Дар як сатр
» » Ҷоизаи «Суруди сарбоз» кӣ ба даст меорад?

Ҷоизаи «Суруди сарбоз» кӣ ба даст меорад?

17-02-2015, 17:12

Ҷоизаи «Суруди сарбоз» кӣ ба даст меорад?

Имрӯзҳо дар миёни дастаҳои ҳаваскорони Қувваҳои мусаллаҳ, сарбозони гарнизонҳои Хатлон фестивал-озмуни «Суруди сарбоз» ҷараён дорад.

Озмуни мазкур бо ибтикори Вазорати мудофиаи кишвар чун ҳамасола бахшида ба рӯзи таъсиси Артиши миллӣ баргузор шуда, дар он афсарону сарбозон аз тамоми ҷузъу томҳо ва қисму воҳидҳои ҳарбии ин ниҳоди қудратӣ иштирок мекунанд.

Дар ҷараёни баргузории фестивали мазкур аён гардид, ки аксари сарбозон ба он омодагии ҳамаҷониба дида, байни ҳам бо барномаҳои рангини фароғатӣ ҳунарнамоӣ менамоянд. Беҳтарин хониши шеъру суруд, саҳначаҳои ҳаҷвию тарбиявӣ ва дигар ҳунару истеъдоди баланд дар иҷрои сарбозон мушоҳида мегардад.

Ҳадаф аз баргузории фестивал-озмуни «Суруди сарбоз» бедор намудани ҳисси ватандӯстии насли созандаи марзу бум, эҳтиром гузоштан ба маҳорати ҷавонони соҳибҳунар ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани онҳо унвон мешавад.

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Озмуни вилоятӣ, ки 5000 сомонӣ ҷоиза дорад, 4-уми май ҷамъбаст мешавад

Озмуни вилоятӣ, ки 5000 сомонӣ ҷоиза дорад, 4-уми май ҷамъбаст мешавад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Суруди сарбоз» - гулчини сурудҳои ватандӯстона

«Суруди сарбоз» - гулчини сурудҳои ватандӯстона

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҳифзи оромии Ватан барои мо қарз аст

Ҳифзи оромии Ватан барои мо қарз аст

Сиёсат
«Корвони китоб» барои сарбозони Хатлон

«Корвони китоб» барои сарбозони Хатлон

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА