Дар як сатр
» » Бохтар. Масъалагузориҳои содаи сокинон

Бохтар. Масъалагузориҳои содаи сокинон

24-02-2015, 16:18

Бохтар. Масъалагузориҳои содаи сокинон

"Аксар чеҳраҳо бароям шиносанд... Инҷо бояд нафароне ҳузур медоштанд, ки дар ҳақиқат арзу шикояте доранд ва мунтазиранд, ки дар ҳалли мушкилашон мо ба онҳо кӯмак мерасонем”.

Ин нуктаро Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, зимни баргузории рӯзи қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Бохтар бо таассуф изҳор кард, ки воқеан ҳам маврид дошт. Зеро мушоҳида мегардид, ки камобеш 80 дарсади ҳозирин роҳбарони ташкилот ва хоҷагиҳои соҳибнуфузи калону миёнаи деҳқонии ноҳия буданд. Ва, баъдан, суолгузории сокинон ҳам, ки аксаран ба ихтисоси замини хонаҷо ва дигар масоили содаи дар худи ноҳия ҳалшаванда рабт дошт, ҳаққонияти ин сухани садри вилоятро тасдиқ кард.

– Мо 5 оила дар як манзил зиндагӣ мекунем, - изҳор намуд Абдухалил Мунавваров. - Барои замини хона барвақт ариза дода, ҷавобашро гирифтаем. Аз шумо илтимос менамоем, ки дар масъалаи гирифтани қитъаи замин ёрӣ расонед.

Ба ҳамин маънӣ Абдулҳаннон Зубайдов, Самиаллоҳ Салимов, Абдурраҳмон Айматов, Маҳмадовуд Расулов, Абдухолиқ Қурбонов ва Муқим Назаров низ аз Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода хостори он шуданд, ки барояшон қитъаи манзил диҳад.

– Ин масъаларо фақат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон файсала карда метавонад, - посух дод раиси вилоят ба ишон. - Лекин мо ниёзи мардуми ноҳияро ба инобат гирифта, аз Ҳукумати кишвар хоҳиш кардем, ки бо ин мақсад аз ҳудуди ноҳия 90 гектар замин ҷудо намояд, ки он ҳоло дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.

Гуфтанист, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ тӯли солҳои ахир баҳри тақсими қитъаи хонаҷо барои ноҳияи Бохтар анқариб 400 гектар замин ҷудо намуда буд, ки он мувофиқи ҳисобукитоби қаблӣ, бояд ниёзи аксари кулли ҳоҷатмандонро бароварда месохт, аммо...

Зимнан, роҳҳали суолҳои зерини ба унвонии раиси вилоят гуфташуда низ, ба эҳтимоли зиёд, дар ноҳия мавҷуд буд: “Нафақаам кам аст. Агар илоҷаш бошад, онро зиёд кунед”, - хоҳиш кард Пӯлод Холиқов. “Сохтмони корхонаи саноатиамро ба анҷом расонидаам. Лутфан, ҳайати комиссияи қабули иншооти сохтмониро ба онҷо бифиристед”, - гуфт Тоҷиддин Абдуллоев. “Барои эъмори мағоза ба замин ниёз дорам”, - изҳор дошт соҳибкор Хайрулло Сангов. “Дар маркази ноҳия шуъбаи микроҷарроҳии гӯш кушодаем. Аммо бо мушкили норасоии мутахассис дучор шудаем”, - баён намуд табиби гӯшу гулӯю бинӣ Худойқул Холматов. “Мактабамонро бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ аз таъмири хушсифат баровардем. Вале мизу курсиҳо фарсудаву шикастаанд. Хоҳишмандам, ки баҳри дасрас намудани ин ҷиҳоз ба мо кӯмак расонед”, - гуфт сарвари мактаби рақами 20-и ноҳия Абдуқаҳҳор Саидмуъминов.

– Инҳо масъалаҳое ҳастанд, ки барои ҳаллашон анқариб ҳеҷ монеа вуҷуд надорад, - изҳор кард Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раис вилоят. - Агар масъулини ноҳия дурусттар чораандешӣ мекарданд, ҳоло ҳоҷат ба зикрашон намемонд.

Дар ин росто, истиқоматкунандаи дигари ноҳия Наргис Баротова - модари 5 фарзанд аз мушкили ҷиддии оилааш сухан кушод. “Як писарам ба бемории шадиди дил гирифтор аст, ки барои ҷарроҳияш 6 ҳазор доллари ИМА зарур аст. Илтимос, кӯмак намоед”, - афзуд мавсуф.

“Албатта, мо аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ба қадри имкон ёрӣ мерасонем. Аммо чун ин беморӣ бисёр ҷиддисту фурсат танг, фавран маблағ пайдо кардан зарур. Шояд ягон соҳибкоре ҳозир аст, ки ба ин оила мадад намояд?”, - суол гузошт Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар назди соҳибкорони ноҳия, ки дар толор кам набуданд. Лек, мутаассифона, касе ҳозир нашуд, то ба ин амри хайр шарик шавад.

“Дар наздиктарин рӯз ин мушкили молиявии шуморо ҳал мекунем. Фарзандатон шифо меёбад”, - пас аз радду бадали якчанд ҷумла бо сардори Раёсати тандурустии вилоят бо қатъият гуфт Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҷониби он модар.

Зимнан, муаллифи ин сатрҳо низ ба ҳайси истиқоматкунандаи ноҳияи Бохтар дар рӯ ба рӯйи аҳли ҷамъомад масъалаҳои мазкурро дар миён гузоштам: заҳбуре, ки аз ҳудуди маркази ноҳия мегузарад, солҳои мадид поккорӣ нагардидааст; бунёди нишастгоҳҳо барои тамошобинон дар варзишгоҳи асосии ноҳия чор сол боз ҳеҷ ба итмом намерасад; бо вуҷуди фароҳам будани шароит, дар ягона боғи фароғатии ноҳия василаи дилхушӣ барои кӯдакон: чархофалаку арғунчак ва ҳоказо мавҷуд нест.

Раиси вилоят аз масъалаҳои болозикр хуш пазиро шуда, изҳор кард, ки барои истироҳати хурдсолону калонсолон бояд кулли шароит муҳайё бошад, то онҳо аз бекорӣ ба ҳар гуна кирдорҳои номатлуб даст назананд. “Агар соҳибкорони ноҳия дарк мекарданд, ки аз баистифодадиҳии атраксионҳо фоидаи хеле зиёд рӯёнидан мумкин аст, ҳатман аз пайи ин кор мешуданд. Барои татбиқи мароми мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро мебояд, ки тарғибу таблиғи касбиро миёни сармоягузорони маҳаллӣ қавитар ба роҳ монад”, - изофа кард Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода.

Дар идома Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Бохтар, бо изҳори эрод нисбат ба яке аз масъалаҳои матраҳнамудаи инҷониб гуфт, ки “Барои тоза кардани заҳбур касе ба мо муроҷиат накардааст. Агар муроҷиат мекарданд, ҳал мекардем”.

Дар интиҳои ҷамъомад раиси вилояти Хатлон дар рабт ба гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарою ҷангхоҳ ба саъми ҳозирин расонид, ки аз ноҳияи Бохтар камобеш 10 тан ба созмонҳои террористии “Ансоруллоҳ”, “Толибон” ва “Ал-қоида” пайвастаанд, ки аз ин миён чанд нафар зимни ширкат дар амалиётҳои террористӣ дар кишварҳои даргир кушта шуда, иддае ба маҳкама кашида шуда, дигарон дар пайгарди қонунӣ қарор доранд. “Аз хоб, ки хестӣ, ҳавои софро нафас кашидӣ, бо ҳамсояе суҳбати самимӣ намудӣ ва ҳамроҳи фарзандон сарҷамъ нишастӣ, шукрона гуфтан даркор. Ҳарчанд “Зиндагӣ бо як тикка нону як пиёла об ҳам мегузарад” мегӯянд, аммо ҳоло дастархони ягон тоҷикистонӣ бе нозу неъмати фаровон нест. Вале агар ки дар факри бадӣ ба инсони дигар шудӣ, пас, аз “мукофот”-и он ҳам ғофил мабош”, - зам кард раиси вилоят ва дастур дод, ки баҳри ҷилавгирӣ аз таъсири афкори зиёдараву тундгаро дар кӯтоҳмуддат тадбирҳои муассир амалӣ карда шаванд.

Гуфтанист, ки дар соли 2015 ин нахустин рӯзи қабули сайёри раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода буд ва дар назар аст, ки ба хотири файсалаи сарҳангоми мушкилоти шаҳрвандон давоми сол, чун солҳои қаблӣ, он дар дигар шаҳру навоҳии вилоят низ баргузор гардад.

Зокир ҲАСАН


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Вохӯрии раиси вилоят бо сокинони ноҳияи Хуросон

Вохӯрии раиси вилоят бо сокинони ноҳияи Хуросон

Хабарҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Шӯрообод. Бозсозии 1,5 км роҳҳои маркази ноҳия бо сарфи 3 миллион сомонӣ

Шӯрообод. Бозсозии 1,5 км роҳҳои маркази ноҳия бо сарфи 3 миллион сомонӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Рӯзи қабули шаҳрвандон. Аз масъалаҳои ҳалшаванда то ҳалнашаванда (Гузориш)

Рӯзи қабули шаҳрвандон. Аз масъалаҳои ҳалшаванда то ҳалнашаванда (Гузориш)

Сиёсат, Хабарҳо, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ
Д. Гулмаҳмадзода: «Агар муаллим дуздӣ кард, кӯдак фардо кӣ мешавад?!»

Д. Гулмаҳмадзода: «Агар муаллим дуздӣ кард, кӯдак фардо кӣ мешавад?!»

Сиёсат, Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ
Қабули сайёри раиси вилоят дар ноҳияи Бохтар

Қабули сайёри раиси вилоят дар ноҳияи Бохтар

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА