Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » МАРКАЗИ САЛОМАТӢ СОҲИБИ ТАҶҲИЗОТҲОИ ЗАМОНАВӢ ШУД


МАРКАЗИ САЛОМАТӢ СОҲИБИ ТАҶҲИЗОТҲОИ ЗАМОНАВӢ ШУД




Аз ҷониби Бонки Осиёи Рушд ба маркази саломатии деҳаи Саноати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ як миқдор таҷҳизотҳои тиббӣ туҳфа карда шуд. Бар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабар доданд.

Дар маросими тақдими таҷҳизот  муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Исозода С.У.,  намояндаи Бонки Осиёи-Рушд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва  Маркази саломатии деҳа иштирок доштанд.


Ба Маркази саломатии деҳаи Саноати Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҷҳизотҳои тиббӣ, аз қабили кати муоинавӣ, тарозуи тиббӣ барои калонсолону кӯдакон, яхдон барои нигоҳдории ваксина, кондитсионер, ҳоҷатхонаи тиббӣ, танометр, маҷмўи клизма, чопгар, ноутбук, печкаи барқӣ барои нест кардани партовҳои тиббӣ, автоклав ва ҳароратсанҷ мебошанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода