Дар як сатр
» » Мушкилоти зиндагиро дастаҷамъона бартараф менамоем

Мушкилоти зиндагиро дастаҷамъона бартараф менамоем

26-05-2018, 10:57

Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри некуаҳволии сокинони мамлакат пайваста таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. 

Дар баробари интишори қонуну санадҳои ҳимоякунандаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, беҳгардонии   сифати  таълиму тарбия, хизматрасонии тиббӣ ҳамчунин  ба роҳбарони вазорату  кумитаҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва масъулини ташкилоту муассисаҳо супориш додаанд, ки қабули шаҳрвандонро дар утоқҳои корӣ,  ҳамзамон дар маҳалҳои наздику дурдаст ба роҳ монанд. Ба ин васила аз шароити онҳо огаҳӣ пайдо намуда, баҳри ҳалли мушкилоташон  тадбирҳои судманд андешанд. Аз ҷониби раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва муовини аввал, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси вилоят пайваста қабули шаҳрвандон гузаронида мешавад.

Чунин як чорабинӣ рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Носири Хусрав баргузор гашт. Муовини раиси вилоят Умедхоҷаи Зоир бо сокинони ноҳияи мазкур вохӯрда, арзу матлаби онҳоро шунида, ба ҳаллу фасли онҳо расидагӣ  намуд.

Аз ҷумла, нафақахӯр Абдурраҳим Абдураҳмонов оид ба таъмин намудани хатти барқ ба муҳоҷирони ихтиёрӣ арзи матлаб намуд. Тавре ки равшан гардид,  18 адад симчӯбу 2200 метр  ноқил лозим будааст.

Муовини раиси вилоят ба роҳбарияти шабакаҳои барқи ҷанубӣ баҳри ҳаллу фасли масъалаҳои мазкур супориш дод. Одинабӣ Тағоева аз деҳаи Баҳори Ҷамоати деҳоти «Фирӯза» бобати сохтмони хонаи иқоматии баландошёна барои хизматчиёни давлатӣ  арзи дил намуд. Зеро номбурда низ чун мутахассиси ҷавон аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин  ихтиёран барои кору сукунат ба ноҳияи  Носири Хусрав омада, беш аз 5 сол боз  фаъолият менамояд  ва ба манзили зисти доимӣ эҳтиёҷ доранд. Бояд тазакур дод, ки сохт-мони бинои иқоматӣ оғоз ёфта, аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ 280 ҳазор сомонӣ ва соли 2015 аз буҷаи маҳаллӣ 795 ҳазор  сомонӣ маблағ ҷудо гардида, деворҳои асосӣ ва болопӯши ошёнаи якум ба анҷом расидааст. Доир ба ҳалли қазияи мазкур низ аз ҷониби муовини раиси вилоят ба масъулини соҳаи мазкур супоришу дастур дода шуд. Варзишгар Дилшод Мадалиев  атрофи сохтмони нотамоми варзишгоҳ  дар маркази ноҳия арза дошт. Тавре ки равшан гардид маблағи умумии сохтмонӣ майдони варзишӣ 8 милион сомонӣ буда, то ин давра 330 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ ҷудо гардид  ва  корҳои сохтмонии зербино ба анҷом расидааст.

Машҳура Азимова аъзои кумитаи маҳаллии деҳаи Баҳори ноҳия доир ба маркази ноҳия кӯчонидани бинои Ҷамоати деҳоти  «Фирӯза»  муроҷиат намуд. Маркази ноҳия ба ҳудуди Ҷамоати деҳоти «Фируза» шомил буда, бинои ҷамоат дар масофаи  13 км дур аз марказ  ҷойгир аст.

Омӯзгор Умарзода Самар, сокини рустои Бешкапаи Ҷамоати деҳоти Наврӯз атрофи таъмири роҳи автомобилгарди  миёни ноҳияҳои Носири Хусрав  ва Шаҳритӯс арзи талаб намуд. Тавре ки равшан гардид,  масофаи роҳ 16, 5  км ро дар бар мегираду 3 км-и он дар мувозинаи ноҳияи Шаҳритӯс, боқимонда ба ноҳияи Носири Хусрав тааллуқ дошта, 1400 метри он соли 2015 таъмир карда шудааст. Пас аз  шунидани арзу матлаб ва муроҷиати сокинони ноҳия муовини раиси вилоят  баҳри ҳаллу фасли масоили ҷойдошта масъулини соҳаҳои марбута-ро вазифадор кард.

Сипас, мавсуф оид ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия, мушкилоти ҷойдоштаи соҳаҳо сухан ронда, баҳри  ислоҳи саривақтии камбудиҳо маслиҳатҳои муфид дод. Муовини раиси вилоят зимни вохурӣ бо сокинони ноҳия нисбати дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид намуда, ироа дошт, ки ҳадафи Президенти мамлакат пеш аз ҳама дастгирии ниёзмандону оилаҳои бесаробон ва ятимон мебошад. Риояи фазилатҳои парҳезу накӯкорӣ, амалҳои хайру савоб, худдорӣ аз амалҳои зишт, аёдати падару модарон аз хислатҳои неки инсонист. Тавре, ки таъкид гардид, имрӯз дар баъзе кишварҳои мусулмоннишин бар асари дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ садҳо ҳазор манзилҳои зисти одамони бегуноҳ, шаҳрҳо, ёдгориҳои чандинҳазорсолаи  дорои аҳамияти таърихӣ сӯхтаву ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд. Ҳол он, ки инсон бояд рӯзгори осуда доштаву баҳри ободию бунёдкориҳо талош варзад, на баҳри харобкорӣ.

Дар ҷаласа ироа гардид, ки дар чунин вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон бояд ҳар як шаҳрванди ватани  зираку ҳушёр бошад ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон -истиқлолияту озодӣ, сулҳу амонӣ, соҳибватанию соҳибдавлатӣ бирасад арзишҳои миллатамонро посдорӣ намояд. Фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоему нагузорем, ки онҳоро ҳизбу гурӯҳҳои ифродгароӣ  манфиатҷӯи хоҷагони  хориҷӣ ба манфиати хеш ҷалб созанд.

 Муовини раиси вилоят Умедхоҷаи Зоир дар фарҷоми вохӯрӣ ҳамагонро ба корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ раҳнамун сохта, баҳри дар амал тадбиқ сохтани ҳадафҳои арзишманду   инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат раҳнамун сохт.

Вахшона,

«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +
Cette problГ©matique savГЁre alarmante chez les enfants. 2005). . prГ©cieux, son encouragement. ГЂ mon frГЁre, Jean-Marc, pour son Г©coute et pour son expertise en . calories totales des repas proposГ©s dans les restaurants sont constituГ©s de matiГЁres. 11000 les effets du diabГЁte sur le corps" A regarder. LobГ©sitГ©enfant. 20 des jeunes regardent quotidiennement la tГ©lГ©visionencouragerenfantsrepas et promouvoir.
5 июн 2018 01:04

Матолиби дигар:

А. Исмоилзода: «маърифат ва сатҳи дониши ҳуқуқии сокинонро баланд бардорем»

А. Исмоилзода: «маърифат ва сатҳи дониши ҳуқуқии сокинонро баланд бардорем»

Ҳуқуқу амният, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ