Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Эмомалӣ Раҳмон - нишонаи олии ватандӯстӣ


Эмомалӣ Раҳмон - нишонаи олии ватандӯстӣ




Шукронаи қисмат мекунем, ки моро дар чунин сарзамини биҳиштӣ насиби зиндагӣ дода. Боз ҳам шукронаи фазои орому амни ин диёри хуршедӣ, мардумони самимӣ ва Роҳбари ватандӯстамон мекунем. Бале, Пешвои муаззами миллат, ки ба корномаву заҳматҳои камназирашон Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои рӯ ба тараққӣ расониданд. Аз ин ҷост шуҳрату эътибор ва маҳбубияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Касе к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон байни мардум маҳбубияти хоса дорад, зеро ӯ самимитарину мардумитарин роҳбарест, ки дарди мардумро дарди худ дониста, ҳамеша барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ саъю талош мекунад.

Маҳбубият чун ҷоиза аст. Ин ҷоиза на ба ҳар кас мушарраф мегардад. Барои ба он сазовор гаштан, басо заҳмат, аз худ гузаштанҳо, фидокорию ҷонннисорӣ мебояд касро. Аммо ин ҳам ба гумонам басанда нест, ки маҳбуби ҳама бошӣ. Ватанро на ба ҳарф, балки бо амалу корнома, бо ҷоннисорӣ дӯст дошта, ёру ёвари хурду бузург, пиру барно мешавӣ. Ин роҳ чандон росту ҳамвор нест, пуршебу фароз, ҳазорон мушкилу монеа, садҳо дорад, ки набояд ҳаросон шавӣ. 

Таърих гувоҳ аст, ки Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ин рӯзҳои неку дурахшон чӣ гуна роҳи мушкилу пурхавфро тай намуданд. Ҳодисаҳои пурдаҳшати солҳои 90-уми асри гузашта ҳеҷ гоҳ аз хотир намераванд. Мардуми азияткашида ормон доштанд, то ба сулҳу ваҳдати сартосарӣ бирасанд. Ин рӯзҳои неку пурсафоро ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонистанд. Бо ҳасрату дард орзу мекарданд:
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад…

Эмомалӣ Раҳмон барои сарҷамъии мардум ва Тоҷикистонро ба як давлати воҳид табдил додан чӣ қадар фидокориҳо намуданд. Шиорашро сулҳу суботи кишвар намуда, он замон бо қатъият гуфта буданд, ки «агар лозим шавад, ҷонамро дареғ намедорам».

Ба корнамоиву қаҳрамонӣ дар он вазъияти пурхавф барои аз вартаи нобудӣ наҷот додани Ватану халқи худ талошу ҷоннисорӣ карданд. Ин аст, ки хизматҳои бесобиқаву камназири Эмомалӣ Раҳмонро мардум дарк мекунад, баҳо медиҳад ва ӯ ҳамеша дар дилу дидаи халқ аст.

Маҳбубияти Эмомалӣ Раҳмон аз хизматҳои камназиру бесобиқааш барои мардуми Тоҷикистон маншаъ гирифтаанд. Пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон ҳам далели маҳбубияти ӯ байни мардум аст, ки дар симои ӯ як абармарди сиёсатмадори маъруф, ватанпарасти беҳамто, мардумнавозу раиятпарвар, эҳёгари забону фарҳангро мебинанд. Иқдомҳои шоиставу созандаи Сарвари давлат мардумро ба ватансозию ватандӯстӣ, хештаншиносию асолат, ободонию бунёдкорӣ, саховатмандию ҷавонмардӣ даъват мекунанд. 

Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар тамоми соҳот, вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар кишвар боз ҳам иродаи қавию обрӯву эътибори Эмомалӣ Раҳмонро дар байни мардум собит месозад.

Бале, ӯ тавонист бо ғояҳои ватандӯстонаву иқдомҳои созанда боз ҳам мардумро ба созандагию бунёдкорӣ ва обод намудани ин сарзамини биҳиштӣ даъват намояд.

Сиёсати «дарҳои боз», сулҳу суботи кишвар, афзоиши сайёҳон ба кишвар, рушди бесобиқаи шаҳру деҳот, қомат афрохтани иморатҳои хуштарҳу муосир, пешрафти кулли соҳаҳо, ифтитоҳи боғҳои фарҳангии зебову дилкаш - ҳамаи ин бозгӯи хизматҳои мондагори Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст дар роҳи рушду шукуфоии ин сарзамини бостонӣ. 

Аз дидани манзараҳои назаррабову дилфиреби ин сарзамини биҳиштосо, гулбоғҳои пурнакҳату сарсабзу хуррам, хандаи беғаши кӯдакон, хотири ҷамъу дасти дуои модарон дили кас боғ-боғ мешукуфаду умед ба зиндагонии беҳтару шоиста афзун мегардад. Ҳамаи ин ободӣ ва шукуфоии кишварамон аз ҳидоятҳои ватандӯстонаи Роҳбари давлат маншаъ гирифтаанд ва Эмомалӣ Раҳмон нишонаи олии ватандӯстӣ, таҷрибаашон мактаби ибратбахши омӯзанда аст.

Дар шароити кунунии мураккаби ҷаҳони имрӯз моро зарур аст, ки атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шавему ақлу заковат, нерую малакаи худро баҳри ободии ин сарзамини биҳиштосову бостонӣ равона кунем, то нуфузу эътибори Тоҷикистони азизро боз ҳам боло бардорем.

Наргис Расулова,
омӯзгор аз шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода