Дар як сатр
» » Даст кашидани се номзад аз ширкат дар интихобот

Даст кашидани се номзад аз ширкат дар интихобот

24-02-2015, 07:14

Даст кашидани се номзад аз ширкат дар интихоботСе нафар дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Фархор-34 номзадиашонро ҷиҳати иштирок дар интихоботи парлумонӣ бозпас гирифтанд. Инҳо Нуриддин Азаматов, намояндаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Сафаралӣ Шарифов, намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Мавлонбӣ Тӯраева, худпешбар, мебошанд.

Насрулло Валиев, раиси Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Фархор-№34 ба АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки акнун дар интихоботи қарибулвуқӯи парлумонӣ дар ҳавзаи мазкур се номзад - Саидҷаъфар Исмонов, намояндаи Ҳизби демократии Тоҷикистон, Зайниддин Юсуфов, намоянда аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Юсуфхон Сайфиддинов, ки худпешбар аст, бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Фархор 65 участкаи интихоботӣ созмон дода шудааст, ки аз он 45 ададаш дар ҳудуди ноҳияи Фархор ва 20-тои дигараш дар чор ҷамоати ноҳияи Панҷ мавҷуд аст. Инчунин аз ин теъдод ду қитъаи овоздиҳӣ дар ҳудуди қисмҳои низомӣ ташкил шудааст.

Дар ҳавзаи интихоботии Фархор-34 беш аз 100 ҳазор нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст, ки 1908 нафари онҳо бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд. 9590 нафар интихобкунанда дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

12 номзади ҲХДТ дар ҳавзаҳои якмандатии Хатлон пирӯз шуданд

12 номзади ҲХДТ дар ҳавзаҳои якмандатии Хатлон пирӯз шуданд

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
ҲХДТ барандаи интихоботи парлумонӣ шуд

ҲХДТ барандаи интихоботи парлумонӣ шуд

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қурбонзода аз се рақибаш маҳрум шуд

Қурбонзода аз се рақибаш маҳрум шуд

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Бақайдгирии 4 номзад дар ҳавзаи «Қӯрғонтеппа-26»

Бақайдгирии 4 номзад дар ҳавзаи «Қӯрғонтеппа-26»

Сиёсат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаҳои якмандата ба анҷом расид

Пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаҳои якмандата ба анҷом расид

Сиёсат, Хабарҳо