Дар як сатр
» » Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат

Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат

20-05-2018, 10:55

Иштироки беш аз 185 ҳазор нафар дар «дави миллӣ»

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони "Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат” рӯзи 20 май дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон «Дави миллӣ» баргузор гардид.

«Дави миллӣ» бо иштироки васеи сокинони вилоят, намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла, кормандони ташкилоту муассисаҳо, кӯдакону наврасон, ҷавонон, занон ва пиронсолон барпо гардид. Мақсади асосии баргузории «Дави миллӣ» ташвиқи тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ дар байни ҷавонону наврасон ва бо ин роҳ эътирози ҷавонони вилоят бар зидди омилҳои номатлуби иҷтимоӣ дар байни ҷавонон, аз ҷумла ҷинояткорӣ, шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва хариду фурӯши одамон мебошад. Дар ин чорабинии муҳими сиёсию варзишӣ ҳазорон шаҳрвандони вилояти Хатлон бо амри дил фаъолона ширкат варзида, ҳамраъйии худро бо тамоми сокинони сайёра, ки варзишро ҳамчун рамзи ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва қосиди сулҳ эътироф кардаанд, изҳор намуданд.

Дар назди иштирокчиёни чорабинии «Дави миллӣ», ки дар саҳни майдони Парчами давлатии шаҳри Бохтар ҷамъ омада буданд, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода суханронӣ кард. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки инсоният дар давраи мавҷудияташ ба бисёр дастовардҳои бузурги фарҳангӣ ва илмиву иҷтимоӣ муваффақ гардидааст, ки ҳамаи онҳо ба пешрафти зиндагӣ, саодати мардум ва сарҷамъии халқу миллатҳо равона гардидаанд. Яке аз ин дастовардҳои инсоният варзиш мебошад, ки аз қадимулайём то ба имрӯз ба хотири солиму тавоно нигоҳ доштани инсон хизмат мекунад.

- Рӯзи «Дави миллӣ» нуқтаи асосии варзиш барои аҳли ҷамъият ва саҳми он дар пайвасташавии иҷтимоии инсоният мебошад, - таъкид намуд Д. Гулмаҳмадзода. - Ҳама иқдому чорабиниҳое, ки аз ҷонибӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нисбати инкишоф ва густариши варзиш андешида мешавад, маҳз ба ҳамин хотир мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишро василаи хуби такомули шахсияти инсонҳо, солимии ҷомеа, тарбияи ирода ва ҷасорат донис-та, ба рушди соҳа ҳамасола диққати доимӣ медиҳад.

Раиси вилоят дар идома изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дастуру супоришҳои Президенти мамлакатро, ки дар мулоқотҳо бо варзишгарон ва ҷавонони кишвар дода буданд, самти асосии фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати беҳтар гардидани дастовардҳои варзишии вилоят чораҳои амалӣ меандешад. Ин аст, ки соҳаи варзиш дар вилоят сол то сол тараққӣ карда, оммаи васеи аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонону наврасон ба он мароқи зиёд зоҳир менамоянд.

Тавре ки зикр гардид, имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 33 мактаби варзишии кӯдакону наврасон, як мактаби маҳорати олии варзишӣ, 34 варзишгоҳи марказӣ, 32 ҳавзи шиноварӣ, 3 ҳазору 4 майдончаи варзишӣ, 515 толори варзишӣ амал мекунад, ки дар онҳо 584 нафар мураббиён аз рӯйи 34 намуди варзиш барои 15 ҳазору 305 нафар наврасону ҷавонон машғулият мегузаронанд.

Варзишгарони вилоят дар панҷ моҳи соли равон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар 6 мусобиқаи байналмилалӣ ва 25 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намудаанд. Дар натиҷа, онҳо 111 медали тилло, 128 медали нуқра, 204 медали биринҷӣ, дар маҷмӯъ 443 медал ба даст овардаанд, ки нисбат ба солҳои гузашта зиёд мебошад.

- Миллати мо ба варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд дошт, - идома дод раиси вилоят. - Ниёгони мо барои беҳдошти саломативу неруи ҷисмонӣ ва ҳамеша омода будан ба дифои марзу бум ва мардуми хеш усулҳои гуногуни варзиш, амсоли давидану ҷаҳидан, найзарониву шамшерзанӣ, гурзпартоиву камонварӣ, аспдавонию чавгонбозӣ, гӯштину шиноварӣ ва дигар навъҳои варзишро инкишоф медоданд.

Имрӯз сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи варзиш тақозо менамояд, ки мо низ ҳама паҳлуҳои мухталифи онро таҳлил ва баррасӣ намуда, дар асоси таҷрибаи пешқадами давлатҳои мутараққӣ роҳҳои нав ба нави пешрафту инкишофи корҳоро ҷӯё шавем. Ҷавононро ба хотири тавоноии маънавию ҷисмонӣ аз овони хурдсолӣ барои иҷрои машқҳои гуногуни варзишӣ омода созем, ки чунин анъанаи неки ниёгон то замони мо боқӣ мондаанд ва мо ба насли оянда расонида тавонем. Тарғибу ташвиқи варзиш ва иҷрои мураттаби машқҳои ҷисмониро дар давраҳои минбаъда машғулияти асосии мардум, бахусус ҷавонон гардонем.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар интиҳои суханаш таъкид намуд, ки, хушбахтона, мо истиқлолият дорем ва он имкон дод, ки мо тавонем ҳамаи масъалаҳои марбут ба давлату давлатдорӣ ва ояндаи халқамонро аз нигоҳи манфиатҳои кишвари соҳибистиқлоламон арзёбӣ намоем ва варзишро ба ниёзи доимии иҷтимоӣ дар ҷомеа табдил диҳем.

Беҳрӯз Бобоев, сармутахассиси бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ба рӯзномаи "Хатлон” иттилоъ дод, ки дар маркази маъмурии вилоят - шаҳри Бохтар рӯзи 20 майи соли равон дар "Дави миллӣ” беш аз 11 ҳазору 800 нафар иштирок намуданд.

- Дар умум, дар 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 185 ҳазору 757 нафар сокинон дар "Дави миллӣ” иштирок кардаанд, - илова кард Б. Бобоев. - Бояд гуфт, ки соли гузашта дар маросими "Дави миллӣ” зиёда аз 172 ҳазор нафар сокинони синну соли гуногуни шаҳру навоҳии вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарзандони худ 20 майи соли 2006 дар «Дави миллӣ» иштирок намуданд ва пас аз он аз соли 2007 инҷониб Дави миллӣ ҳамасола дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

Н. Маъмурзода,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Иштироки беш аз 2,5 ҳазор нафар дар марафони велосипедронӣ

Иштироки беш аз 2,5 ҳазор нафар дар марафони велосипедронӣ

Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
1094 медали варзишгарони вилоят дар шаш моҳ

1094 медали варзишгарони вилоят дар шаш моҳ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Туризм, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Ширкати беш аз 172 ҳазор хатлонӣ дар дави миллӣ

Ширкати беш аз 172 ҳазор хатлонӣ дар дави миллӣ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ҳар рӯзи шанбе–«Рӯзи варзиш»

Ҳар рӯзи шанбе–«Рӯзи варзиш»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш