Дар як сатр
» » М. Хидирзода: «ҷавонон қувваи пешбаранда ва бунёдкори ҷомеа мебошанд»

М. Хидирзода: «ҷавонон қувваи пешбаранда ва бунёдкори ҷомеа мебошанд»

23-05-2018, 16:01

23-юми майи соли равон дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси вилоят бо иштироки Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, аъзои Шӯро ва  як гурӯҳ ҷавонони фаъоли вилоят баргузор гардид.

Сараввал, ҷавонони фаъол бо шиору овезаҳо аз майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар то назди театр роҳпаймоӣ намуданд.

Баррасии ҳисоботи котиби Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди раиси вилояти Хатлон оид ба фаъолияти Шӯро дар панҷ моҳи сипаригардидаи соли 2018, баромади 4 нафар музокирачиён, супоридани Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҷавонони фаъол ва супоридани стипендияҳои раиси вилояти Хатлон ба донишҷӯёни фаъол аз ҷумлаи масъалаҳои шомили рӯзномаи Шӯро буд.


 Муовини раиси вилоят ҷавононро аз номи раиси вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи ҷавон табрик намуда, аз дастоварду комёбиҳои онҳо ёдовар гардид ва бо қаноатмандӣ зикр кард: «Асри ХХIдаврони пешрафти бесобиқаи илму технология буда, моро водор месозад, ки барои тарбияи истеъдодҳо аз ҳисоби насли наврасу ҷавон, яъне ба камол расонидани кадрҳои замони нав ва номбардорони ояндаи миллат аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода намоем. Ҷиҳати таълиму тарбияи шоиста ва камолоти маънавию ҷисмонии онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам созем».

- Ҷалби ҷавонон ба илм ва азхудкунии техникаву технологияҳои муосир аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, омили асосии рушди неруи инсонӣ, шарти муҳимтарини пешрафту устувори давлат ва тақвияти иқтидори иқтисодии он мебошад, - таъкид намуд  М. Хидирзода. - Воқеан, ҷавонон дар ҷаҳони муосир ҳамчун қувваи бузурги пешбаранда ва бунёдгар эътироф шудаанд. Эътимод дорем, ки ҷавонон ҳамчун неруи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда, дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Муовини раиси вилоят афзуд, ки дар раванди сиёсати Ҳукумату давлат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои ҳавасманд гардонидани ҷавонону наврасони соҳибистеъдод як қатор имтиёзҳо муқаррар намуда, ҷалби онҳоро ба корҳои идоракунии давлатӣ муҳим мешуморад.

Дар идома муовини раиси вилояти Хатлон  М. Хидирзода аз амалҳои номатлуби баъзе ҷавонон изҳори нигаронӣ намуда, афзуд, ки вақтҳои охир баъзе ҷавонон ба ҷойи саъю талош дар роҳи илму донишомӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунар ва ширкат дар корҳои ободониву созандагӣ ба амалҳои номатлуб даст зада истодаанд, ки гирифтани пеши роҳи ин раванди нангину хатарнок ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани наврасону ҷавонон на танҳо вазифаи сохтору мақомоти давлатӣ, балки қарзи ҳар як фарди солимфикру худогоҳ, падару модарон, аҳли зиё ва ҷавонони аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ устувор мебошад.

Ҳамчунин, зикр карда шуд, ки нооромии ҷаҳон водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон - истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ бирасем.

- Пешвои муаззами миллат барҳақ қайд намудаанд, ки мо ҳама бояд як масъалаи ниҳоят муҳимро хуб дарк намоем, - таъкид дошт муовини раиси вилоят. - Вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари донишманд, аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон, инчунин, бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд, ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми соли 2017 ва чор моҳи соли 2018 барои қонуншиканиҳо дар самти таълиму тарбияи фарзанд 1518 нафар падару модарон дар вилоят ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Дар ҳамин давра, танҳо аз марказҳои бозиҳои компютерӣ 111 нафар ноболиғон аз тарафи мақомоти дахлдор боздошт шудаанд, ки аз бемасъулиятии баъзе падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд шаҳодат медиҳад.

Махфират Хидирзода дар идомаи суханаш гуфт: «Бо дарназардошти гуфтаҳои боло ва таъкидҳои Роҳбари давлат Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар масъулони соҳаи ҷавононро зарур аст, ки усули корбарии тарғиботӣ, маърифатӣ ва фарҳангии худро куллан тағйир дода, дараҷаи таъсирнокии онҳоро баланд бардоранд; ҷиҳати ҳарчи бештар ба чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ фаро гирифтани қишри бешуғл ва бекори ҷавонон, ҷавонону наврасони бо қонун дар мухолифатбуда ҳамкориро бо дигар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пурзӯр намоянд; ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишҳои сиёсии ҷавонон мунтазам дар шаҳру ноҳияҳо семинару ҳамоишҳои омӯзишӣ гузаронида, ба ин кор олимону сиёсатмадорони шинохтаро ҷалб намоянд.

Дар чорабинии мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, саҳми арзанда гузоштан дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо қарори раиси вилоят Достиев Ғиёсиддин, мудири бахши кор бо ҷавонон  ва варзиши шаҳри Кӯлоб, Давлатов Эраҷ, олими ҷавон аз ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Амиров Давлатшоҳ, мудири бахши кор бо ҷавонон  ва варзиши ноҳияи Носири Хусрав, Мирзозода Шуҳрат, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Эмомалӣ Набиев, омӯзгори ҷавони ДДБ ба номи Носири Хусрав ва дигарон бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

Ба 33 нафар донишҷӯёни фаъоли макотиби олӣ, ки гирандагони стипендияҳои раиси вилоят мебошанд, стипендияҳои раиси вилоят супорида шуд.

Дар ин маросим натиҷаҳои мусобиқаҳои вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилоят оид ба футболи хурд ва волейбол миёни бонувони ташкилоту муассисаҳои  вилоятӣ эълон гардид ва ба ғолибон туҳфаҳо супорида шуд.

Дар кори Шӯро муроҷиатномаи ҷавонони вилояти Хатлон дар робита бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, 12 майи соли 2018,  ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, аз ҷониби ҷавонони вилоят қабул гардид.

Ҳамчунин, шоми 23 май дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бо иштироки санъаткорони маъруфи  кишвар барномаи ҳунарӣ барои болидарӯҳии ҷовонон баргузор гардид.

Фаромӯз БОБОЕВ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Иштироки беш аз 2,5 ҳазор нафар дар марафони велосипедронӣ

Иштироки беш аз 2,5 ҳазор нафар дар марафони велосипедронӣ

Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Баррасии масъалаҳои муҳимми марбут ба ҳуқуқи кӯдак

Баррасии масъалаҳои муҳимми марбут ба ҳуқуқи кӯдак

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
1094 медали варзишгарони вилоят дар шаш моҳ

1094 медали варзишгарони вилоят дар шаш моҳ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Туризм, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонони фаъоли хатлонӣ

Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонони фаъоли хатлонӣ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар маркази вилоят

Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар маркази вилоят

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш