Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ҶАМЪОМАД БАХШИДА БА ҶАШН


ҶАМЪОМАД БАХШИДА БА ҶАШН


Яке аз иқдомҳои беҳтарине, ки дар сиёсати давлатдорӣ ба он диққати ҷиддӣ дода мешавад, ин баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад.

Дар Раёсати ВКД вилояти Хатлон ҷаласаи Шӯрои занон   доир гардид. 

Дар ҷаласа раиси Шӯрои занони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Хушвахтзода Бибихол Ғафур, муовини сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Ҷумахонзода Зебунисо Ҷумахон, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода, раиси Шӯрои занони РВКД дар вилояти Хатлон полполковники милитсия Офоқи Қодириён, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон» Асалмо Сафарзода ва кормандзанони милитсияи дастгоҳи Раёсат, ШВКД дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷузъ томҳои он ширкат варзиданд.

Ҷаласаро муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Толибҷон Назарзода оғоз бахшида,  дар мавзӯи баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа суханронӣ намуд. 

Мавсуф таъкид дошт, ки хизматҳои пайвастаи Пешвои миллат дар роҳи расидан ба қадру қимат ва эҳтироми Зан-Модар, ки тарбиятгари наслҳо ва бузургтарину муқаддастарин инсон ба ҳисоб меравад, бағоят бузург аст.

Раиси Шӯрои занони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Хушвахтзода Бибихол Ғафур дар бораи лоиҳаи Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба  «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» баромад намуда, зикр кард, ки зани тоҷик дар баробари он, ки ҳамчун тарбиятгар дар оила рисолати модарӣ, ҳамсариро ба ҷо меорад, инчунин, сарбаландона аз уҳдаи роҳбариву фаъолият дар сиёсат низ мебарояд ва метавонад дар дилхоҳ соҳа кору фаъолияти самарабахш намояд.

Дар ин раванд кормандзанони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ошкору пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон зиёд буда, вазифаҳои масъулиятноки роҳбарикунандаро низ ба дӯш доранд.

Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, иброз дошт, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санаду меъёрҳои дахлдор нисбати мақоми зан дар ҷомеа ва таҳсилу кор кардан дар идоракунии давлатӣ имконият фароҳам омадааст. Дар ин бора дар Паёми имсолаи чунин дарҷ гардид:   «Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем».

Ин аст, ки имрӯзҳо шумораи занон  дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо меафзоянд.

Дигар иштирокдорони ҷаласа низ аз таваҷҷуҳу эътибори доимии Пешвои муаззами миллат нисбати занон изҳори қанотамандӣ намуданд. Воқеан, имрӯз бонувони кишвари мо дар ҳама ҷода пешраванд. 

Дар рафти ҷаласа чанд нафар аз кормандзанон, ки вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди касбиву дарки баланди масъулият, интизоми намунавӣ ва содиқ ба савганди худ иҷро менамоянд, бо Ифтихорнома қадрдонӣ   шуданд.

 

Офоқ Қодириён, 

подполковники милитсия

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода