Дар як сатр
» » Ризқи ҳунарманд фаровон аст

Ризқи ҳунарманд фаровон аст

23-05-2018, 15:35

Ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди қуроқдӯзӣ, чакандӯзӣ, қолинбофию гилембофӣ, алочабофӣ, адрасбофӣ, тоқидӯзӣ, ҷӯроббофӣ, зардӯзию гулпартоӣ дар болишту даврӣ, ҷомадӯзӣ ва амсоли инҳо, ки аз рисолати аҷдодии мост, рӯзгори одамонро обод намуда омадааст. Хосса, дар замони соҳибистиқлолӣ, ки бо таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва пешниҳоди  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ин баъд маҳсулоти дар шароити хона тайёр мешуда аз андоз озод шудааст, ин ҳунарҳо метавонад баробари пешбурди рӯзгор, ҳамчунин, буҷети оиларо ғанӣ гардонад. Аз ин рӯ, моро мебояд ба қадри ин ғамхорӣ расида, барои боз ҳам хубтару бештар истеҳсол намудани молҳои ниёзи мардум кӯшиш ба харҷ диҳем, баҳри такмили касби худ талош варзем.

Қайд кардан ба маврид аст, ки халқи тоҷикро маҳз аз рӯйи ҳунарҳои доштаашон дар байни дигар миллату халқиятҳо, ҳамчун мардуми дорои тамаддуни хос мешиносанду эътироф мекунанд. Ин эҳтиром бештар ба занон марбут аст, зеро бештари маҳсулот дар шароити хона бо дастони назокатбори занону бонувон тайёр мешаванд. Аз ин рӯ, ҳунармандони касбиро мебояд ба духтарон, ки имрӯз аз ҳунармандӣ то дараҷае қафо мондаанд, бо камоли хостагорӣ омӯзанд, тавсия диҳанд, то оянда дар зиндагӣ ҷиҳозу хонаву сарулибоси фарзандонро  тайёр карда тавонанд. Зани боҳунар ҳеҷ гоҳ хор намегардад, бо дастони пурэъҷози худ ҳимоятгари оилаи худ шуда метавонад.

Дар рӯзномаи «Хатлон» пешниҳодеро дар бобати кушодани маркази фурӯши армуғонҳо хонда, хело хурсанд шудам. Бисёр ҳам фикри ҷолибу саривақтӣ. На ин ки дар маркази вилоят, вобаста ба шароити маҳал ва имконоти сайёҳӣ дош-тааш, дар ҳар ноҳия ягон мағозаи хурд ҳам бошад, барои ба фурӯш  баровардани маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва армуғонҳо  кушода шавад, беҳтар аст. Бо ин роҳ ҳам муаррифии  ҳунарҳо бештар  мешаваду ҳам даромади хуберо ҳунарманду   фурӯшанда ба даст меорад.

 

Маҳтоҷбегим Саидарабова, омӯзгори фанни ҳунарҳои мардумии муасисаи давлатии таълимии литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Ёвон



Шарҳи хонандагон +
5 janv. 2011 .obГ©sitГ©enfantsdu rapportobГ©sitГ©devant la tГ©lГ©vision. . Elles peuvent encourageradulte. . enfants pendant la journГ©e mais aussi fournir un mode de garde avoir des relations sexuelles plus d'une fois par semaine ne vous rendra pas plus heureux 26 sept. 2012 .cognitifsГ Г programmes de musique Г enfants Г les autres . La musiqueamГ©liorerdГ©veloppement des capacitГ©senfants dГўge
4 июн 2018 23:56

Матолиби дигар:

Оилаи Мирзоевҳо саҳм мегиранд

Оилаи Мирзоевҳо саҳм мегиранд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, АСАЛМО САФАРОВА
Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, АСАЛМО САФАРОВА
Тасдиқи бренд (нишона)-и “Хатлон-водии пурфайз”

Тасдиқи бренд (нишона)-и “Хатлон-водии пурфайз”

Ҳокимияти давлатӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ