Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДӮСТӢ. СОХТМОНИ 181 ИНШООТ ДАР НАҚША


ДӮСТӢ. СОХТМОНИ 181 ИНШООТ ДАР НАҚША



Дар доираи ҷашни 35-солагии Истиклоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 181 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 152 ададаш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Тибқи итттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар доираи ин ҷашнии миллии кишвар 30 иншоот дар соҳаи маориф, 15 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 2 иншоот дар соҳаи фарҳанг, 10 иншоот дар соҳаи варзиш, 15 иншоот дар соҳаи кишоварзӣ, 3 иншоот дар соҳаи сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ, таъмири роҳҳо, пулҳо ва дигар иншоот ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, дар доираи эълон шудани солҳои 2022- 2026 “Солҳои рушди саноат” бунёди 28 корхона ва корҳонаҳои саноатӣ дар ноҳия ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта шуд, ки дар иншоотҳои боқимонда корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар доираи омодагиҳо ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром ҷараён доранд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода