Дар як сатр
» » Хиёнаткори ба Ватан-мурдаи бекафан

Хиёнаткори ба Ватан-мурдаи бекафан

25-05-2018, 11:22

Дастовардҳои бузургеро, ки то имрӯз миллати тоҷик ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва дар партави роҳбарии хирадмандонаи Ҳукумати кишвар бо сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидааст, ҳеҷ фарди солимфикру боинсоф инкор карда наметавонад.Имрӯзҳо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол талош доранд, ки дар устуворӣ ва таҳкими истиқлолияту ваҳдат ҳар чїбештар саҳмгузор бошанд. Аммо баъзе нохалафон чунин пешравӣ ва шукуфоии мамлакати азизамонро дида наметавонанд ва кӯшиш доранд, ки онро халалдор созанд.Дар баробари ин бояд тазаккур дод, ки дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тўли 26 сол хело зиёданд, ки ин пешравию шукуфоии ватанро бархе аз бадхоҳон, хоинону ватанфурӯшон ва душманони дохиливу хориҷии миллату давлати Тоҷикистон ва хоҷагони бурунмарзїдидан намехоњанд.

Феълан як қисмат шаҳрвандони кишвар дар хориҷа бо роҳбарии хоҷагони зархариди худ, ки аз даврони соҳибистиқлолїто имрӯз намехостанд ва намехоҳанд Тоҷикистони биҳиштосо рӯ ба беҳбудӣ ораду мардумаш оромона зиндагӣ ба сар баранд, имрӯз низ аз нияти хабиси худ нагаштаанд. Гуруҳҳои террористиву экстремистииЊНИТ, Гуруҳи -24 ва дигар ташкилотҳои мамнуъро маҳсадашон ноором кардани ватани азизамон мебошад. Мақсади дигари муассисону мубаллиғони ин созмонҳо дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошад. Аз ин амали онҳо маълум мешавад, ки ин гурӯҳу гуруҳчаҳо барои ба даст овардани сарвату маблағи муфт тайёранд миллату давлати худро ба ночизтарин маблағ фурўшанд.Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷомеаи муосир дар радифи бисёр дастовардҳо, такмили қонуниятҳои давлатсозию давлатдорӣ бисёр муаммову таҳдидҳо ҷой доранд, ки ин омилҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Яке аз таҳдидҳои ҷаҳонӣ ба сулҳу амнияти ҳуқуқбунёди Тоҷикистони азизи мо терроризм, радикализм ва экстремизм мебошад. ТЭТ ҲНИТ ва гуруҳи 24 ҷуз ташкилотҳои террористїдигар чизе нестанд.

Бинобар ҳамин, моро лозим аст, ки сирати зишту нопоки саркардагони ин созмони фитнаангезро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз макру дасисаҳои навбатии душманони миллат огоҳ созем.

Музаффари Бахтиёр



Шарҳи хонандагон +
Creare un pigiama automatico che rileva la febbre il trattamento di post-traumatico stress.
3 июн 2018 16:41

Матолиби дигар:

Хоинони миллатро намебахшем!

Хоинони миллатро намебахшем!

Хабарҳо, Сиёсат
Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ватандорӣ аз имон аст

Ватандорӣ аз имон аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем!

Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем!

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Ҷавонони Фархор: ҲНИТ барои мо лозим нест

Ҷавонони Фархор: ҲНИТ барои мо лозим нест

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо