Дар як сатр
» » Дастури "Барқи тоҷик" барои 12 соат додани барқ

Дастури "Барқи тоҷик" барои 12 соат додани барқ

14-02-2015, 11:12

Дастури "Барқи тоҷик" барои 12 соат додани барқ
Сар аз имрӯз, 14 феврал, лимити интиқоли барқ ба манозили сокинони навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппа коҳиш ёфта, онҳо дар як шабонарӯз то 12 соат барқ хоҳанд дошт.

Раҷаб Бояков, сармуҳандиси Шабакаҳои барқи ҷанубӣ, дар як тамоси телефонӣ бо рӯзномаи «Хатлон» гуфт, ки дар ин бора аз ширкати «Барқи тоҷик» дастур шудааст.

- Ба мо телефонограмма омад, ки ба сабаби мусоид омадани ҳаво дар кишвар аз ҳамин рӯз интиқоли нерӯи барқ то 11-12 соат афзоиш дода шавад, - зикр кард Р. Бояков. – Бинобар ин, чунин тасмим шуд, ки минбаъд ҳар субҳ аз соати 4 то 10 ва шом аз соати 17 то 22 барқ интиқол дода шавад.

Аммо ин масъули Шабакаҳои барқи ҷанубӣ афзуд, ки дар сурати якбора сард омадани ҳаво ва поин рафтани захираи об дар обанбори нерӯгоҳи Норак имкон дорад лимити барқ шадидтар шавад.

- Ҳоло сатҳи об дар обанбори Норак назар ба соли гузашта 4,5 метр бештар аст, ҳаҷми оби ҷоришаванда ҳам дар қиёс бо соли пешин фузунтар мебошад, - гуфт Р. Бояков. – Аммо аз рӯзи чоршанбеи меомада (18 феврал), ҳаво то як дараҷа сард шуда, имкон дорад, ки захираи оби обанбор коҳиш ёбад.

Дар Шабакаҳои барқи ҷанубӣ гуфтанд, ки лағви маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба гармшавии ҳарорати ҳаво вобаста аст. Маъмулан, ҳар сол дар нимаҳои тирамоҳ дар интиқоли барқ ба навоҳии кишвар маҳдудият ҷорӣ шуда, моҳҳои март-апрел бо афзоиш ёфтани ҳаҷми ҷоришавии об дар обанбори Норак ин маҳдудият лағв мегардад.

М. НОСИРҶОН


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Лимити барқ муваққатист

Лимити барқ муваққатист

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қӯрғонтеппа. Қарзи аҳолӣ аз барқ ба 17 миллион сомонӣ расид

Қӯрғонтеппа. Қарзи аҳолӣ аз барқ ба 17 миллион сомонӣ расид

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Лимит лағв мешавад

Лимит лағв мешавад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дастури Президент барои 13 соат бо барқ таъмин намудани аҳолӣ

Дастури Президент барои 13 соат бо барқ таъмин намудани аҳолӣ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Пешниҳоди даъво алайҳи 189 корхона

Пешниҳоди даъво алайҳи 189 корхона

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА