Дар як сатр
» » Иштироки беш аз 2,5 ҳазор нафар дар марафони велосипедронӣ

Иштироки беш аз 2,5 ҳазор нафар дар марафони велосипедронӣ

19-05-2018, 13:01

19 майи соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, чун дар саросари ҷумҳурӣ, марафони саломатии велосипедронӣ баргузор гардид. Ин марафон тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, бо дарназардошти оммавӣ гардонидани намуди варзиши велосипедронӣ гузаронида шуд.

Дар маркази маъмурии вилоят – шаҳри Бохтар садҳо нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинони шаҳр ва навоҳии атроф дар марафони дучархаронӣ иштирок карда, масофаи аз назди истгоҳи нақлиётии назди маҷмааи «Ваҳдат» то майдони назди Парҷами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тай намуданд.

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар мусобиқаи мазкурро дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кард.

Тибқи иттилои Беҳрӯз Бобоев, сармутахассиси бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, дар ин рӯз мусобиқаҳои велосипедронӣ дар тамоми қаламрави вилоят ташкил гардида, дар умум 2543 нафар сокинони касбу кори гуногун, аз ин шумора 168 нафар бонувон, дар марафони велосипедронӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Дар маросими ҷамъбасти марафони дучархаронӣ, ки дар майдони назди Парчами давлатии шаҳри Бохтар барпо шуд, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода сухан гуфта, аз ҷумла таъкид намуд, ки ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи «Дави миллӣ» баргузор мегардад. «Имсол дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон як рӯз қабл аз «Дави миллӣ» марафони велосипедронӣ низ ташкил карда шуд. Бо такя ба ҳавасмандии зиёди сокинони мамлакат дар солҳои охир ба ин намуди варзиш тасмим гирифта шуд, ки силсиламарафонҳои ҷумҳуриявӣ ва миллиро барои ҷалби бештари сокинон, махсусан ҷавонписарону ҷавондухтарон, ба дучархасаворӣ гузаронида шавад. Ин иқдом бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ, дар саросари вилоят ва ҷумҳурӣ сурат мегирад. Ҳадаф аз баргузор намудани ин чорабиниҳо, пеш аз ҳама, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин мусоидат ба рушди намуди машҳури варзишӣ - велосипедронӣ мебошад”, - қайд кард М. Хидирзода.

Дар интиҳо ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли веломарафон диплому мукофотҳо тақдим гардид.

Иштироки фаъолонаи тамоми хоҳишмандон - велосипедронҳо дар чорабинии мазкур нишонаи таҳкими тарзи ҳаёти солим, шукргузорӣ аз иттиҳоду сарҷамъӣ ва иқболи миллат мебошад.

 

М. Носирҷон,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +
Здрасте!
Прямо сейчас поделюсь с вами информацией о как избавиться от ячменя на глазу в домашних условиях как убрать запах собаки в квартире. Именно поэтому на вопрос: "Можно ли мыть кота обычным шампунем для людей?. Мы же рассмотрим, как сделать бассейн из полипропилена своими руками, чтобы он получился не хуже заводского.
31 май 2018 20:25
Aucune grossesse na Г©tГ© menГ©e Г  son terme sur un utГ©rusactualite/2012/09/18/19072-premieres-greffes-duterus-mere-fille l'origine de l'Г©pidГ©mie В« e. coli В» qu'en est-il du soja? 16 nov. 2010 .obГ©sitГ©enfantsrepasPendantconsГ©quence du conflit et . pris seuls (et souvent devant la tГ©lГ©vision), pourrait Г©galement favoriser une . HIMES JH, Ed. Willey Sons Inc,
4 июн 2018 23:31

Матолиби дигар:

Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат

Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат

Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ширкати беш аз 172 ҳазор хатлонӣ дар дави миллӣ

Ширкати беш аз 172 ҳазор хатлонӣ дар дави миллӣ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Нахустин марафони дучархасаворон дар Хатлон

Нахустин марафони дучархасаворон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Бунёди 445 толор ва 535 майдончаи варзишӣ дар 5 сол

Бунёди 445 толор ва 535 майдончаи варзишӣ дар 5 сол

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳар рӯзи шанбе–«Рӯзи варзиш»

Ҳар рӯзи шанбе–«Рӯзи варзиш»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА