Дар як сатр
» » «Корвони китоб» барои сарбозони Хатлон

«Корвони китоб» барои сарбозони Хатлон

18-02-2015, 15:30

«Корвони китоб» барои сарбозони ХатлонИмрӯз, 18 феврал, бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар қисми ҳарбии гарнизони шаҳри Қӯрғонтеппа ва қисми ҳарбии 45/989-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Вахш чорабинии фарҳангие бо номи «Корвони китоб» барпо гардид.

Ин чорабинӣ ба 22-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, қарор аст, ки дар ҳамкорӣ бо Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят низ идома кунад.

Ба иттилои Шоҳзод Раҳимов, мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, ҳадафи «Корвони китоб» таъмини китобхонаи қисмҳои низомии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо китобҳои бадеӣ, илмӣ ва таълимӣ мебошад.

- Рӯзи 20 феврал дар қисми ҳарбии 07/017-и Вазорати мудофиа дар ноҳияи Бохтари вилоят ва 21 феврал дар қисми низомии 26/28-и шаҳри Қӯрғонтеппа Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, мулоқоту вохӯриҳо, озмуни «Зуд бош сарбоз», «Корвони китоб» ва мусобиқаҳои гуногуни ҳарбӣ-варзиширо дар нақша дорад, - зикр кард Ш. Раҳимов.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Силсилаи мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷавонони  ...

Силсилаи мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ҷавонони ...

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Корвони рӯзноманигорон» дар вилояти Хатлон

«Корвони рӯзноманигорон» дар вилояти Хатлон

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Суруди сарбоз» - гулчини сурудҳои ватандӯстона

«Суруди сарбоз» - гулчини сурудҳои ватандӯстона

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Вахш. Аксияи интихоботӣ

Вахш. Аксияи интихоботӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Мулоқот бо сарбозон ва ҷавонони фаъол

Мулоқот бо сарбозон ва ҷавонони фаъол

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният