Дар як сатр
» » Хуросон. Ифтитоҳи бинои нави комиссариати ҳарбӣ

Хуросон. Ифтитоҳи бинои нави комиссариати ҳарбӣ

21-02-2015, 16:05

Хуросон. Ифтитоҳи бинои нави комиссариати ҳарбӣБинои нави дуошёнаи комиссариати ҳарбӣ дар ноҳияи Хуросон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи он Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон, ширкат варзид. Бинои нави комиссариат аз ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, бунгоҳи даъват ба хизмати ҳарбӣ иборат буда, бо дастгирии молиявии фонди захиравии президенти Тоҷикистон бунёд карда шудааст.

Гуфта мешавад, ки ояндаи наздик сохтмони биноҳои нави комиссариатҳои ҳарбӣ дар шаҳру навоҳии як қатор минтақаҳои ҷумҳурӣ дар назар аст.

Пас аз анҷоми маросими ба истифода додани бино вазири мудофиа бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳли ҷомеа мулоқот ороста, доир ба масъалаҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва беҳбуди сифати маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи кишвар суҳбат кард.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Хабарҳо
Оғози маъракаи даъвати аскарӣ

Оғози маъракаи даъвати аскарӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ

Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Мо ҳомиёни ин Ватанем»

«Мо ҳомиёни ин Ватанем»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Барои ҷиҳозонидани як синфхонаи омодагии ҳарбӣ 8 ҳазор сомонӣ зарур будааст

Барои ҷиҳозонидани як синфхонаи омодагии ҳарбӣ 8 ҳазор сомонӣ зарур будааст

Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ