Дар як сатр
» » НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

31-12-2014, 22:19

НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА16 марти соли 1984 дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Пас аз анҷоми таҳсил дар МТМУ №12-и шаҳри Қӯрғонтеппа, соли 2001, шомили факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуда, онро соли 2006 бо дипломи аъло хатм кардааст.

Собиқаи кории ӯ аз замони донишҷӯияш оғоз гардида, дар мактаби №59-и шаҳри Душанбе як сол омӯзгорӣ, баъдан дар расонаҳои иттилоотии миллию байналмилалӣ хабарнигорӣ кардааст.

Солҳои 2004-2005 муовини директори бахши хабарии «Русское радио-Ориёно» (ш. Душанбе) буд.

Солҳои 2008-2010 сармуҳаррири «Ҳамрози халқ», нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, буд.

Аз соли 2011 дар рӯзномаи вилоятии «Хатлон» ба ҳайси мудири шуъбаи ахбор ва омӯзиши афкори омма ва аз моҳи сентябри соли 2015 дар мақоми муовини сармуҳаррир кор мекунад.

Мураттиб ва муҳаррири маҷмӯаи «Чеҳраи Хатлон» (Душанбе: «Русская литература», 2013. – 562 саҳ.), муаллифи рисолаи «Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюл ва дурнамои рушд» (Душанбе: «Ирфон», 2015. – 205 саҳ.), китоби «Аз ҷудоӣ то ошноӣ» (Душанбе: «Ирфон», 2017. – 339 саҳ.) мебошад.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Аврупо, Қирғизистон такмили ихтисос кардааст.

Узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (аз соли 2004), дорандаи Ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (2013, 2015), Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005, 2012), Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2009) аст.

Лауреати Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2016, ғолиби озмуни эҷодии «Неруи сухан» дар бахши «Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ» (2017), барандаи Ҷоизаи ба номи Пайванди Гулмуродзода дар бахши «Тадқиқоти илмӣ дар соҳаи журналистика» (2018) мебошад.


БОЙГОНИИ МАТЛАБҲОИ НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюлҳо ва дурнамои рушд» ба чоп расид

«Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюлҳо ва дурнамои рушд» ба чоп расид

Хабарҳо, Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҳайати кории нашрияи

Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"

---
МАХФИРАТ ШОИМОВА

МАХФИРАТ ШОИМОВА

Ҳайати эҷодӣ
АСАЛМО САФАРОВА (Вахшона)

АСАЛМО САФАРОВА (Вахшона)

Ҳайати эҷодӣ
ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА (Ҳангомаи Исмат)

ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА (Ҳангомаи Исмат)

Ҳайати эҷодӣ