Дар як сатр
» » Баъди 27 феврал ҳаво гармтар мешавад

Баъди 27 феврал ҳаво гармтар мешавад

24-02-2015, 10:48

Баъди 27 феврал ҳаво гармтар мешавад

Ҳавои сарду барфӣ дар қаламрави вилояти Хатлон то рӯзи 26 феврал идома хоҳад кард. Дар ин бора Муассисаи давлатии обу ҳавосанҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳоло дар Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва аксар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон барф меборад. Дар маркази маъмурии вилоят ин нахустин барфи чашмраси зимистон мебошад. Тайи чанд моҳи ахир ба ин ҳад бисёр наборида буд. Имрӯз ҳаво дар Қӯрғонтеппа аз сифр то 2 дараҷа гарм аст. Шабона ҳам бориши барф пешгӯӣ шуда, дамои ҳаво то 3 дараҷаи зери сифр поин хоҳад рафт.

Фардо, 25 феврал, рӯзона ҳарчанд ҳаво абрӣ хоҳад буд, бориши барф пешгӯӣ намешавад. Ҳарорат то 2 дараҷа мерасад. Аммо шабона ҳаво сардтар ва барфӣ хоҳад шуд. Шамол дар ин рӯзҳо то 7 метр дар як сония мевазад.

Аммо рӯзҳои 27-28 феврал ҳавои бебориш ва нисбатан гарм пешбинӣ шуда, ҳарорат то 4-8 дараҷа хоҳад расид. Дар рӯзи интихоботи Маҷлиси Олӣ, яъне 1 март, ҳавои офтобӣ дар назар аст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Барфи аввал дар Қӯрғонтеппа (видео)

Барфи аввал дар Қӯрғонтеппа (видео)

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҳаво гармтар мешавад

Ҳаво гармтар мешавад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Барфи аввал ва нигаронии кишоварзон

Барфи аввал ва нигаронии кишоварзон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҳавои боронӣ то 16 феврал идома мекунад

Ҳавои боронӣ то 16 феврал идома мекунад

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҳаво дар Хатлон сардтар мешавад

Ҳаво дар Хатлон сардтар мешавад

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА