Дар як сатр
» » Истеҳсоли ҳасиби пастсифату хатарнок

Истеҳсоли ҳасиби пастсифату хатарнок

22-05-2018, 11:12

Аз ҷониби гурӯҳи кории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати бо истифодаи гӯшти қиммаи мурғи вайроншуда ва ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ набуда истеҳсол шудани ҳасиби буғӣ дар шаҳри Бохтар ошкор гардид.

Тавре ки аз дафтари матбуотии ВКД хабар доданд, марди 39-солаи сокини шаҳри Бохтар аз моҳи марти соли 2018 дар кӯчаи Кайҳоннавардони шаҳри мазкур бидуни бақайдгирии давлатӣ дар мақомоти андоз, бе шаҳодатномаи бойторӣ ва хулосаи санитарию эпидемиологӣ ба истеҳсоли ду намуд ҳасиби буғии "Ҷашнӣ” ва "Наврӯзӣ” машғул гардидааст. Ҳангоми азназаргузаронии сехи истеҳсоли ҳасиб 517 кг гӯшти қиммаи мурғ ва 150 адад маҳсулоти тайёри ҳасибҳои номбурда дар ҳаҷми 300 кг дарёфт гардида, барои гузаронидани ташхис гирифта шуд. «Муайян гардид, ки дар таркиби намунаи гӯшти қиммаи мурғ бактерияҳо ва микробҳо мавҷуд буда, ҳангоми истеъмоли чунин маҳсулот хатари ба бемории шадиди меъдаю рӯда гирифтор шудани истеъмолкунандагон ҷой дорад», - зикр кард манбаъ. Нисбати номбурда аз тарафи Прокуратураи генералии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 209 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дастгир шудани ходими милиса

Дастгир шудани ходими милиса

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
24 шикоят аз паст будани сифати маҳсулот

24 шикоят аз паст будани сифати маҳсулот

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, КОМРОНИ БАХТИЁР
Се парвандаи ҷиноятӣ ва мусодираи қариб 10 кг нашъа

Се парвандаи ҷиноятӣ ва мусодираи қариб 10 кг нашъа

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ишғоли худсаронаи замин дар Вахш

Ишғоли худсаронаи замин дар Вахш

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти

Боздошти "Шерчангол" бо силоҳу ним кило афюн

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА