Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон амри зарурист!


Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон амри зарурист!




Кормандони прокуратураи вилояти Хатлон дар доираи супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини тарбияи ватандӯстии аҳолӣ ва хоса ҷавонон, дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолият дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, нақшаи чорабиниҳои дахлдор тартиб дода, иҷрои  амалии онҳоро таъмин намуданд.

Дар ин давра дар байни аҳолӣ баҳри ташвиқу тарғиби қонунгузории ҷорӣ 3897 вохӯриву суҳбат гузаронида, ҳамчунин тавассути воситаҳои ахбори умум оид ба натиҷаҳои санҷишҳои прокурорӣ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии аҳамияти зиёди ҷамъиятидошта матлаб ба чоп доданд.

Дар мавзуъҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, дар бораи забон, терроризм ва экстремизм, ноболиғон ва ҷавонон (аз ҷумла оид ба риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирӣ ва мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ (пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар), риояи қонунгузорӣ дар бораи замин, муҳофизати муҳити зист, риояи қонунгузории андоз ва гумрук, вобаста ба риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, моҳияти Қонуни ҶТ «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва дигар мавзуъҳои ҳуқуқӣ вохӯрию баромадҳои зиёде анҷом дода шудааст.

Ҳамкорӣ бо ВАО вобаста ба сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон ва нуктаҳои Паёми Президенти кишвар ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа, ҷавонони вилоят аз ҳуқуқу манфиатҳои худ ва сиёсати давлатӣ бархӯрдор шуданд ва савияи донишҳои сиёсию ҳуқуқии худро баланд бардоштанд. Қисмати зиёди аҳолии кишварро ҷавонон ташкил менамоянд, онҳо қувваи пешбар ва ояндасози миллат маҳсуб меёбанд ва табиист, ки ҳамасола роҳбарияти прокуратураи вилоят ба ин масъала диққати аввалиндараҷа медиҳад.

Ҳамчунин, дар ин давра аз тарафи кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба истифодаи сарфакоронаи барқ ва сабабҳои маҳдудияти таъминоти барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон дар маҳаллаҳо суҳбату вохӯриҳо анҷом медиҳанд. 

Метавон гуфт, ки нуктаҳои Паёми Роҳбари давлат оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз тарафи кормандони прокуратураи вилояти Хатлон бомуваффақият иҷро шуда истодаанд.

Баҳодур Мирзозода,
корманди прокуратураи вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода