Дар як сатр
» » Қаҳрамони 7-каратаи Тоҷикистон мураббии "Равшан" таъин шуд

Қаҳрамони 7-каратаи Тоҷикистон мураббии "Равшан" таъин шуд

16-02-2015, 09:13

Қаҳрамони 7-каратаи Тоҷикистон мураббии "Равшан" таъин шуд
Мутахассиси шинохта Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, ки таҳти раҳбарии ӯ дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ҳафт бор қаҳрамони Тоҷикистон ва се бор барандаи Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё гардидааст, сармураббии дастаи «Равшан»-и Кӯлоб таъин шудааст.

М. Ҳабибуллоеви 49-сола моҳи августи соли 2014 сармураббии дастаи «Далерон-Ӯротеппа»-и шаҳри Истаравшан таъин шуда, дар охири мавсим бо ин даста медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистонро ба даст овард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, ки рӯзи 14-уми феврал сармураббии "Равшан" таъин шудааст, ҳамроҳи ёваронаш Маъруф Рустамов ва Ғайраталӣ Мираҳмадов аллакай дирӯз, 15 феврал, ба кор шурӯъ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ахиран президенти нави клуби “Равшан”-и Кӯлоб Музаффар Исҳоқов, раиси собиқи ширкати “Тоҷик-Эйр” интихоб гардид.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Равшан»-и Кӯлоб барандаи медалҳои биринҷӣ гардид

«Равшан»-и Кӯлоб барандаи медалҳои биринҷӣ гардид

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Талоши «Равшан» барои ҷойи 3-юм

Талоши «Равшан» барои ҷойи 3-юм

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Равшан» - 6-ум, «Вахш» - 8-ум

«Равшан» - 6-ум, «Вахш» - 8-ум

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш

"Равшан"-и Кӯлоб сарпараст ёфт, "Вахш"-и Қӯрғонтеппа чӣ?

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА