Дар як сатр
» » Ҳифзи оромии Ватан барои мо қарз аст

Ҳифзи оромии Ватан барои мо қарз аст

23-02-2015, 07:01

Ҳифзи оромии Ватан барои мо қарз аст

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТШОҲ ГУЛМАҲМАДЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ВА ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Ҳамдиёрони азиз!

Имсол аз таъсиси Артиши миллии кишвар 22 сол пур мешавад ва дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ Артиши миллии Тоҷикистон дар бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ, омӯзиши ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани омодагии ҷангӣ ва умуман, дар роҳи пурзӯр намудани қудрати дифоии кишвар қадамҳои устувор гузошт.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар давоми солҳои мавҷудияти худ барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ба эътидол омадани вазъи сиёсиву ҳарбӣ, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ фидокорона ва далерона хизмат кард. Артиши миллии Тоҷикистон дар шароите таъсис ёфт, ки ҳеҷ пойгоҳи аввалия ва ё заминаҳои моддию техникии ҳарбӣ дар мамлакат вуҷуд надошт.

Коршиносони дохилию хориҷӣ низ эътироф мекунанд, ки Тоҷикистон ягона кишварест, ки аз Шӯравӣ меросе набурдааст. Дар ҳоле ки дигар давлатҳои собиқ Иттиҳод ба моликияти ҳарбию низомӣ даст ёфта, ҳаққи хешро бо худ бурданд. Дар чунин вазъият Артиши миллии мо роҳи печидае дошт, ниёз ба афсарони соҳибтаҷриба дар Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб рафта, ҷалби ҷавонони қобили хизмат низ ба ҷузъу томҳо кори саҳл набуд. Пӯшида нест, ки дар ҳамон давра шумораи зиёди сарбозон ба иллати заифии тартибу низом ва шароити маишӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, пеш аз муҳлат хизматро тарк мекарданд. Вале новобаста аз ин, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти таъмини якпорчагӣ, мубориза алайҳи дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошӯбу кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии тундгароён ва ҳифзи сарҳади давлатиро содиқона анҷом доданд.

Чораҳои саривақтӣ, дастгирии бевосита ва сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имконияти мусоид фароҳам овард, ки Артиши миллиамон дар кӯтоҳтарин муддат рушду такомул ёбад ва ба воқеиятҳои амнияти байналмилаливу минтақавӣ расад.

Дар ин замина диққати асосӣ баҳри сайқал додани омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, болоравии малакаю маҳорати касбӣ, интизоми ҳарбӣ, риояи қонунияти тартиботи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳамзамон такмили донишу малакаи ҳайати шахсии қисму воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳ равона карда шуд. Зеро Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидо бо мақсади ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъияти кишвар ба ташкили воҳидҳои зарурии низомӣ, аз ҷумла қӯшунҳои хушкигард, зудамал, дохилӣ, қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва таъминоти онҳо бо иншоот, техника ва лавозимоти ҳарбӣ, инчунин тарбияи кадрҳои соҳибихтисос кӯшиш карда, сарфи назар аз душвориву мушкилоти зиёд, ҳалли ин масъалаҳо тадриҷан таъмин гардиданд.

Хушбахтона, имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ мавқеи хоса дошта, артишҳои аъзои ин Созмон дар доираи мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ, сепаратизм, ҳамчунин баҳри сайқал додани омодагии ҷангии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои худ пайваста машқҳои муштарак доир менамоянд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки зарурати ҳалли проблемаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ баробари таъмин гардидани суботи сиёсӣ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид ва муосир равона карда, ин роҳро идома дода истодааст. Дар айни замон мушкилоти марбут ба шароит ва таъминоти моддии сохторҳои низомӣ асосан бартараф карда шуда, дар доираи ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ сохтмон ва азнавсозии инфраструктураи қисмҳои низомӣ вусъат ёфта, бо ин мақсад мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ саҳми худро дар доираи имкониятҳои мавҷуда гузошта истодааст.

Вале, бояд таъкид кард, ки гарчанде қобилияти касбии Артиши миллии Тоҷикистон дар муқоиса ба чанд соли пеш тақвият ёфта бошад, ҳоло ҳам мушкилоти ҷузъӣ, аз ҷумла дар ҷалби ҷавонон ба Артиши миллӣ ва паст будани сатҳи дониши ҳарбии даъватшавандагон мушоҳида мегардад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки насли имрӯзаро дар рӯҳияи қаҳрамонию диловарӣ, ҷасорат, муҳаббати зиёд доштан ба халқу диёри худ ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро қарзи фарзандии худ донистан тарбия намоем. Ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат қарз аст.

Сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ бояд ҳомиёни воқеии кишвар ва амнияти мардум бошанд ва ҳамчун нерӯи тавонои мудофиавӣ ташаккулу такомул ёфта, халқу давлатро боэътимод созанд, ки марзу буми кишвар таҳти муҳофизати ҳушёронаи онҳо қарор дорад. Ва мо итминони комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон чунин қудрату нерӯ ва қобилияту зиракиро доранд ва ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи модар - Ватан ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омодаанд.

Бо ин ниятҳои нек ҳайати шахсии ҳамаи ҷузъу томҳо, тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони вилоятро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуда, ба ҳомиёни воқеии кишвар саломативу хонаободӣ дар ҳифзи осудагиву оромии Ватан барори кор ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.

Идатон муборак, муҳофизони далеру шуҷои Ватан!


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Хабарҳо
Пешсафони маъракаи даъвати аскарӣ

Пешсафони маъракаи даъвати аскарӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Артиши сулҳовари мо

Артиши сулҳовари мо

Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Ҷоизаи «Суруди сарбоз» кӣ ба даст меорад?

Ҷоизаи «Суруди сарбоз» кӣ ба даст меорад?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Сарсупурдаҳои Ватан

Сарсупурдаҳои Ватан

Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА