Дар як сатр
» » САИДАЛӢ БОБОХОНОВ

САИДАЛӢ БОБОХОНОВ

31-12-2014, 22:23

САИДАЛӢ БОБОХОНОВХатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Фаъолияти рӯзноманигории худро соли 1973 дар нашрияи ноҳиявии ноҳияи «Ба пеш»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оғоз намуд. Аввал ба сифати ходими адабӣ, сипас ба ҳайси мудири шуъба адои вазифа кард.

Баъди таъсис ёфтани рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», соли 1980 ба ҳайати эҷодии ин нашрия пайваст. То соли 1994 дар ин рӯзнома дар вазифаи мудири шуъба, котиби масъул ва муовини сармуҳаррир кор кард.

Сипас, соли 1994 ба телевизиони вилоят даъват карда шуд. Дар ин ҷо вазифаҳои директори барномаҳо, муовини сардор ва аз соли 2001 то ба нафақа баромадан масъулияти роҳбарии идораи телевизион ва радиои вилоятро ба зимма дошт.
Дар давраи роҳбарии С. Бобохонов ҳайати эҷодии телевизион ва радио боз ҳам ташаккул ёфта, мукаммал гардиданд. Радио вилоят, ки қаблан дар бинои куҳнаю вайрона ҷойгир буд, ба ҷой нав – бинои телевизиони вилоят кӯчонида шуд. Бо талошҳои ӯ ТВ «Хатлон» соҳиби шабакаи алоҳида гардид. То он вақт барномаҳои телевизиони вилоят аз тариқи Шабакаи якуми ТВТ ҳамагӣ дар ҳаҷми як соат пахш мегардид.

Дар давоми 40 соли рӯзноманигорӣ шогирдони зиёдеро ба камол расондааст, ки алҳол онҳо дар расонаҳои гуногуни иттилоотӣ ва соҳаҳои дигари хоҷагии халқи ҷумҳурӣ кор карда истодаанд.

Ҳоло дар идораи рӯзномаи «Хатлон» ба ҳайси мушовири сармуҳаррир кор мекунад.

Саидалӣ Бобохонов муаллифи китобҳои «Атои парвардигор», «Меҳрнома», «Вақте Сталин занг мезад» ва «Зиндагӣ ба хотири фардо» мебошад.

Барои хизмати содиқона ба Ватан бо ордени «Шараф» сарфароз гардонида шудааст.


БОЙГОНИИ МАТЛАБҲОИ САИДАЛӢ БОБОХОНОВ

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таъсиси ансамблҳои рақсӣ дар Қӯрғонтеппа

Таъсиси ансамблҳои рақсӣ дар Қӯрғонтеппа

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ганҷи «Баҳористон» - дастраси умум

Ганҷи «Баҳористон» - дастраси умум

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
САТТОР ҚАРАХОНОВ (С. Аттор)

САТТОР ҚАРАХОНОВ (С. Аттор)

Ҳайати эҷодӣ
Ҳайати кории нашрияи

Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"

---

ҲУСЕЙН МАЛИКОВ

Ҳайати эҷодӣ