Дар як сатр
» » Писари роҳгумзадаам, баргард!

Писари роҳгумзадаам, баргард!

25-02-2015, 11:48

---Номаи модари тоҷик---


Писари роҳгумзадаам, баргард!

Нафаре, ки ҳама нисбаташ арҷу эҳтиром мегузорад.

Шахсе, ки баъд аз Худованд ҳама ба бузургии ӯ бовар дорад.

Фарде, ки Паёмбари ислом (с) манзалаташро барои фарзанд болотар аз ҳар нафари дигар донистааст.

Нафаре, ки ҷасорат, матонат ва ҳам дарду ранҷ ҳамеша ӯро думболагир аст.

МОДАР…


- Писарам! Ман шоистаи ин таърифу тавсифҳо нестам. Ман худро арзандаи номи бузурги Модар намешуморам. Ман дигар тобу тоқати шунидани суханҳои ҷонхарошро надорам. Наметавонам таҳаммул кунам, ки маро модари террорист ном мебаранд. Сарамро паст кардӣ, балам...

Писарам, вақте ту рӯйи дунё омадӣ, маро ба ҷуз шодмонӣ, чизе дигар ҳамроҳ набуд. Он лаҳзаҳо шукри Худовандро ба ҷо меовардам, ки соҳиби писар шудаам. Як ҷаҳон орзуву омол доштам. Вақте дасту пойи туро даруни гаҳвора мебастам, бароят бо умеди фардо алла мегуфтам:

Писарҷонам, калон шавӣ,
Шоистаи даврон шавӣ,
Бачаи паҳлавон шавӣ,
Батавфиқу имон шавӣ.
Ҷойгири рафтагон шавӣ,
Дастгири волидон шавӣ...

Бо умеде, ки аз илми диниву дунявӣ бохабар бошӣ, болои сарат даруни гаҳвора, китоби Қуръон гузошта будам. То ин, ки рафторат намуна, гуфторат поку боадабона ва пиндорат нек бошад, Худованд туро аз ҳама бадиҳо ҳифз кунад.

Даруни қалбам, зери лаб орзу мекардам, ки рӯзе дар тани ту ҷомаи домодӣ бубинам, падар шавӣ. Армони ман бишканад, набера бубинам. Ҳамеша таманно мекардам, ки кош аз рафтори намунавиат варақ-варақ раҳматномаҳо бигирам. «Аҳсан ба чунин модар, ташаккур барои заҳматҳои кашидаат модар...» бишнавам.

Ба ин умед тамоми дороиямро, ҳастиамро бароят бахшидам, шароити хуби таълимро ба ҳадди имкон таъмин мекардам, аммо…

Замони амалишавии орзуҳоям расид ва сад шукр аз Яздони пок мекардам, ки вазифаи модариамро пурра ба ҷо оварда тавонистам. Ҳамеша дар талоши дарёфти ризқу рӯзӣ будӣ. Кӯшиш мекардӣ, ки аҳли оилаат аз чизе танқисӣ накашад. Муҳоҷир шудӣ, то мо - пайвандонат эҳсоси камбудии рӯзгорро накунем.

Писарам, мо аз ту на хонаи боҳашамат ва на мошину чизи дигар мехостем. Ҳамеша бо ту дар тамос будем ва шукрона мекардем, ки ту дар фикри оила ва наздиконат ҳастӣ. Мо кӯшиш мекардем, ки мушкилоти хонаводаро аз туи раҳдур пинҳон созем, то ин ки дар шаҳрҳои бегона, дар ғарибиҳо парешон нашавӣ.

Мутаассифона, кӯшишҳои мо ба боди фано рафт. Хабар омад, ки «писарат ба Сурия барои ҷангидан рафтааст».

Ҷигарбандам, намедонам бо чӣ гуна одамон сару кор гирифтӣ? Кӣ туро аз роҳи рост ба роҳи каҷ бурд? Чӣ гуна тоифаи одамон туро ба доми худ афтонданду ту ба ин роҳ рафтӣ? Ба гӯши ту чӣ қисса хонданд, ки якбора ба мо хабар надода, ба ҷанг рафтӣ? Дар Сурия чӣ гум кардӣ?...

Аз рӯзе, ки ин хабари шумро шунидам, ба ин суолҳо ҷавоб мекобам. Аммо чӣ гуна, аз куҷо, аз кӣ?

Мегуфтӣ, ки модарҷон, ҳеҷ гоҳе туро тарк нахоҳам кард, ҳамеша дар хизматат хоҳам буд. Аммо, афсӯс, ҳама орзуҳоямро ғӯрамарг кардӣ. Имрӯз наметавонам ба рӯйи фарзандон, ҳамсояҳо бингарам. Зеро ба худ нафрат дорам. Пеши онҳо худро гунаҳкор меҳисобам.

Имрӯз ҳама маро гунаҳкор мекунанд, гӯё муҳит нею таъсири тарбияи додаи ман туро ба ин роҳ бурдааст.

Медонӣ, писарам, бароям чӣ қадар дарднок аст, дидани зинда ба зинда сӯзондани ту, чӣ қадар аламовар аст шунидани хабари марги ту. Марге, ки ҳама дар борааш сухан мекунанд, марге, ки «ҷиҳод» гуфта, туро фиреб додаанд, марге, ки бо рехтани хуни чандин бегуноҳ ба анҷом мешавад. Марге, ки на ҷаноза дораду на қабр, марге, ки ба фарзандонат ҷавоби ҳақро гуфта наметавонам, марге, ки то дами вопасин маро ором намегузорад…

Писарам, он «ҷиҳод», ки мегӯӣ, ҷиҳоди исломӣ нест. Магар тарки волидон, аҳли хонавода ва Ватан ҷиҳод аст? Магар қатли одамони бегуноҳ ҷиҳод аст? Магар он ҳама саҳнаҳои даҳшатангезе, ки тавассути телевизион дар Сурияву Ироқ мебинем, хоси як мусалмони асил аст? Магар ман туро ҳамин тавр тарбия карда будам?!

Мисли ман имрӯз дили садҳо модари дигар реш-реш аст. Садҳо модари зори гиребончок имрӯз аз бахти сиёҳи худ нола мекунанду парешонҳол гаштаанд. Онҳо аз сарнавишти сиёҳи фарзандони ғарибу овораи дур аз Ватани худ, ҷигарбандони қурбони фанду фиреби бегонаҳогардида ва роҳгумзадаи худ наҳва мекунанд.

Оҳ, балам, ин чӣ рӯзи сиёҳе буд, ки ба сари модари пират овардӣ?!
Худо накунад, ки хабари ҷавонмарг шуданат ба гӯшам бирасад. Худо накунад, ки ҳама орзую ҳавасҳои худро ба гӯр барам, балам. Рӯзамро сиёҳ кардӣ, балам!

Ҳамеша зикри Худо мекунаму мегӯям: Парвардигоро, чӣ камбудие дар рафти тарбияи ман сар зад, ки фарзанди азизи ман ба ин роҳ рафт? Ба роҳе, ки баргаштан надорад.

Роҳе, ки оқибаташ пушаймонист. Роҳе, ки бо фиребу найранг сохта шудааст. Роҳе, ки андаруни қафас зинда ба зинда месӯзию роҳи халосӣ намеёбӣ.
Роҳе, ки дигар таъмир надорад ва танҳо доғи ҷигарсӯзи ӯ дар дили кӯчаки модари бечора мемонаду халос...
Ман аз рӯзи сиёҳ, бахти сиёҳ, фардои сиёҳ метарсам…

Таҳияи
Ҳангомаи ИСМАТ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Душман»-и ширин ё ниёиши модари зор

«Душман»-и ширин ё ниёиши модари зор

Сиёсат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Ифтихори ватандорӣ

Ифтихори ватандорӣ

Ҷавонон ва варзиш
4 таронаи дил. Барои модар

4 таронаи дил. Барои модар

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Модар, баҳор мисли ту зебо аст...

Модар, баҳор мисли ту зебо аст...

Фарҳанг ва адабиёт
Се доғи бузурги як дили кӯчаки модар

Се доғи бузурги як дили кӯчаки модар

Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА