Дар як сатр
» » НИЗОМИДДИН ИСОЕВ

НИЗОМИДДИН ИСОЕВ

31-12-2014, 22:14

НИЗОМИДДИН ИСОЕВ15-уми декабри соли 1993 дар деҳаи Оқгазаи шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар оилаи коргар чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Соли 2011 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и деҳаро хатм намуда, худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи ДДҚ ба номи Носири Хусрав месупорад. Соли 2015 донишгоҳро бо ихтисоси журналист ва соли 2017 магистратураи ҳамин донишгоҳро бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст.

Аз моҳи январи соли 2011 бо рӯзномаи вилояти «Хатлон» ҳамкорияшро оғоз намуда, аз соли 2013 то соли 2015 дар рӯзнома ба ҳайси хабарнигор фаъолият кард. Ҳоло мудири шуъбаи иқтисод ва кишоварзии ҳамин рӯзнома аст.

Ҳаммуаллифи маҷмӯаи "Навниҳолони боғи сухан" (Қӯрғонтеппа, 2015) мебошад.

Моҳи марти соли 2013 ба узвияти Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Бо нишони "Аълочии матбуоти Тоҷикистон" (2018) мукофотонида шудааст.


БОЙГОНИИ МАТЛАБҲОИ НИЗОМИДДИН ИСОЕВ

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳайати кории нашрияи

Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"

---
КОМРОН РАСУЛОВ (Комрони Бахтиёр)

КОМРОН РАСУЛОВ (Комрони Бахтиёр)

Ҳайати эҷодӣ
АСАЛМО САФАРОВА (Вахшона)

АСАЛМО САФАРОВА (Вахшона)

Ҳайати эҷодӣ
ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА (Ҳангомаи Исмат)

ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА (Ҳангомаи Исмат)

Ҳайати эҷодӣ
НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

Ҳайати эҷодӣ