Дар як сатр
» » Баҳодурзода ба табрики сарбозон рафт

Баҳодурзода ба табрики сарбозон рафт

24-02-2015, 14:44

Дар доираи таҷлили 22-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии воқеъ дар ноҳияи Носири Хусрав, ки ба тозагӣ навсозӣ шуд, ҷамъомад доир гардид.
Баҳодурзода ба табрики сарбозон рафт

Дар ҷамъомади мазкур Абдуҷаббор Баҳодурзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Рамазон Оймаҳмадзода, и.в. раиси ноҳия, Сафаралӣ Убайдуллоев, сардори Шабакаҳои барқи ҷанубӣ, Ҳ. Мирзоев, сардори Раёсати қӯшунҳои сарҳадии вилояти Хатлон ва дигарон иштирок доштанд.

Нахуст бо садо додани Суруди миллӣ, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуда, сипас, меҳмонон сарбозону афсаронро ба муносибати солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ самимона шодбош гуфта, барояшон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Сипас, меҳмонон аз иншоотҳои маишии навсохта ва таъмиркардашуда дидан намуда, ба кори сохтмончиён баҳои баланд доданд.

Ҳамчунин вохӯрии хонандагони аълохони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ноҳия бо шароити зисту хизмати сарбозону афсарон барпо шуд, ки онро хонандагон бо хушӣ қабул намуданд.

Дар охир аз ҷониби ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳияи Носири Хусрав барои сарбозону афсарони дидбонгоҳи мазкур барномаи хуби консертӣ пешкаш гардид.

Гуфтан бамаврид аст, ки сар карда аз нимаи дуюми соли 2014 дар дидбонгоҳи сарҳадии "Сангоба” бо маблағи умумии 270 ҳазору 330 сомонӣ аз ҳисоби идораю ташкилотҳои ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав ду хонаи истиқоматӣ барои афсарон, ҳаммоми сарбозон, истгоҳи мошинҳо, анбори хӯрока сохта шуда, ҳамчунин 2 километр роҳи ҳудуди дидбонгоҳ сангфарш ва атрофаш деворпеч карда шуд. Ба замми ин, хобгоҳ ва худи бинои дидбонгоҳ аз нав таъмир карда шуд.

Ҳамчунин аз ҷониби ширкати «Барқи Тоҷик» ба ин дидбонгоҳ бо маблағи зиёда аз 119 ҳазор сомонӣ хати алоҳидаи барқ кашида шуда, як адад трансформатори нав шинонида шуд.
Баҳодурзода ба табрики сарбозон рафт

Ба замми ин, рӯзи 23-юми феврал дар толори Қасри фарҳанги ноҳия ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ чорабинии ботантана доир гардид, ки дар он раиси ноҳия, муовинони раиси ноҳия, роҳбарону кормандони идораю ташкилотҳо иштирок доштанд.

Пас аз суханронии табрикии Рамазон Оймаҳмадзода, и.в. раиси ноҳия, аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия як барномаи консертии ҷолиб, ки иборат аз таронаю оҳангҳои ватансароӣ буд, пешкаши аҳли толор гардид.

Рустами САФАР


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Хабарҳо
Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ

Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Афсарон - ҳомиёни Ватан»

«Афсарон - ҳомиёни Ватан»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Восеъ. Ҳадяҳо ба сарбозон

Восеъ. Ҳадяҳо ба сарбозон

Хабарҳо
Носири Хусрав дорои 9 бунгоҳи нави тиббӣ шуд

Носири Хусрав дорои 9 бунгоҳи нави тиббӣ шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА