Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » АВРОҚИ РАНГИНИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ


АВРОҚИ РАНГИНИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ


(Идома аз шумораи 11)

Соли 1997. Баландпоятарин рӯйдоди ин сол баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон метавон арзёбӣ намуд, ки он 27 июн дар шаҳри Москва ба вуқӯъ пайваст.   Дар ин муддат (оғоз аз 5 апрели соли 1994) байни Ҳукумати қонунӣ ва ИНОТ 3 машварати байниҳамдигарии тарафҳо ва 6 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари иттиҳоди неруҳои мухолифи-ни тоҷик С. А. Нурӣ  баргузор гардидааст. Дар рафти ин мулоқотҳо 9 санади асосӣ, ки асоси “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон”-ро дарбар мегирифт, қабул шуданд. Баъдан ин санаи муайянкунандаи роҳи ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба рӯихати рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дохил гардида, ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад.

Оштии тарафҳоро, ки аслан як миллати соҳибтамаддунанд ҷаҳониён баҳои сазовор дода, роҳи бадастоии онро мактаби таҷриба хонданд. Аз ҷумла,  собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофе Анан чунин баҳо додааст: “Тоҷикистон дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ барои бисёр мамлакатҳои дигар намунаи беназир армуғон овард ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа, қобили омӯзиш ва истифода мебошад”.

Маҳз ҳамин санади тақдирсоз ба қалби мардуми гуреза боварии қатъӣ бахшид ва бо мурури вақт ба ватан баргаштанд.     

Дар ҳамин замина, баҳри амалигардии санадҳои баимзорасида оид ба “Созишномаи умумӣ” Комиссияи оштии миллӣ бо шумораи баробари ҷониби Ҳукумат ва мухолифин  барои солҳои 1997-2000 таъсис ёфт, ки чорабиниҳои ба иҷро расондаи онҳо дар ин самт нақши босазо дорад. Ин мақомоти муваққатӣ (КОМ) фаъолияти худро аввал дар Москва (7-11 июл)  оғоз бахшид. Баъдан то соли 2000-ум дар шаҳри Душанбе кор бурда, вазифаҳои  худро бомуваффақона ба иҷро расонид. Душманон чун диданд, ки ақлҳои солим ба ҳам омад, тарафҳо баҳри пойдории давлат ва ҳастии миллат ба мувофиқа омаданд, ноумед гаштанд, вале аз нияташон даст накашиданд. Ин дафъа сӯиқасд ба ҷони Сарвари давлатро тарҳрезӣ намуданд. Дар оғози баргузории яке аз ҷаласаҳо дар шаҳри Хуҷанд ба ҷони  Сарвари давлат сӯиқасд ташкил намуданд. Гӯё ба ҳадаф расиданд. Вале Худованд накукоронро дӯст медорад. Сарвари давлат фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон аз зарби тир ҷароҳат бардошта бошад ҳам, вале бе тарсу ҳарос изҳор дошт: “Душманони миллат ба мақсад нарасиданд ва ҳеҷ гоҳ нахоҳанд расид”.  Дар ҳақиқат, барои давлату миллате, ки баъди ҳазор сол истиқлолият ба даст оварду бадхоҳон онро маҳв карданӣ буданд, чунин сарвар чун обу ҳаво зарур буд, ки раъиятро ба зиндагии шоиста раҳнамун бошад. Баъди ин сиёсатмадорону таърихнигорон, зиёиёну роҳбарони олимартабаи кишварҳои мухталиф таҷрибаи сулҳи бадастовардаро дар Тоҷикистон мактаби ибрат хонданду Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро Меъмори ваҳдат ...

Моҳи июл Ҳаракати умумихалқии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис ёфт, ки мақсаду маром ва ҳадафи онро Президенти мамлакт Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ 12 ноябри соли 1997 чунин шарҳ дод: “Ҳаракати умумихалқии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон як ҳаракати васеи умумимиллӣ ватандӯстонаи шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки мақсади асосиаш муттаҳид гардонидани оммаҳои васеи халқ, қувваҳои гуногунақида ва гуногунмайли ҷамъиятиву сиёсии ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар роҳи мустаҳкам гардонидани ваҳдати миллӣ ва сафарбар намудани ин қувваҳо барои тараққиёти иқтисодӣ ва эҳёи тамоми ғановатҳои таърихию фарҳангии тоҷикистониён мебошад”.

Бо вуҷуди он, ки тарафҳо ба муофиқа омада санади сулҳро имзо гузоштанд ҳанӯз дастаҳои хуношон дар баъзе минтақаҳои кӯҳиву водӣ ба бедодгарӣ машғул буданд. Вале мақомотҳои қудративу мудофиавии кишвар онҳоро саркуб менамуданд. Яроқ-бадастон бо кирдорҳои сиёҳу зишти худ нақши хиёнаткори давлату миллатро дар  зодномаашон гузоштанд. Бехабар аз он буданд, ки гуфтаанд:

Кас натвонад гирифт

домони давлат ба зӯр, 

Кӯшиши беҳуда аст

вусма бар абрӯи кӯр.

Номи қаҳрамонони шуҷоъ-муҳофизони давлату миллат, ин сарзамини аҷдодӣ дар сархати қадрдониҳои Ҳукумат қарор дошт. Оғоз аз моҳи сентябри соли 1997 то моҳи майи 1998-ум 31 низомӣ (аз ҷумла 10 нафар ҳалокшудагон) бо ордени «Спитамен», 8 ҷанговар баъди марг бо ордени «Шараф», 140 нафар ҷанговарон, аз ҷумла 49 ҳалокшуда, бо медали «Ҷасорат» сарфароз гардиданд. 

Рӯйдоду навигариҳои дигар дар ин сол, аз ҷумлаи инҳоянд:  Коллеҷи техникӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами № 49 аз 17-уми январи соли 1997 дар заминаи техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе таъсис ёфта, ба сифати муассисаи давлатии таълимии техникӣ ба фаъолият пардохт. Баъдан бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 5-уми декабри соли 1997 техникуми индустриалии шаҳри Душанбе ва 1-уми октябри соли 2009 коллеҷи политехникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ (собиқ политехникум) низ ба коллеҷи техникӣ ҳамроҳ карда шуданд. Коллеҷи техникӣ аз рӯйи сохтори тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, иҷрои Стандартҳои давлатӣ ва нақшаҳои таълимиро таъмин менамояд.

Мутобиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон аз 24 феврали соли 1996 № 423 «Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таълими рӯзона» ва аз 6 ноябри соли 1996 № 609 «Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ» ва бо мақсади дастгирии ҳаматарафа ва ҳавасмандонии аспирантҳо, донишҷӯёни боистеъдод ва ояндадор аз 1 январи 1997 стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Баробари ба даст омадани сулҳу ваҳдат тинҷиву амонӣ, осоиштагӣ дар мамлакат ҳамдигарфаҳмии мардум боло гирифт, баҳри рушди соҳаҳо ба кор часпиданд. Таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ низ бештар гардид. Нақшасозиҳои ҳадафҳои стратегӣ оғоз ёфтанд.

Ахиран  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон аз 1 декабри соли 1997, №874 боз 25 ҳазор гектар замин  (бори аввал аз 9 октябри соли 1995-ум 50 ҳазор гектар замин), ҷамъ 75 ҳазор гектар замин барои истифода ба хоҷагидорон ҷудо карда шуд, ки ин амал ба таъминоти аҳолӣ бо озуқа мусоидати хуб кард. Пас аз қабул гардидани асноди мазкур як қисми бекори аҳолӣ ба кор ҷалб гардид, ки он барои ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ аҳамияти калон дошт... 

(Идома дорад)

Исматуллои Гули ОЛИМ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода