Дар як сатр
» » Тундгароён, даҳшатафканҳо ва ифротгароён ватан надоранд

Тундгароён, даҳшатафканҳо ва ифротгароён ватан надоранд

26-05-2018, 15:12

"Дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра ва инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам моро водор месозад, ки хештаншинос бошем. Ҳамзамон ҷаҳонбинии сиёсии ҳамарӯзаи худро такмил диҳем”.Эмомалӣ РАҲМОН

Таҷрибаи талхи миллати мо баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шуравӣ, баъд аз он, ки ҳаммиллатони мо аз камтаҷрибагиву ноогоҳии худ чӣ гуна ба иғвои чандин "рӯшанфикрон”-и эҳсосиву беҳадаф ва бебарномаву хаёлпараст мафтун шуда, ин арзиши муқаддастаринро, ки ном ваҳдату субот аст, аз байн бурданд. Баъди он, ки даҳҳо ҳазор нафар бародарону хоҳарон нобуд шуданд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо ба дарки ҷомеа расонид ва дар Тоҷикистон зиндагӣ ба ҷараёни муътадил ворид гардида, заминаро барои пешрафти давлатдории миллӣ муҳайё намуд.

Имрӯз ҳам боз паёдо шудаанд ҳаваскорони майдони сиёсат, ки аз оқибати рафтору гуфтори худ бехабаранд ва ба васвасаи хоинони миллат гирифтор шудаанд. Агар мо девори сукутеро шикастани бошем, пас ин шикастани қолаби хурофотпарастӣ ва аз байн бурдани шуури пасти тақдиру насибгароии мост. Агар ёрие карданӣ бошем, пас ин барои донишомӯзии якдигар аст. Зеро мо ҳам ҳаққи миллии муносиб дорем, ки комилан инсон меҳвар аст ва барои онҳое, ки оромиву суботи давлати миллии моро намехоҳад, посух бигӯем.

Аз ин лиҳоз мо барои беҳтар ва хубтар дарк кардани ин масъалаи муҳим пеш аз ҳама дар бораи мафҳумҳое, ки ҳамарӯза вирди забонҳост ва ҷомеаро ба таҳлука меандозанд, аз қабили тундгароӣ ва даҳшатафканӣ маълумоти муфассал дошта бошем.

"Тундгароӣ”( радикализм) – дастгирӣ ва пайравӣ ба ақидаҳои бемуросо ва таҳаммулнопазирист. Раванди тундгароии ҷомеа афзоиши шумораи тарафдорони акидаҳои яктарафае, ки нуқтаи назари дигарро таҳаммул надоранд, ягон намуди муросоро эътироф намекунанд ва ба муколамаи самаранок моил нестанд.

"Терроризм” (даҳшатафканӣ)- шакли ниҳоии ниҳоят хатарноки ифротгароӣ дар миқёси ҷаҳонӣ мебошад ва пеш аз ҳама ба одамони бегуноҳ таҳдид менамояд. Терроризм аз рӯйи моҳияти худ таҳдид ва истифодаи мунтазами зӯроварист, ки аз нигоҳи иҷтимоӣ, сиёсӣ, идеологӣ асоснок шудааст.

"Экстремизм” (Ифротгароӣ)- зоҳир гардидани амалиёти ифротгароёна бар зидди ҷомеа, сохти сиёсии ҷомеа, гуруҳ ё фардҳои алоҳида мебошад. Ифротгароии иҷтимоӣ, миллӣ, сиёсӣ ва динӣ вуҷуд дорад. Амалиёти сиёсии ифротгароӣ дар шаклҳои гуногуни фаъолият, аз зуҳуроти аз доираи Конситутсия берунраванда сар шуда, бо шаклҳои шӯриш, фаъолияти исёнгарона, терроризм сурат мегирад.

Имрӯзҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷараёнҳо ва ҳизбҳое рӯи кор омаданд, ки мақсади ниҳоияшон манфиатҷӯёна буда, тарзи амалёташон аз ин се вожаи номбаршуда манша мегиранд. Мутаассифона, дар ҷомеаи мо имрӯзҳо ҳастанд, ҷавононе, ки надониста шомили ин гуруҳ ва ҷараёнҳо шуда оқибат ба пушаймонӣ мерасанд. Моро зарур аст, ки сабабу решаҳои пайдоиши ин омилҳои руҳиву равониро дар ҷаъмият донем. Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онҳоро номбар кардан мумкин аст.

Ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир дода, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид нафрату муқобилиятро ба миён меорад.

Ин омил метавонад ба бегонагӣ, ҷудоӣ аз раванди ягонагиву ҳамкорӣ, ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирӣ оварда расонад.

Дигар омиле, ки дар ҷаҳон баҳогузорӣ мешавад, ин нодуруст баҳо додан ба эътиқоди динӣ ва сӯистифода аз бовариҳои динист ва дар дохили дин парваридани бадбинии мазҳабист.

Бинобар ин иқтидорҳои идеологии кишварро зарур аст, ки ҳамарӯза бо мақсади ташаккули худогоҳии миллӣ, пешгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба равияҳои номатлуб, ки ба ҷараёни зиндагии ҳаррӯзаи мо зарар мерасонанд, тадбирҳои судманд андешанд. Дар ин раванд саҳифаҳои матбуоти даврӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, бахусус чорабиниҳои китобхонавӣ, вохӯрию суҳбатҳои шахсиятҳои баруманд ва мутахассисони ҳуқуқшинос бо ҷавонон аз манфиат холӣ нестанд. Бояд ёдовар шуд, ки мавҷуд будани матбуоти даврӣ дар захираи китобии китобхонаҳои оммавӣ шарт ва зарур аст. Чунки хонандаи оддӣ танҳо тавассути китобхонаҳо ба матбуоти даврӣ дастрасии ройгон пайдо мекунанд.

Агар мо нисбат ба манфиати имрӯзу фардои давлати тозаистиқлол бетараф набуда, дар атрофи сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат муттаҳид шуда, дар радифи бузургтарин арзишҳои башарӣ-сулҳу субот, адлу инсоф ва ҳуқуқу озодии инсон заҳмат кашида, бунёдкорию созандагиро шиори зиндагии хеш қарор диҳем, маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва динии ҷавононро баланд бардорем, сатҳи зиндагии шоистаро ба онҳо мерос гузорем, пас мо метавонем бар зидди чунин падидаҳои номатлуб истодагарӣ намоем ва ҷомеаи солиму ояндаро созем. Танҳо иттиҳоду иттифоқ, сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва ватанпарастӣ моро ба ин мақсад мерасонад.

Лолаи Қодир



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротгаро кори ҳамагон ас ...

Пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротгаро кори ҳамагон ас ...

Сиёсат
«Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо»

«Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо»

Сиёсат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ҷавонон аз хуруфоту бесаводӣ ба ДИИШ мепайванданд

Ҷавонон аз хуруфоту бесаводӣ ба ДИИШ мепайванданд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Абарқудратҳо - афзояндаи хатар дар минтақа

Абарқудратҳо - афзояндаи хатар дар минтақа

Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо