҷолибу хонданӣ ва нишонрасу пурмуҳтаво рӯйи чоп меомаданд ва ин  имкон дод, ки рӯзномаро аз ҳаҷми 4 саҳифаи формати А-3 ба 8 саҳифа расониданд. Давраи   роҳбарии Нуриннисо Муртазоева дар рӯзнома иқдомҳои наҷибу шоиста ҷиҳати беҳ шудани мазмуну муҳтавои рӯзнома пайи ҳам рӯйи кор омада, обрӯю нуфузи аҳли эҷод боло мерафт. 

- Матбуот воқеан ҳам оинаи ҳаёт аст ва дар он оина зиндагӣ бо ҳама каму кост ва бурду бохташ акс меёбад, - андеша дорад собиқадори матбуот Нуриннисо Муртазоева. - Журналистон он аксбардороне мебошанд, ки чи гуна ҷило ёфтани воқеаву ҳодисоти ҳаёт аз ҳунару маҳорати аккосии онҳо вобаста аст. Матбуот дар ҳамаи давру замон ҳамқадами ҳаёт буд ва имрӯз низ дар ин поя қарор дорад. Ин маънӣ дар суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле возеҳу равшан ифода ёфтааст: «Имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, бо таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ муҳайё месозад». 

Имрӯз, бо вуҷуди дар нафақа буданаш Нуриннисо Муртазоева ҳамроҳ бо шогирдонаш дар сафи пеши ҷабҳаи иттилоотӣ қарор дошта, ҷиҳати таҳкими истиқлолият ва тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа мавод таҳия менамояд. Мардумро ба меҳнати созандаву бунёдкорона ба хотири шукуфоии диёр раҳнамун месозад. Барои ба мардум расонидани сиёсати хирадмандона ва ҳадафҳои олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳиссаи сазовор мегузорад. 

Ҳангомаи  ИСМАТ, 

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода