Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Падарсолори шарқшиносон


Падарсолори шарқшиносон




Аз соли 1956 дар рӯзгори Бобоҷон Ғафуров марҳилаи нав оғоз мегардад. Олим фаъолияти тадқиқотӣ ва илмӣ-ташкилотчигии хешро ғолибан ба шарқшиносии шуравӣ мебахшад.

На танҳо таърихи халқи тоҷик, балки илми шарқшиносии собиқ шуравӣ ва ҷаҳонро бе номи Бобоҷон Ғафуров тасаввур кардан душвор аст. Бештар аз бист сол ӯ сарвари Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС-ро дар уҳда дошт. Зери роҳбарии академик Б. Ғафуров илми шарқшиносии собиқ шуравӣ ба пояи баланди тараққиёт расида, соҳаҳои гуногуни таъриху маданияти бисёр давлатҳои ҷаҳонро мавриди таҳқиқу тадқиқ қарор дода шуд. Асарҳои олимони собиқ шуравӣ доир ба таъриху филология, маданияту санъати мамлакатҳои Шарқ машҳури ҷаҳон гардиданд ва барои мустаҳкам шудани дӯстии давлатҳои тараққикардаистодаи Осиё ва Африқо ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Дар ин роҳ ва ташвиқу тарғиби муваффақиятҳои илми пешқадам ҳиссаи Б. Ғафуров калон аст. Ӯ ҳамчун олими намоён ба бисёр мамлакатҳои Шарқу Ғарб сафарҳо карда буд.

Дар чунин шароит шарқшиносии шуравӣ аз ҳаллу фасли муҳимтарин вазифаҳои айём дар канор буда наметавонист. Вале то ба як дараҷа ақибмонии ин соҳа зоҳир гардид ва ин марҳилае буд, ки ба қавли академик Е.М. Жуков дараҷаи мавҷудаи тадқиқ ва омӯзиши масъалаҳои шарқшиносӣ дар ИҶШС аз талаботи ҳаёт ва дархости замон ақиб афтода буд. Аз ин сабаб фаъолияти маркази шарқшиносии шуравӣ - Институти шарқшиносии АИ ИҶШС дар ҷаласаи ҳукумат зери танқиди сахт қарор гирифт. Ҷаласа камбудиҳоро дар соҳаи шарқшиносӣ нишон дода, дар назди олимони ховаршинос вазифа гузошт, ки дигаргуниҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии мамлакатҳои Шарқро амиқ ва ҳарҷониба тадқиқ намоянд. Раёсати АИ ИҶШС дар асоси нишондодҳои ҷаласаи ҳукумат оид ба Институти шарқшиносӣ қарори махсусе қабул намуд, ки дар он фаъолияти ғайриқаноатбахши институти мазкур ва аз уҳдаи ҳалли масъалаҳои мубрам набаромадани коллектив махсус таъкид карда шуд.

Ҳаёт масъалаи ба тарзу услуби нав ташкил намудани тамоми корҳои шарқшиносиро дар мамлакат, комилан тағйир додани мавзуъ ва самти корҳои тадқиқотӣ, ба таври қатъӣ рӯ овардан ба омӯзиши масъалаҳои Шарқи имрӯзаро ба миён гузошт.

Бобоҷон Ғафуров маҳз дар чунин як шароити бисёр душвор ва масъулиятнок моҳи июни соли 1956 директори Институти шарқшиносии АИ ИҶШС таъин гардид.

Ба вазифаи бузургтарин маркази ховаршиносии мамлакат таъин гардидани Б. Ғафуров бесабаб набуд. Ӯро дар мамлакат чун ходими намоёни ҳизбӣ ва давлатӣ, чун олим, мутахассиси намоёни таърихи Шарқ мешинохтанд ва ин интихоби басо бобарор, муносиб, бомавқеъ ва айни муддао гардид. Дар шахсияти Б. Ғафуров амалияи нодири ба ҳам пайвастани сифатҳои одами барҷаста, ташкилотчии боистеъдод ва устоди моҳир зоҳир гашта буд.

Дар мақоми директори Институти шарқшиносии АИ ИҶШС қобилият ва истеъдоди Б. Ғафуров чун ташкилотчии илм, маҳорати навҷӯӣ, дуруст муайян намудани мақсад ва самтҳои муҳимтарини тадқиқот, равона кардани қувва ва воситаҳои зарурӣ ба самтҳои асосӣ ва дар натиҷаи он ба даст овардани натиҷаҳои мусбат дар корҳои тадқиқотӣ зоҳир гардид.

Пас аз ба вазифаи директори Институти шарқшиносии АИ ИҶШС таъин гардидан, Б. Ғафуров бо як ғайрату суботкорӣ ва мақсаднокии ба худ хос ба кори азнавташкилкунии Институти шарқшиносӣ шуруъ намуд.

Дар муддати кутоҳ дар институт як қатор шуъбаҳо ва сохторҳои нав ба монанди шуъбаи Африқо, шуъбаи кишварҳои араб, шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ ташкил карда шуданд, ки фаъолияти онҳо барои таъмини таҳқиқи амиқ ва ҳамаҷонибаи маҷмуи масъалаҳои таърих, фарҳанг, иқтисодиёт, забон ва адабиёти мамлакатҳои Осиё ва Африқо равона шуда буданд. Ба кори институт олимони намоёни марказҳои гуногуни шарқшиносӣ ҷалб карда шуда, сафи кормандони институт аз ҷиҳати сифат ва шумора хеле афзуд. Дар як вақт марказҳои нави шарқшиносӣ ва мактабҳои олӣ на танҳо дар шаҳрҳои марказӣ (Москва, Ленинград), инчунин дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, аз ҷумла Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон низ таъсис ёфтанд.

Аз Иттиҳоди Шуравӣ зиёда аз 40 нафар олим ба Ҳиндустон рафта, дар кори конгресси XXVI шарқшиносони ҷаҳон ширкат варзиданд ва баромади худро қироат карданд. Раиси ин гурӯҳ академик Ю. Жуков ва Б. Ғафуров ноиби ӯ таъин шуда буд.

Ин навъ таъинот иштибоҳи калони кумитаи марказии ҳизб  ва сарвари Академияи улуми Иттиҳоди Шуравӣ буд. Чунки ҳиндуҳо Ю. Жуковро намедонистанд. Б. Ғафуров бошад, дар ин мамлакат мақому мавқеи калон дошт. Бинобар он, академик Ю. Жуков ҳамроҳи дигар олимон дар толор менишасту ҳамроҳи дигарон дар як мошин мегашт. Яъне ҳиндуҳо ӯро ҳамчун намояндаи «қаторӣ» қабул карданд.

Б. Ғафуров бошад, дар президиум ҳамроҳи арбобони давлати Ҳиндустон ва олимони номии он менишастанд, ба он кас хонаи кории алоҳидаро дар қасри илмҳои Деҳлӣ, дар он ҷое, ки конгресс мегузашт, ҷудо карда буданд. Дар даромадгоҳи хона бо чароғҳои барқӣ ба забони англисӣ номи он шахс сабт шуда буд. Инчунин, ба Б. Ғафуров мошини сабукрав хизмат мерасонид.

Маслиҳат ва кӯмакҳои Б. Ғафуров барои васеъ гаштани доираи мавзуъ ва ривоҷу равнақи тадқиқотҳои шарқшиносӣ дар ҷумҳурии мо низ мадад ва мусоидат намуд. Фаъолияти тамоми ин марказҳо дар ҳамкорӣ сурат мегирифт ва дар ин ҷода саҳми Б. Ғафуров ҳамчун раиси Шурои илмӣ оид ба мутобиқсозии тадқиқотҳои ховаршиносӣ басо пурсамар буд. Ба Б. Ғафуров муяссар гашт, ки дар Москва ва Ленинград - марказҳои анъанавии шарқшиносии классикӣ - коллективҳои калони илмиро муттаҳид намояд. Бо ташаббус ва саъю кӯшиши ӯ соли 1958 нашриёти махсуси адабиёти Шарқ (ҳоло «Сарредаксияи адабиёти Шарқ»-и нашриёти «Наука») таъсис ёфт ва маҷаллаҳои нави шарқшиносӣ ташкил гардид. Мазмун ва мундариҷаи маҷаллаи «Советское востоковедение» хеле беҳтар гардид ва маҷаллаи нави шарқшиносӣ «Современный Восток» ёфт, ки рӯйдодҳои кишварҳои Шарқи хориҷиро ба таври фаврӣ инъикос менамуд.

Бобоҷон Ғафуров, ҳамчунин ташаббускори интишори силсилаи осори хаттии Шарқ буд. Мувофиқи қарори шуъбаи таърихи АИ ИҶШС моҳи марти соли 1964 таҳти раёсати Б. Ғафуров силсилаи китобҳои «Осори хаттии Шарқ» таъсис гардид, ки дар натиҷаи он бисёре аз хазинаи классики - офаридаҳои беҳтарини шоирон, нависандагон, донишмандони Шарқи қадим ва асрҳои миёна дастраси чаҳониён гардид.

Барои ҳалли вазифаҳои масъу-ле, ки анҷумани XX ҲКИШ дар назди шарқшиносони шуравӣ гузошта буд, барои таҳияи нақшаҳо, баҳри бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва бо мақсади муттаҳид кардани фаъолияти олимони шарқшинос дар тамоми мамлакат бо ташаббуси Б. Ғафуров тобистони соли 1957 дар шаҳри Тошкаид Конференсияи илмии умумииттифоқии шарқшиносон (1957) даъват гардид. Дар конференсия Б. Ғафуров дар мавзуи «Вазъият ва вазифаҳои шарқшиносии шуравӣ дap асоси қарорҳои анҷумани XX ҲКИШ» маърӯза намуд.

Дар Институти шарқшиносӣ мутахассисони гуногун аз мамлакатҳои Шарқ таҷриба меомӯхтанд, рисолаҳои илмии худро ҳимоя мекарданд ва бо олимони шуравӣ тадқиқотҳои якҷоя мебурданд. Ба институт донишмандон, ходимони сиёсию ҷамъиятӣ, сафирони мамлакатҳои хориҷӣ зуд-зуд ташриф меоварданд.

Дар натиҷаи ҳамкории амалӣ тадқиқотҳои якҷояи ховаршиносони шуравию хориҷӣ ба миён омаданд, ки дар роҳи мустаҳкамсозии ҳамкорӣ миёни халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ ва мардуми Шарқи хориҷӣ ва инкишофи робитаҳои илмӣ саҳми бузург гузоштанд. Институти шарқшиносӣ таҳти сарпарастии Б. Ғафуров баҳри мустаҳкам намудани дӯстӣ, ҳамраъйӣ ва муносибатҳои муътадили байни халқҳои ИҶШС ва Шарқи хориҷӣ саҳми арзанда мегузошт. Дар ин ҷода сафарҳои чандинкаратаи Б. Ғафуров ба мамлакатҳои Осиё, Африқо, Амрико ва Аврупо, робитаҳои шахсии ӯ бо донишмандони хориҷӣ нақши мусбат бозидаанд. Б. Ғафуров бо ховаршиносони мамлакатҳои Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон, Покистон робитаҳои мустаҳками эҷодӣ дошт. Дӯстии чандинсола ӯро бо донишманди маъруфи ҳинд, профессор Саид Нурул Ҳасан ва бостоншиноси намоёни покистонӣ профессор Аҳмад Донӣ пайваста буд.

Яке аз вазифаҳои бетаъхир ва масъуле, ки давлат дар назди олимони Институти шарқшиносии АИ ИҶШС гузошта буд, ин тадқиқ ва омӯзиши масъалаҳои ҳаракати миллии озодихоҳии халқҳои Шарқ, хусусиятҳои рафти он, инқирози шакли мустамликадорӣ ба ҳисоб мерафт ва ин соҳа яке аз самтҳои асосии фаъолияти институт гардид. Б. Ғафуров ба ин масъалаи муҳим зиёд мутаваҷҷеҳ мешуд, ташаббускор ва ташкилотчии ин гуна тадқиқотҳо ба ҳисоб мерафт.

Донишмандони институт таҳти роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи Б. Ғафуров оид ба таърихи муборизаи зиддимустамликавии халқҳои Осиё, Африқо, Амрикои Лотинӣ тадқиқотҳои бузурги ҷамъбасткунанда офариданд.

Давлаталӣ Алимов,
доктори илмҳои таърих,
профессори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода