Дар як сатр
» » Ҷ. Румӣ. Таҷлили 700-солагии Ҳамадонӣ

Ҷ. Румӣ. Таҷлили 700-солагии Ҳамадонӣ

16-02-2015, 10:34

Ҷ. Румӣ. Таҷлили 700-солагии ҲамадонӣДар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бахшида ба 700-солагии мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Майрамбӣ Ғафурзода, муовини раиси ноҳия, зимни маърӯзаи худ доир ба зиндагӣ ва осори Ҳамадонӣ ба аҳамияти арзишманди осори ӯ ва зарурати таҳқиқи бештару амиқтари андешаҳо ва ашъораш таъкид кард.

Аҳли фарҳанги ноҳия ва муҳассилони муассисаҳои таълимӣ аз осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шеърҳо хонда, суруду саҳнаҳо иҷро карданд.

Ба иштирокдорони ин ҳамоиш ва аъзои фаъоли китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ифтихорномаю туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Пирони кӯҳистони Хатлон» рӯйи чоп омад

«Пирони кӯҳистони Хатлон» рӯйи чоп омад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
Ситоди кории раиси вилоят дар Кӯлоб

Ситоди кории раиси вилоят дар Кӯлоб

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Раиси вилоят ва доираҳои соҳибкории Хатлонро ба Ҳамадон даъват карданд

Раиси вилоят ва доираҳои соҳибкории Хатлонро ба Ҳамадон даъват карданд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҷ. Румӣ. Пешрафти маориф ва мушкилоти тандурустӣ

Ҷ. Румӣ. Пешрафти маориф ва мушкилоти тандурустӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таҳия ва тасдиқи рамзи ҷашнвораи Ҳамадонӣ

Таҳия ва тасдиқи рамзи ҷашнвораи Ҳамадонӣ

Хабарҳо