Дар як сатр
» » Балҷувон. Бинои нав дар беморхонаи марказӣ

Балҷувон. Бинои нав дар беморхонаи марказӣ

20-02-2015, 10:10

Балҷувон. Бинои нав дар беморхонаи марказӣТатбиқи «Лоиҳаи сохтмони бинои иловагӣ барои Беморхонаи марказии ноҳияи Балҷувон» ба анҷом расид.

Дар чаҳорчӯби лоиҳаи мазкур, ки бо мусоидати Ҳукумати Ҷопон амалӣ гардид, барои дар ҳудуди беморхонаи марказӣ бинои нав сохта шудааст. Ба иттилои сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, бинои навбунёд дорои 8 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраи ташхис ва муолиҷа барои шуъбаи акушерӣ ва гинекологӣ, ҳуҷраи касалиҳои сирояткунанда, дандонпизишк, ҷарроҳӣ ва урологӣ аст.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷопон барои ноҳияи Балҷувон 102 ҳазору 371 доллари амрикоӣ ҷудо гардид.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳамкории Ҷопон дар бозсозии мактабҳои деҳотӣ

Ҳамкории Ҷопон дар бозсозии мактабҳои деҳотӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Бунёди мактаби нав дар Ёвон

Бунёди мактаби нав дар Ёвон

Хабарҳо, Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҷиликӯл. Ифтитоҳи маркази нави саломатӣ

Ҷиликӯл. Ифтитоҳи маркази нави саломатӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Маркази бонувон дар Қумсангир

Маркази бонувон дар Қумсангир

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Темурмалик. Бунёди бинои мактаб дар Кушкия

Темурмалик. Бунёди бинои мактаб дар Кушкия

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА